ҲУҚУҚИ ИНСОН, РУШДИ МУТТАСИЛ ВА ПЕШОМАДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ

Дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шакли робитаи конфронси видеоӣ анҷумани байналхалқии парлумонӣ дар мавзӯи «Нақши парлумонҳо дар татбиқ сохтани тавсияҳои оинномавӣ ва шартномавии мақомоти СММ: дар мисоли Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои инсон» баргузор шуд.

Дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шакли робитаи конфронси видеоӣ анҷумани байналхалқии парлумонӣ дар мавзӯи «Нақши парлумонҳо дар татбиқ сохтани тавсияҳои оинномавӣ ва шартномавии мақомоти СММ: дар мисоли Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои инсон» баргузор шуд. 
Чунин чорабинии муҳим дар таърихи парлумони Ӯзбекистон бори аввал созмон дода шуд. 
Анҷуман бо ташаббуси Палатаи қонунгузорӣ, Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва созмони бонуфузи байналхалқии депутатҳои ҷаҳон – Иттифоқи байнипарлумонӣ, ҳамчунин Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, намояндагии СММ дар мамлакати мо ва Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқҳои инсон ба вуқӯъ омад. 
Ташкилотчии мулоқоте, ки дар ҷараёни он нақши парлумони Ӯзбекистон дар иҷрои ӯҳдадориҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд, муовини аввали Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Иттифоқи байнипарлумонӣ Акмал Саидов гардид.
Дар анҷумани парлумони байналхалқӣ Котиби генералии Иттифоқи байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг, намояндаи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон Ҷонни Магазенни, роҳбарони палатаҳои парлумони Ӯзбекистон,  намояндагони Созмони ҳамкории исломӣ, Бюрои САҲА оид ба идораҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон, дигар созмонҳои байналхалқӣ, коршиносони хориҷӣ, депутатҳо, аъзои Сенат иштирок карданд.
Тавре ки таъкид шуд, парлумонҳои миллӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ, таъмин сохтани фаровонҳолӣ, таҳкими афзалиятнокии қонун оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналхалқӣ нақши муҳим мебозанд. 
Дар чорабинӣ, ки барои мулоқоти амалии аъзои парлумон соҳати онлайн гардид, маърӯзаҳои шахсони масъули Иттифоқи байнипарлумонӣ, Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва роҳбарони палатаҳои парлумони Ӯзбекистон шунида шуданд. 
– Таҳкими ҳамкории Ӯзбекистон бо СММ ва Иттифоқи байнипарлумонӣ сазовори эътибори махсус мебошад, – мегӯяд Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева. – Бояд тағйирот дар даврони кунунӣ бинобар нақши ҳокимияти судӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва парлумон дар ҳаёти кишвар қайд карда шавад. Парлумони Ӯзбекистон баробари корҳои қонунгузорӣ вазифаи мониторинги ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаётан муҳимро пурзӯр кард. Аз ҷумла, Комиссияи оид ба масъалаҳои таъмин сохтани баробарии гендерӣ, Комиссияи миллӣ оид ба аксуламал нисбати савдои одам ва меҳнати иҷборӣ ташкил карда шуданд, дар палатаи болоии парлумон Кумитаи оид ба масъалаҳои занон ва бародарии гендерӣ созмон дода шуд. 
Шунидани ҳисоботи намояндаи Олий Маҷлис оид ба ҳуқуқҳои инсон, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, корҳои хориҷӣ мунтазам ба роҳ монда шуданд. Ба таъмин сохтани раванди «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунад» эътибор дода мешавад. 
Бинобар ҳамин ҳам мо ба масъалаи ба роҳ мондани мулоқот бо халқ ва таҳкими робитаҳо бо ҷомеаҳо эътибори махсус медиҳем. Мақсади асосии мо ин таъмин сохтани ҳуқуқҳои инсон ба шумор меравад,  гуфт раиси Сенати Олий Маҷлис. 
Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуриддинҷон Исмоилов, ки дар чорабинӣ ба сухан баромад, бинобар дар мамлакат такмил додани пойгоҳи ҳуқуқиву қонунгузорӣ, ташаккул додани суннатҳои миллии парлумонӣ ва дар ин самт истифода бурдани таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ ҳарф зад. Ҳамаи ин ба таҳкими асоси ҳуқуқии давлат, баланд бардоштани сифати эҷоди қонун, пурзӯр намудани назорати парлумонӣ, беҳтар кардани ҳаёти шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард. 
Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис масъалаи таъмин сохтани масъалаи ҳуқуқҳои инсонро фаъолона баррасӣ менамояд. Ин кор аз тариқи коркарди «харитаи амалиёт» оид ба иҷро кардан ва ҷорӣ намудани уҳдадориҳои байналхалқӣ дар қонунгузории миллӣ, мониторинги самарабахшии қонунҳои қабулшуда, иҷрои оинномаи СММ ва тавсияҳои мақомоти шартномавӣ ва бинобар самтҳои дигар татбиқ мешавад. 
– Парлумони Ӯзбекистон ба сифати узви баробарҳуқуқи ҷомеаи байналхалқии парлумонӣ дар анҷуманҳои Иттифоқи байнипарлумонӣ ва чорабиниҳои дигари байналхалқӣ фаъолона иштирок мекунад, – мегӯяд муовини аввали Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Акмал Саидов. – Ӯзбекистон ташаббусҳои Иттифоқи байнипарлумонӣ ва Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсонро бинобар қабул намудани «Равандҳои парлумон ва ҳуқуқҳои инсон», ба Баённомаи оид ба 75-умин солгарди СММ ворид сохтани қоидаҳо дар бораи нақши парлумонҳои миллӣ ва Иттифоқи байнипарлумонӣ дар муносибатҳои кунунии байналхалқӣ дастгирӣ менамояд. 
Дар конфронси видеоӣ ҳамчунин дар бораи нақш ва механизмҳои парлумони Ӯзбекистон бинобар таъмин сохтани ҳуқуқҳои инсон, пешомади корҳо бинобар иҷрои тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон дар самти мазкур низ сухан гуфтанд. 
Дар анҷоми мулоқот иштирокдорон таъкид карданд, ки анҷумани парлумонӣ ба пешбурди мулоқоти амалии аъзои парлумон, рушди минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ бинобар пешрафт ва ҳамкории муттасил мусоидат хоҳад кард.
Анҷуман ба рӯзи байналхалқии парлумон – 30 июн бахшида шуд. 
Барои маълумот: беҳуда 30 июн Рӯзи байналхалқии  парлумон эълон нашудааст. Зеро 131 сол муқаддам маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1889 дар Париж аввалин конфронси байналхалқии Иттифоқи байнипарлумонӣ – мақомоти асосии байналхалқии парлумонии кишварҳои ҷаҳон баргузор шуда буд. 
Алҳол 179 мамлакат аъзои Иттифоқи байнипарлумонӣ ба шумор мераванд. Дар ҳар кадоми онҳо мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ амал мекунад. Дар 79 кишвар аз 193 давлати – узви СММ низоми дупалатагӣ, дар 114 давлат парлумони якпалатагӣ амал мекунанд. Ҳайати 272 палатаи парлумонҳои тамоми ҷаҳон тақрибан 46 ҳазор аъзо дорад. 
Ба сифати эътирофи ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, бори аввал дар таърих намояндаи кишвари мо дар солҳои 2020-2023 ба сафи аъзои Кумитаи иҷроияи Иттифоқи байнипарлумонӣ қабул гардид. Яъне дар ибтидои соли 2020-ум дар доираи ташаккул додани ҳайати нави мақомоти идоравии Иттифоқи байнипарлумонӣ муовини аввали Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Саидов муовини Кумитаи иҷроияи Иттифоқи байнипарлумонӣ, ҳамчунин узви кумитаи хурди молиявии сохтори мазкур таъин гардид. 
Иштироки намояндаи парлумони Ӯзбекистон дар кори анҷумани бонуфузи мақомоти ҷаҳонии қонунгузорӣ ба беш аз пеш самарабахш татбиқ гардидани вазифаҳое, ки дар Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис аз 24 январи соли 2020-ум зикр шудаанд, мусоидат мекунад. Баробари ин вай барои иштироки мамлакати мо бинобар мушаххас намудани рӯзномаи ҳамкории байналхалқии байнипарлумонӣ имконият фароҳам меоварад.

ӮзА.    
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: