ҲУСНИ ХАТ

То ба шуъбаи омодасозии омӯзишгоҳ дохил шудан, дар ҳар хел мактаб аз муаллимони гуногун таҳсил гирифта, дарк кардам, ки ҳусни хатам зебо набудааст.

Дар дарси аввал бо номи Муҳаммадҷон Холиқӣ муаллими шамшодқаде даромада, ба мо салом гуфту хомӯш назди тахта омада ду қатор шеър навишт.
Ҳусни хати омӯзгор чунон зебо буд, ки аҳли синф якбора садо баланд кард: «ӯҳӯ!»
Муаллим ба мо рӯ овард:
– Чӣ гап?
– Ҳусни хати шумо хеле зебо будааст!
– Аз ин мебарояд, ки ҳусни хати шумоён бад будааст. Агар инро фаҳмида бошед, минбаъд мисли ман хушхат мешавед.
Одатан бачагон то фаҳмидани феълу атвори муаллим аз ӯ истиҳола мекунанд, бегона ҳисобида, ҳатто, метарсанд. Мо бошем, бо ин муаллим зуд унс гирифтем: ба назари мо чунин мерасид, ки муаллими хушнавис бояд хушфеълу меҳрубон бошад. Ба муаллими нав меҳр пайдо кардем. Воқеан, мӯйи мошу биринҷ, ҳангоми табассум дар атрофи чашмонаш пайдо шудани ожанг, ба худаш мезебид.
Бо гузашти айём мисли устод хушнавис шуда, аз дарси ӯ ҳамеша баҳои аъло мегирифтам. Дертар  пайхас кардам, ки аз дигар фанҳо низ ба ҳусни хат эътибор надиҳам, баҳои паст мегирам. Ман аввалҳо гумон мекардам, ки ба сабаби маъқул набудан сабақи баъзе фанҳоро бо хати бад менависам. На, пайваста рӯнавис кардан ба беҳтар аз худ кардани мавзӯи дарс ёрӣ мерасондааст.
Минбаъд ҳаракат мекардам, ки зебо нависам, дарсҳоеро, ки саросема навишта будам, бо ҳусни хати  хуб тозанавис мекардам ва оҳиста-оҳиста ба ин кор одат кардам: муҳимаш, аз ҳама фанҳо аълохон шудам. Як сол нагузашта соҳиби ҳусни хати зебо гардидам. Дар соли дуюм маро «мудир ва муҳаррир»-и газетаи деворӣ интихоб намуданд.
Натанҳо дар синфи мо, балки дар тамоми мактаб бад навиштан кори айб маҳсуб ёфт. Кадоме ба ҳусни хати бад «лойхӯрак» ном гузоштааст. Ҳамин, ки ҳусни хати бадро бинем, «як саҳифа лойхӯрак», «як дафтар лойхӯрак» гӯён механдидем. Ин гапро муаллимамон шунида чунон бозавқ хандид, ки ҳатто аз чашмонаш об баромад.
То ҳол ҳар гоҳ ба даст қалам гирам, чунин ба назар мерасад, ки гӯё устод Муҳаммадҷон Холиқӣ болои сарам истода «лойхӯрак» мегӯянд.

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: