ЯГОН МУРОҶИАТ БЕЭЪТИБОР НАМОНД

Имрӯзҳо нафақат роҳбарони корхона ва муассисаҳо, айни замон ҳокимони ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо низ мувофиқи секторҳо ба маҳалҳо рафта, бо аҳолӣ мулоқот мекунанд, қабулҳои сайёр ташкил менамоянд ва дар ҳаллу фасли муаммоҳои мардум саҳм мегузоранд.

Қабули сайёри навбатии роҳбари садорати корҳои дохилии вилояти Сирдарё Санҷар Ҷабборов дар маҳаллаи Синтоби ноҳияи Сайҳунобод баргузор гардид. Қабул се соат давом карда, ҷамъомадагон ба роҳбари садорати корҳои дохилӣ бо беш аз панҷоҳ масъалаву муаммо ва пешниҳодҳо муроҷиат карданд.
Қисми асосии муаммои онҳо мисли ҳарвақта оид ба кумакпулӣ, нафақа, хонаву ҷой, воми имтиёзнок, таъминоти газу барқ, мумфарш кардани роҳ, замини наздиҳавлӣ ва ҳифзи саломатӣ буд.
Дар қабули сайёр бошандаи маҳалла Шоҳимгул Элмуродова барои кумак ба сиҳатии падараш муроҷиат кард. С. Ҷабборов ба зиммаи мутасаддиён барои ҳалли муроҷиати ӯ вазифаҳо гузошт.
Баробари расидани зимистон мушкилоти таъминоти гази табиӣ ва барқ зиёд мешаванд. Дар ин ҷода барои иҷрои муроҷиати як гурӯҳ истиқоматкунандагони маҳалла С. Ҷабборов ба мутасаддиёни дахлдор вазифаҳои мушаххас дод.
– Ман ёрии моддӣ талаб намекунам, агар як мошини дӯзандагиам мебуд, барои нигоҳубини оилаам ва шартномаи 3 нафар фарзандам худам маблағ пайдо мекардам, — гуфт сокини маҳалла Гулчеҳра Бозорова. – Муроҷиатам, ки дар ин хусус буд, зуд ҳал шуд. Аз ин хурсандиам  ҳадду канор надорад. 
Бошандаи маҳалла Малика Кенҷаева бо арзи ба кор таъмин шудан муроҷиат кард. Муроҷиати ӯ дар ҷояш ҳаллу фасл гардид.
Ором Халилов хоҳиш кард, ки барои харидани 200 сар парранда аз бонк воми имтиёзнок гирад. С. Ҷабборов ба мутасаддиён барои ҳалли муроҷиати ӯ супориш дод.
Оре, ҳоло ягон муроҷиати аҳолӣ беэътибор намемонад. Чунон ки дар қабули сайёр қисми зиёди муроҷиатҳо ҳалли худро ёфтанд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: