Дар маҷаллаи бонуфузи бритониёӣ «Capital Finance International» мақолае таҳти унвони «Осиёи Марказӣ бо тамоми ҳусну ҷамол, асрор ва таърихаш ошкор мегардад» чоп шудааст.
Мақола ба қалами узви Палатаи лордҳои парлумони Британияи Кабир Ҷон Вейверли тааллуқ дорад.
Дар қисмати алоҳидаи мақола доир ба махсусиятҳои Ӯзбекистон, рушди он ва ба давлати ҳозиразамони демократӣ табдил ёфтани он нақл карда мешавад. Ба барномаҳои васеъмиқёси сиёсӣ, иқтисодӣ ва навсозии иҷтимоии кишвари мо баҳои мусбат дода, ҷараёни ислоҳоти конститутсионӣ ва сиёсати пурмуҳтавои хориҷӣ қайд шудааст.
«Ӯзбекистон ҷиҳати сиёсати хориҷии худро ба дараҷаи назаррас тағйир дод. Кишвари замоне пӯшида ба мамлакати ошкоро, фаъол ва масъули вазъи минтақавӣ табдил ёфт. Ба сохтори муносибатҳои мустаҳкам бо ҳамсояҳои наздиктарин ва таҳкими рушди дарозмуҳлат, шукуфоиву эътидоли минтақа эътибор дода шуд», – менависад муаллиф.
Сипас, лорд таъкид мекунад, ки Президент Шавкат Мирзиёев мулоқоти мунтазами сиёсиро ба роҳ монд, ки натиҷаи он хеле беҳтар шудани муҳити сиёсӣ дар минтақа мебошад. Нобоварӣ, шубҳа, зиддият ва бадбинии пӯшида ба иродаи нек, эътимод ва ҳамкорӣ иваз шуданд. Масъалаҳои мураккаби минтақавии марзбандӣ ва тақсимоти марзии сарҳадҳои давлатӣ, истифодаи об ва нақлиёт ҳаллу фасл карда шуданд.
«Ин ҷараён аз ҷониби СММ дастгирӣ пайдо кард. Соли 2018 баённомаи Ассамблеяи генералӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ дар Осиёи Марказӣ қабул гардид. Ҳамкориҳо барқарор мешаванд, режими раводид озодтар мегардад, нуқтаҳои нави гузаргоҳ аз тариқи сарҳадҳо кушода мешаванд, робитаҳои фарҳангӣ ва инсонпарварӣ ба эътидол меоянд», – таъкид мегардад дар мақола.
АИ «Дунё»,
шаҳри ЛОНДОН.