Дар мамлакатамон солҳои охир бо ташаббуси роҳбари давлат доир ба такмил додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани самаранокии он чорабиниҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мегарданд.
Ба хусус, сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон куллан ислоҳ гардид.
Дар шароити пурталотуми имрӯза таъмини бехатарии давлат ва тартиби ҷомеа эътибори зиёд талаб мекунад. Гузашта аз ин, зарурати ҳифзи муҳити зист, истифодаи самарабахши захираҳои табиӣ ҳамчун мушкилоти рӯз-марра ва васеъмиқёс боқӣ мемонад.
Мувофиқи қонунгузории дарамал аз сабаби он ки ваколатҳои тартиб додани баённомаҳо дар бораи ҳуқуқ-вайронкуниҳои маъмурӣ ба роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии ҳудудӣ, инспекторҳои профилактика ва ходимони бехатарии роҳ дода шудааст, барои ходимони хидмату патрулу пост аз рӯйи ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки худашон муайян кардаанд, амалиёти бо тартиби иҷборӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ ё бунгоҳи такягоҳӣ оварда, бо роҳи огоҳӣ ба шахси мансабдори ваколатнок супурдани шахси ҳуқуқвайронкунанда ҷорӣ карда шудааст.
Ҳоло ба мақомоти Гвардияи миллӣ ваколати расмикунонии баённомаҳои маъмурӣ доир ба ҳуқуқвайронкуниҳое, ки дар 6 моддаи Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ дар назар дошта шудааст ва ба суди дахлдор фиристодани он дода шудааст.
Аз сабаби ба мақомоти Гвардияи миллӣ дода нашудани ҳуқуқи тартиб додани баённома оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ҳуҷ-ҷатҳое, ки доир ба ҳолатҳои муайянгардида ҷамъоварӣ шудаанд, барои ҳаллу фасл ба мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ фиристода мешавад.
Ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва самарабахш истифода бурдан аз захираҳои табиӣ, умуман то ба дараҷае ба гирду атроф зарар мерасонад, ки ҷойи онро сарпур ва чен карда намешавад ва ба натиҷае оварда мерасонад, ки бартарафсозии он душвор мегардад. Зарурати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳа хеле муҳим буда, он ба афзоиши фишоре, ки хусусияти техногенӣ дорад, алоқаманд аст.
Афзудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва самарабахш истифода бурдан аз захираҳои табиӣ дар навбати худ профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳои соҳаи мазкур ва ба дараҷаи баланд бардоштани сохтори зидди онро тақозо менамояд.
Лоиҳаи қонун «Дар бораи дохил намудани тағйирот ва изофаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмил додани қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи экология ва тартиботи ҷомеа», ки ба ҳамин мақсад таҳия шудааст, дар хониши сеюми маҷлиси палатаи поёнии парламент қабул карда шуд.
Ҷиҳати эътиборнокии меъёрҳои лоиҳаи қонун дар он аст, ки он ба пурсамар ба амал татбиқ намудани фаъолияти профилактикаи ҳуқуқ-вайронкуниҳои соҳаи самарабахш истифода бурдан аз захираҳои табиӣ ва сари вақт бартараф намудани ҳу-қуқвайронкуниҳо нигаронида шудааст.
Бо як сухан ифода намоем, ҳуҷҷати мазкур бо қонун ба тартиб овардани муносабатҳои соҳа, беҳбудии ҳолати санитариву экологии ҷойҳои зисти аҳолӣ, ҳифзи саломатии мардум ва ташаккул додани муҳити хуб барои зиндагонии онҳо хидмат мекунад.
Таваккал ЧОРИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.