ҲУВИЯТИ АДАБӢ

Бӯйи Ватан агар бирасад аз сухан маро,

Мисли қалам ба пойи сухан саҷда мекунам
(Рустами Ваҳҳоб)

Рустами Ваҳҳоб 5-уми майи соли 1960 дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омадааст. Соли 1983 бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Баъди хатми донишгоҳ дар соли 1984 ба аспирантураи ДДТ дохил шуда, ба унвони устоди донишгоҳ ба фаъолият оғоз менамояд. Солҳои 1991-1992 котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг» буд. Аз соли 1994 то 2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек ҳамчун устоди забон ва адабиёти форсӣ ифои вазифа дошт. Баъди бозгашт ба Ватан соли 2007 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даромада, аз он вақт то кунун дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Рустами Ваҳҳоб сардабири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» аст. Ӯ гузашта аз фаъолиятҳои илмию рӯзноманигорӣ ба унвони шоири нозукхаёл ва борикбин шуҳрат дорад. Се дафтари шеър интишор додааст: «Калимаҳо» (1990), «Шаҳри Хуршед» (2008) ва «Салом» (2015). Барои маҷмуаи «Шаҳри Хуршед» барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шудааст. Аз соли 2008 инҷониб узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Ҳоло ба таъбири «хӯшае аз хирман», яке аз мақолаҳои таҳлилии ӯ, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи аксариятро ҷалб намудааст, бо номи «Ҳувияти адабӣ» барои муштариёни азиз пешниҳод мегардад. 
Вақте дар хусуси адабиёт бино бар таъмин ва ҳифзи ҳувияти миллӣ сухан меравад, масъала танҳо ба ҷанбаи мавзӯӣ ё ҳудуди мавзӯъҳои мушаххаси ба он вобаста маҳдуд намебошад. Балки дар кулл ва ба сурати маҷмӯъ худи адабиёт, осори адабии асил дар нафси худ, бо ҳама бофту матоъи суварӣ ва маънавии худ воҳиди ҳувият аст.
Ҳамчунин ҳувият дар адабиёт арзиши танҳо иҷтимоӣ, маънавӣ ё сиёсӣ нест, балки арзиш ва унсури ҳунарӣ ва эстетикӣ низ мебошад. Ба таъбири дигар, ҳувият дар адабиёт шохиси ҳунарӣ ҳам ҳаст. Шохиси ҳунарии ҳувияти адабӣ фаротар ва ҷомеътар аз сабк, саноеъи адабӣ, навъҳо ва жанрҳои адабӣ ва ҳатто забони адабиёт мебошад. Аз ин ҷост, ки миллияти як адабиёт дар тарҷума ба забонҳои дигар низ ҳифз мешавад. Ҳар қадар ин ҳувият нерумандтар, ғанитар ва рангинтар бошад, дар сурати ҳифзи он дар тарҷума, бозгӯии он ба забонҳои дигар ва ҳатто гунаҳои дигари як забони муштарак асари бадеӣ дилпазиртар воқеъ мегардад, ба ҳамон мизон, ки таҷассуми бадеии воқеиятҳои мушаххас ва симоҳои мушаххас (на мавҳуму бесурат). Акси ин рафтор корест, ки дар зарбулмасалҳои «Зира ба Кирмон бурдан» ва «Тӯтӣ ба Ҳиндустон бурдан» хулоса мешавад.
Шуҳрати камназири осори Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматов ва ё романҳои нависандагони Амрикои Лотинӣ дар қарни бист дар ҳамин буд. Назми ҷаҳоншумули устод Мирзо Турсунзода низ аз ин вижагии ҳунарӣ ба хубӣ бархурдор аст. Ин вижагии назми устод Мирзо Турсунзода дар ин банди шеъри «Ватан» ба сурати барҷаста зоҳир мегардад:
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯйи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.
Хонанда бегумон дармеёбад, ки дар ин қитъаи шеър, агар уқёнус намоди паҳнои ҷаҳон бошад, «рӯд» рамзи сарзамини мушаххас, маҳди ҳувияти шоир аст. Забон, лаҳн, сабк низ барои ин намод маҳди муносиб ҳастанд.
Вақте мо адабиёти тоҷик, шеъри тоҷик (ё тоҷикӣ) мегӯем, табъан ва ба таври табиӣ хонанда, чи тоҷик ва чи ғайритоҷик, аз он ҷӯёи вижагиҳои тоҷикӣ ва унсурҳои тоҷикият мешавад. Ин ҳувияти тоҷикӣ аз ҷумла метавонад дар унсурҳои зерин таҷассум шавад:
забони тоҷикӣ;
лаҳни тоҷикӣ;
фарҳанг, одоб ва русуми тоҷикӣ;
шабакаи сувари хаёл (образҳо);
эътиқодот ва асотир;
ормонҳои миллӣ;
мушаххасаҳои ҷамъии ҷаҳонбинӣ;
эстетика (ҷамолшиносӣ)-и миллӣ.
Ин ҷо масъалаи тасвиру таҷассуми мавзӯъҳои миллӣ дар шеър ҳам нест, балки фаротар аз ин аст. Дар шеърҳое, ки мустақиман ба васфи арзишҳои миллӣ ихтисос ёфтаанд, мавзӯъ бевосита равшан аст, аммо дар ин ҳол ҳам симои бо ҷузъиёти ҳунарӣ мушаххасшудаи ҳувияти адабӣ бояд маълум бошад. Дар акси ҳол таъбири «исми бемусаммо» ба ин навъ ашъор рост меояд. Масалан, рози мувафаққияти шеъри Бозор Собир «Забони модарӣ» на танҳо дар он хулоса мешавад, ки шоир бо самимият ва рӯҳиёти ҳамосӣ васфи забони модариро ба ҷо овардааст, балки тору пуди ин шеър, тамоми ҷузъиёти он аз унсурҳои фарҳанг, ҳунар ва ҷаҳонбинии эстетикии миллӣ фароҳам шудааст:
Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр
Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,
Лафзи кӯҳистоние бар боду борон ёд дод.
Рӯдҳоро рӯдакидон кард ӯ,
Бодҳоро анварихон кард ӯ.
Шеъри комилан нав ва навоварона аст, аммо саршор аз вижагиҳо ва рӯҳиёти миллии тоҷикӣ. Ҳатто ҳолати баёншуда ва манзараҳои мавриди тасвир моро ба ёди намунаҳои шеъри мардумӣ, фолклори тоҷикӣ меандозад.
Дар ашъори Лоиқ Шералӣ низ барҷастатарин вижагиро дар вуҷуди ҳамин унсурҳо мебинем. Навъи тафаккур, таъбирҳо, сабки баён, талмеҳот ва асотир... ҳамагӣ аз дурахши равшани миллии тоҷикӣ бархурдор ҳастанд. Ҳатто дар мавридҳое, ки мавсуф ё «қаҳрамон»-и шеър шахсан мансуб ба қавмияти дигар аст:
Гарчи мониқалам Рафоэлло,
Хона нокарда, аз ҷаҳон бигзашт,
Аз арӯсаш надида оғӯше,
Бас ҷавон ӯ аз ин макон бигзашт...
Ҳоло агар дар хусуси шинохти нокомӣ ва фоҷеа бо таъбирҳое чун «хона нокарда», аз ҷаҳон гузаштан ва аз ин қабил, ки вижагии сабки баён ва ҷаҳонбинии тоҷикӣ доранд, чизе нагӯем, аз таъбири «мониқалам Рафоэлло» наметавон сарфи назар кард, ки бо як гашти бисёр ҳунармандона дар тахтаи шатранҷи шеър – масал задан ба устураи Монии раббунавъи наққошон дар баробари наққоши номии итолиёӣ – Рафоэлло на танҳо фазои шеър, балки симои мавсуфро комилан тоҷикӣ мекунад ва ин ном дар охири мисраъ, дар он мақтаъи зарбу оҳанге қарор дорад, ки ҳам бисёр сареҳу равшан, ҳам саҳеҳ, онгуна ки дар асл бояд, садо медиҳад.
Дар ашъор ва достонҳои Мӯъмин Қаноат бо таваҷҷуҳ ба ҳамаи ин шохисҳо ҳувияти миллии адабӣ ба таври барҷаста зуҳур намудааст. Ҳам аз лиҳози мавзӯӣ, ҳам лаҳну сабк, ҳам шабакаи сувари хаёлу асотир, ҳам вижагиҳои забону баён ва ҳам диди шоиронаву эстетикӣ.
Дар яке аз нахустин шеъре, ки аз нигоҳи мавзӯӣ ҳам ба ин масъала мустақиман назар шудааст, яъне шеъри «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ» (1963), шоир қариб 55 сол пеш ба баҳсу мушоҷара, вале бо лаҳни самимона ва бо зарофату зиракии хос ин мавзӯъеро тарҳ ва комилан ҳал мекунад, ки баҳсҳои дар асл сиёсӣ рӯйи он то кунун ба ҳассосият ва пархош идома доранд:
Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб,
Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.
Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам
Дӯст медорам варо.
Ин шеъри ба зоҳир сода идомаи шоистаи мақолаҳои олимона ва доҳиёнаи устод Айнӣ дар бораи истилоҳоти «тоҷик» ва «забони тоҷикӣ» мебошад. Фалсафааш ин аст, ки «забони тоҷикӣ» ҳувияти бумӣ (сарзаминӣ) дорад. Мазҳари сарзамин (ватан-модар) чун ҳамеша дар шеъри устод Мӯъмин Қаноат дар симои модар ва нисбати «модарӣ» падидор мегардад. Форсӣ ва то ҷое дарӣ ҳам истилоҳоти куллие ҳастанд, ки айни ҳамин забони дар кулл ягонаро ифода менамоянд, аммо фаротар аз ҳувияти нажодӣ мебошанд. Бисёре аз ононе, ки баҳсҳои ихтилофангези забонро барои мо матраҳ мекарданд (эй ҷаноб) ховаршиносон ва форсидононе буданд, ки агар ин забон барояшон забони кору тахассус ҳам буд, забони модариашон набуд, онро дар мактабу донишгоҳ ёд мегирифтанд ва ҳанӯз чунин аст ва аксаран маншаи ин ихтилофҳо эшон ҳастанд. 
Аз тарафи дигар, дар як марҳалаи ҳассоси таърихӣ зарурати ҳаётие пеш омад, ки номи забони модарии тоҷикҳо бо номи таъйинкунандаи ҳувияти нажодии бумӣ (тоҷик) яке бошад (агарчи ин падида пеш аз шурӯи ихтилофоти сиёсӣ сурат гирифта буд), то асари даъвои комилан ноҳақ ва беадолатонаи касоне, ки асолат ва бумӣ будани миллати тоҷик дар Мовароуннаҳрро инкор мекарданд, аз байн бурда шавад. Ин зарурат ҳанӯз боқист ва ҳанӯз ин шеър шиори рӯз аст.
Шоҳкори устод Мӯъмин Қаноат достони «Сурӯши Сталинград» саршор аз рӯҳиёт, андеша, эҳсосот, русуму одобу одот ва сувари хаёлу асотири миллӣ аст. Ин вижагӣ бевосита аз номи достон шурӯъ мегардад. Сурӯш, ба ҷуз маънои фариштаи паёмрасон маънои садои ғайбӣ ва осмониро низ дорад. Ҷанбаи олӣ ва фавқулодда маънавии ин достон ба вуҷуди ин калима, ки беш аз ҳама дар ашъори малакутии Ҳофиз истифода шудааст, ҳақ медиҳад. Дар тарҷумаи русӣ қаринаи дақиқаш пайдо нашуда ва онро «Голоса Сталинграда» тарҷума кардаанд. Ҳамчунин, ҷо-ҷо мушоҳида мешавад, ки жарфо ва зарофати бисёр миллии ин достон аз иҳотаи тасаллути тарҷумон хориҷ мемонад, бо вуҷуди он ки яке аз намунаҳои беҳтарини тарҷума аст.
Аз ҷумла дар «Сурӯши модарон дар хоки фарзандон» вақте модари рус дар оромгоҳи рамзии сарбозони гумном нишони фарзанди худро ҷустуҷӯ мекунад, шоири тоҷик ба вай хитоб намуда мегӯяд:
Чаро ҳарфе намегӯӣ,
ба чашми хира меҷӯӣ,
Ва чун пироҳани Юсуф
дар ин ҷо сабза мебӯӣ?
«Ба чашми хира пироҳани Юсуф бӯйидан» корбурди комилан тозаи шоирона аз як устураи машҳури адабиёти миллист, ки чизе беҳтар аз он дар ин лаҳза мақоми олии маънавии модарро ифода карда наметавонад. Шоир комилан тоҷикона ӯро тасаллӣ медиҳад:
Бигир аз дасти ман бо
 дасти ларзонат,
асоят ман,
Талабгори дуоят ман.
Достони «Ситораи Исмат» (1989), ки ҳамчунин аз мазмунҳои он ҷанги ҷаҳонӣ фароҳам омадааст, як ҳамосаи комилан миллӣ аст. 
Оғозу анҷоми шеъри достонмисоли «Тахти Ҷамшед» низ чунон аст, ки маълум мегардад шоир ҳамеша дар зеҳни худ ҳувияти мушаххасе аз воқеияти муосирро ҳифз дорад, ки ӯро аз дунёи ормонӣ ва маҷозӣ ба олами воқеъ бармегардонад.
Дар достони «Масъуднома» (2006), агарчи қаҳрамони достон як саркардаи тоҷик аст ва барои ҳамаи тоҷикҳо маҳбубияти хоссе дорад, хусусан пас аз саҳми барҷастаи ӯ дар таъмини сулҳу ваҳдати тоҷикон, то даме ки шоир дар хатти сужаи достон ӯро ба хоки Тоҷикистон иртиботи бевосита намедиҳад, достонро ба фарҷом намерасонад:
Ҷайҳун ба зери шаҳпару 
тайёра дар ҳаво,
Ҳангоми ин убур ҳаме ҷои 
ҷон шикаст.
Ин ишора ба он хабарест, ки Аҳмадшоҳи Масъудро баъди сӯиқасди маълум барои даво хостанд ба Тоҷикистон интиқол бидиҳанд, аммо дар роҳ ҷон дод. Ин хабар то куҷо воқеият дорад, мавзӯи дигарест, аммо барои шоир муҳим таъкид ба пайванди таърихии тоҷикон аст, ки яке аз мазҳарҳои барҷастаи он Ҷайҳун – дарёи Омӯ мебошад.
Хулоса, осори Муъмин Қаноат гӯё лавҳест, ки дар он шоир чун хотамкоре чирадаст ҳар нақшеро бо чакуш рӯйи матни фарҳанги миллӣ мазруб мекунад, то аз он ҷудо нагардад.
Хушбахтона, ин суннати хубу созанда дар осори номитарин шоирони муосири мо, хусусан аз даҳаи 60 ба баъд идомаи босубот ва афзояндаи худро пайдо намуд ва мо бо итминон ва ҳаққи комил онро адабиёти тоҷик ва шеъри тоҷикӣ меномем. Шеъре, ки бо ҳамин вижагии худ барои ҳамзабонони мо ва дигарон низ симои ошно дорад.
Ҳувияти миллии адабӣ барои ҳамаи халқҳо аҳамияти дараҷаи аввал дорад. Аммо барои тоҷикҳо боз бештар. Зеро дар таъйини ҷаҳонбинӣ ва истиқлоли андешаи тоҷикон адабиёт беш аз ҳар бахши дигари фарҳанг саҳм дорад. Ҳувияти миллии адабии тоҷикон муҳимтарин унсури истиқлоли миллист.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: