ҲУСНИ ҶАШН ГАРДИД

Маркази нави маданият, ки дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст кушода шуд, ҳусни ҷашни Наврӯз гардид.

Маркази нави маданият, ки дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст кушода шуд, ҳусни ҷашни Наврӯз гардид. Аҳли деҳа Наврӯзи имсоларо бо ду хурсандӣ истиқбол гирифтанд. Маркази маданият, ки ба тарз ва услуби замонавӣ сохта шудааст, дар рӯзи ҷашн барои баҳрабардорӣ супурда шуд. Дар чорабиние, ки ба ин муносибат ташкил гардид, намояндагони ҳокимиятҳои вилоят ва ноҳия, собиқадорони меҳнат ва аҳли деҳа иштирок карданд.
Маркази маданият, ки дар даврони Иттифоқ сохта шудааст, хеле кӯҳна ва абгор шуда буд. Таҳти роҳбарии Рустамҷон Холмирзоев бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шайдуллохон қурилиш пардоз»  беш аз 2 миллиарду 717 миллион сӯмина корҳои таҷдид ва сохтмонро иҷро карданд.
Толори дорои 300 ҷойи нишаст, китобхона, хонаҳои маҳфилгузаронӣ, сабти овоз ва маънавият бо  анҷомҳои замонавитарин ва асбобҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
– Мо аз ҳисоби маблағи муассисаи давлатии назди Вазорати маданияти ҷумҳурӣ «Аз ҳисоби сармояҳои марказонидашудаи сохтмони иншооти молиявӣ, таҷдид кардан, такмил додан ва таъмири ҷорӣ» бинои мазкурро дар муддати кӯтоҳ ба истифода супурдем, – мегӯяд коргузори корхона Ғафурҷон Исматов. – Хурсандем, ки барои пешрафти санъат ва маданияти деҳа, мукаммал гардидани истеъдоди ҷавонони санъатдӯсти он ва такмил ёфтани иқтидори онҳо саҳми худро гузоштем.
– Ҳоли ҳозир маҳфилҳои хорхонӣ, рубобнавозӣ, рақсро ба роҳ мондем, – мегӯяд роҳбари марказ Анварҷон Мираҳмедов. – Дар деҳа тоҷикон истиқомат мекунанд. Бо назардошти ин ният дорем дастаи фолклориро ташкил намоем. Занону бонувоне, ки синну солашон гуногун буда, дар хона бекор нишастаанд, низ иброз доштанд, ки ба ин дастаи фолклорӣ иштирок менамоянд. 
– Саъю ҳаракатҳое, ки ба ҳифз намудани маданияти миллӣ, инкишоф додани истеъдод ва иқтидори насли наврас нигаронида шуда, ба камол ёфтани онҳо хидмат мекунанд, бешубҳа, қадрдонӣ мешаванд, – мегӯяд роҳбари раёсати маданияти вилоят Комилҷон Сиддиқов. – Ин корҳои хайр бинобар оромиву осудагӣ ва пешрафти мунтазами кишварамон амалӣ мешаванд. Дар ин деҳа адиби номвар, Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Матлуба Дадабоева, ҳунарпешагони шоистаи Ӯзбекистон Ҳалимҷон Ҷӯраев, Мирзошариф Мирбаротов ва Турсунбой Ҳакимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Носирҷон Маҳмудов, шахсиятҳои бузург, намояндагони санъати асил таваллуд ва камол ёфта, шуҳрати Ӯзбекистонро дучанд кардаанд.

Шоҳида ДАМИНОВА,
ноҳияи Чуст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: