ЯГОН МУРОҶИАТ БЕЭЪТИБОР НАМЕМОНАД

Солҳои пеш қисми зиёди муроҷиати шаҳрвандон новобаста аз он ки ба кадом идора, ташкилот ё корхонаву коргоҳ буд, ҳалли худро намеёфт.

Ё худ барои муроҷиат ва ҳаллу фасли онҳо бисёр вақт, ҳатто солҳо сарф мегардид. Ҳоло бошад, бинобар ғояи неки Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат намоянд» масъала ранги дигар гирифтааст.
Яъне, акнун ҳар як шаҳрванди мамлакатамон метавонад бо ин ё он муаммову масъала ба «Қабулгоҳҳои халқӣ» муроҷиат кунад.
Алҳол нафақат роҳбарони корхона ва муассисаҳо, ҳатто ҳокимони ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо низ мувофиқи секторҳо ба маҳалҳо рафта, бо аҳолӣ мулоқот мекунанд, қабулҳои сайёр ташкил менамоянд ва дар ҳаллу фасли муаммоҳои аҳолӣ саҳм мегиранд.
Қабули сайёри навбатии ҳокими вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлис Хайрулло Бозоров дар мактаб-интернати ихтисосонидашудаи давлатии рақами 3-юми шаҳри Намангон баргузор гардид. Қабул се соат давом карда, ҷамъомадагон ба ҳоким бо беш аз сад масъалаву муаммо ва таклифу пешниҳодҳо муроҷиат карданд.
Қисми асосии муаммоҳои онҳо чун ҳарвақта оид ба кӯмакпулӣ, нафақа, хонаву ҷой, гирифтани вомҳои имтиёзнок, таъминоти газу барқ, мумфарш кардани роҳҳо, замини наздиҳавлигӣ, ҳифзи саломатӣ буд.
Дар қабули сайёр бошандаи деҳаи Ёрқӯрғони ноҳияи Уйчи Матлуба Мирзоаҳмедова ба роҳбари вилоят барои кӯмак ба сиҳҳатии ҳамсараш муроҷиат кард. 
Баробари расидани зимистон мушкилоти таъминоти гази табиӣ ва энергияи барқ зиёд мешаванд. Дар ин ҷода барои иҷрои муроҷиати як гурӯҳ сокинони ҷамоати шаҳрвандони «Даштбоғ»-и шаҳри Намангон ҳокими вилоят ба мутасаддиёни дахлдор вазифаҳои мушаххас дод.
– Ман ёрии моддӣ талаб намекунам, агар як адад мошини дӯзандагиам мебуд, барои нигоҳубини оилаам худам маблағ пайдо мекардам. Муроҷиатам зуд ҳал шуд. Аз ин хурсандиам ҳадду канор надорад, – гуфт шаҳрванди маҳаллаи «Маҷнунтол»-и шаҳри Намангон Насиба Худойбердиева.
Қабули сайёри навбатии ҳокими вилоят дар коллеҷи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Чуст низ баргузор гардид, ки ба он муроҷиаткунандагон аз шаҳри Намангон, ноҳияҳои Тӯрақӯрғон ва Поп ҳам иштирок карданд.
– Синнам аз 80 гузашт, – худро муаррифӣ кард яке аз онҳо, сокини маҳаллаи «Бибиона»-и шаҳри Чуст Олимҷон Талабов. – Зиёда аз 20 сол раиси маҳаллаи номбурда будам. Ҳоло низ аз фаъолони маҳаллаам, барои ободии он саҳм мегузорам. Аз номи бошандагон баҳри беҳтар кардани таъминоти барқ ва мумфарш намудани роҳи маҳалла муроҷиат кардам. Муроҷиатам барои соли 2020 ба Барномаи «Обод маҳалла» дохил карда шуд. Аз ин сарам ба осмон расид.
Сокини деҳаи «Санг»-и ноҳияи Поп Феруза Мирзоева бо арзи ба кор таъмин шудан муроҷиат кард. Муроҷиати Маҳлиё Нуралиеваи чустӣ низ оид ба ин масъала буд. Муроҷиати ҳар ду дар ҷояш ҳаллу фасл гардид.
Мадаминҷон Сатторови чустӣ хоҳиш кард, ки барои сохтмони корхонаи дорусозӣ аз бонк воми имтиёзнок гирад. Роҳбари вилоят ба дӯши мутасаддиён барои ҳалли муроҷиати ӯ вазифаҳо гузошт.
Оре, ҳоло ягон муроҷиати аҳолӣ беэътибор намемонад. Чунон ки дар қабулҳои сайёри зикршуда қисми зиёди муроҷиатҳо ҳалли худро ёфтанд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: