Дар мо куҳансолонро ҳурмат мекунанд.
Дар мо куҳансолонро ҳурмат мекунанд. Ҳар як амали нек, корҳои ободонию бунёдкорӣ, тӯю маърака бо дуою маслиҳати онҳо мегузарад.
Ин аст, ки дар мамлакатамон дастгирии пирон, аз таҷрибаи бойи онҳо самаранок истифода бурдан ба яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Эҳтироми ҷавонон ҳаёти куҳансолонро сермазмун мегардонад.
Дар Муроҷиатномаи роҳбари давлат ба парлумон ба ин ҷиҳат эътибори алоҳида дода шудааст. Суҳбати мо бо ҷонишини роҳбари идораи дастгирии маҳалла ва оилаи вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлис Икромхон Наҷмиддинов дар ҳамин хусус аст.
– Ҳамин ҷиҳатҳои Муроҷиатномаро хонда дар дилам ҳисси ифтихор пайдо шуд, – гуфт узви Сенат. – Зеро дар он оид ба ривоҷ додани ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсии мамлакат, розӣ кардани халқ, амиқсозии ислоҳоти иқтисодӣ, дастгирии ҷавонон ва ба ҷо овардани ҳурмати куҳансолон таклифҳо пешниҳод шудаанд.
Хусусан, ин суханони Президентро, ки гуфт: «Боз як масъалаи муҳим дастгирии ҳамаҷонибаи куҳансолон мебошад. Ин ҳам қарз ва ҳам фарз аст.
Барои ба таври ҳамешагӣ мадад расондан ба куҳансолон имкониятҳои молиявии Фонди ҷумҳурии «Нуронӣ» зиёд карда шуд. Ба ин мақсад соли оянда ба фонд 100 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Ҳаҷми маблағе зиёд карда мешавад, ки барои кӯмаки моддӣ ва ташкили фароғати хуби беш аз 16 ҳазор нафар собиқадоре, ки барои нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷманданд, нигаронда шудааст. Номгӯйи хидмати иҷтимоӣ ба онҳо васеъ карда мешавад.
Ғайр аз ин, дар санаторияҳои Бухоро, Қаршӣ ва Урганҷ, инчунин, муассисаҳои табобативу профилактикии мавҷуда беш аз 25 ҳазор нафар собиқадор саломатии худро барқарор карда метавонанд.
Муҳтавои барномаҳои телевизионии «Панди падарон»-ро ғанӣ кардан ва ташкил намудани барномаҳои нави «Маслиҳати нурониён», «Ҷамъомади маҳалла» дар шабакаҳои телевизиони марказӣ бахшида ба куҳансолон мувофиқи мақсад мебуд», бо ҳаяҷон шунидам. Зеро ин суханон муддаои дили мо – собиқадорон аст.
Дуруст аст, ки дар ин самт як қатор корҳо амалӣ мешуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон куҳансолон ҳамеша дар мадди назаранд. Хусусан, ба куҳансолони танҳо, ба ёрӣ муҳтоҷ ва маъюб кӯмаки моддию маънавӣ расонда мешавад. Аз ҷумла, бо ташаббуси «Шӯрои ҷамоатии нурониён» бо кӯмаки ҳокимияти вилоят, шаҳру ноҳия ва ҳомиён дар арафаи соли нав, ба муносибати «Моҳи меҳру мурувват» аз ҳоли 29,3 ҳазор нафар куҳансолу маъюбон хабар гирифта шуд. Аз ҳисоби фонд ба 400 нафар куҳансоли бепарастор ва маъюб 50 миллион сӯмина унитази сайёр ва маҳсулоти хӯрокворӣ тақсим карда шуд. Дар баробари аз ҳоли 27 нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон ва 1440 нафар собиқадори меҳнати ақибгоҳ хабар гирифтан, ба онҳо туҳфаҳои идона супурда шуданд.
Саёҳати беш аз 12,6 ҳазор нафар собиқадор ба шаҳрҳои қадимии Самарқанд, Бухоро, Хоразм, ки бисёр ёдгориҳои таърихӣ доранд ва зиёратгоҳу қадамҷоҳои Намангон ташкил карда шуд. Бисёре аз собиқадорони меҳнат ва нурониён дар сиҳатгоҳҳои «Косонсой», «Чортоқ» ва «Шаҳанд»-и вилоятамон саломатии худро барқарор карданд.
– Дар ин маврид ба ҳамаи ҳамватанони куҳансол эътибор дода мешавад ё фақат он собиқадороне, ки дар корхонаю ташкилотҳо кор мекунанд, аз ин имкониятҳо истифода мебаранд?
– Бояд ошкоро гӯем, ки ба ҳамаи 300 ҳазор нафар собиқадорони ҷангу меҳнате, ки дар вилоятамон гашти пирӣ меронанд, эътибор додан кори осон нест. Вале кору фаъолияти «Шӯрои ҷамоатии нурониён» ва гурӯҳҳои «Маслиҳати куҳансолон», ки ёрдамашонро аз мо дареғ намедоранд, самараи худро дода истодааст.
Ин имкон медиҳад, ки соли 2021 фонд аз ҳоли пирон ва маъюбон бештар хабар гирад. Ҳамаи масъалаҳои зиндагӣ – кӯмаки моддӣ, муолиҷа, ҳаллу фасли мушкилот, додани роҳхат ба сиҳҳатгоҳҳо, ҳатто таркиби ба саёҳат равандагон, дар асоси тавсияи онҳо ба амал бароварда мешавад.
– Номгузорӣ шудани соли равон ҳамватанони хурду калонро хурсанд кард...
– Президент дар Муроҷиати худ пешниҳод кард, ки соли 2021 «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» номида шавад.
Ин дар қатори ҳамаи падару модароне, ки камоли фарзандони худро мехоҳанд, куҳансолони нурониро низ бениҳоят хурсанд кард. Зеро ҳамаи бобою момоён мехоҳанд, ки фарзандону наберагонашон шароити мусоиди кору меҳнат дошта бошанд, солим ба воя расанд. Ба ин маънӣ, дар соли нав мо – нурониён, дар баробари дастгирӣ кардани куҳансолон, саъю кӯшиш мекунем, ки ҳамаи таҷрибаю дониши худро ба амалӣ гардидани ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ сарф намоем. Бешубҳа, ба рӯйи халқе, ки ҳурмати куҳансолонро ба ҷо меорад, дари бахту саодат боз аст.
– Барои суҳбати сермазмунатон ташаккур.
– Саломат бошед.
Суҳбаторо Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.