ҲУШЁРИВУ ХУДОГОҲӢ – ТАҚОЗОИ ДАВР

Ҳаракатҳои террористӣ аз амалҳои хавфноктаринест, ки имрӯз сайёраро ноором мекунад ва аҳли ҷаҳон алайҳи он муборизаи беамон мебарад.

 Ҳатто пурқувваттарин кишварҳои дунё ҳам баъзан аз хавфу хатар, оқибат ва фоҷеаҳои зиёновари он эмин буда наметавонад. Зеро вай ҳамеша хуфиёна, ногаҳонӣ сар мезанад. Пас аз он, ки Ӯзбекистон истиқлоли хешро эълом дошт, ҳукумат аз қадамҳои аввал барои амнияти кишвар, бехатарӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои он чораву тадорук андешида, бар зидди терроризм муборизаи беамон бурд ва чандин бор диққату таваҷҷуҳи оламиёнро ба ин масъалаи доғи рӯз ҷалб сохт. Даъват ба худогоҳӣ, ҳушёрӣ шиори рӯзмарраи ҷамъият гардид. Аз ин хотир дар ин самт корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ мунтазам амалӣ мешаванд. Самараи ин корҳост, ки имрӯз дар кишвар  оромиву осудагӣ комилан барқарор аст.


Ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё аз минтақаҳои сарҳадӣ маҳсуб мешавад. Албатта, дар ин гуна ҳудуд бештар ва пурзӯртар корҳои ташвиқотӣ бурдан ба мақсад мувофиқ аст. Дар ноҳия 51 маҳалла мавҷуд буда, айни замон дар онҳо бобати мубориза алайҳи терроризм корҳои ташвиқотӣ мунтазам ва босамар бурда мешаванд. Аз ҷумла, бо аъзои оилаҳое, ки зери назорат қарор доранд ва  нисбати маҳкумоне, ки муддати ҷазоро дар муассисаҳои маҳкамавӣ ва тартиботӣ адо менамоянд, ба таври доимӣ вохӯриву суҳбатҳо гузаронида, корҳои профилактикӣ амалӣ мешаванд. Бо ҳамкории ҳокимият, ҳафтгонаи маҳалла, шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҷойҳо вохӯриву суҳбатҳо ташкил намуда, бо аъзои оилаҳои мазбур дар бораи сиёсати оқилонаи ҳукумат оид ба ҷавонон, шарту шароит ва имконоти барои ҷавонон муҳайёгардида корҳои фаҳмондадиҳӣ татбиқ мегарданд. Дар ин раванд барои ба ҷамъият, ҳаёти осоишта мусоидат кардани оилаҳои муҳтоҷи реабилитатсия ва мавқеи муносиб ёфтани онҳо дар ҷамъият  корҳои назаррас амалӣ шуданд. Бо ҳамкории ҳокимияти ноҳия ва ҳафтгонаи маҳалла бо оилаҳои мазкур мулоқот гузаронида, шавқу завқи онҳо, бо дарназардошти касбу ҳунар мошинаҳои дӯзандагӣ ва дигар васоити техникӣ дода шуданд, ки ин бешубҳа, барои ба ҳаёти фаъол баргаштани онҳо хидмат хоҳад кард. 
Айни замон дар ноҳия дар самти терроризм 5 нафар шаҳрванд зери назорат қарор доранд. Инчунин, 4 шаҳрванд дар муассисаҳои маҳкамавӣ муддати ҷазоро паси сар менамоянд. Боз 6 шаҳрванди раҳгумзада дар ҷустуҷӯ буда, бо аъзои оилаи онҳо мунтазам суҳбат ва корҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аксар ҷавонони зудбовару аз донишҳои сиёсиву мафкуравӣ бехабар ба гирдоби чунин ҷараёнҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла терроризм, диниву эктремистӣ, ақидапарастӣ гирифтор мешаванд. Моро лозим аст, ки мунтазам корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бурда, онҳоро аз ин роҳҳои номатлуб баргардонему ба ҳушёрӣ ва худогоҳӣ даъват созем, дар қалбашон ҳисси ватанпарвариро мустаҳкам ҷойгир созем.

Фазлиддин АМИНҚУЛОВ, намояндаи гурӯҳи мубориза алайҳи терроризм ва хадамоти ҷустуҷӯйи оҷили шуъбаи корҳои дохилии  ноҳияи Узун.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: