ЯГОНАГИИ МОДДИЁТ ВА МАЪНАВИЁТ

Табиист, ки дар арафаи соли таҳсили нав алоқамандони соҳаи таълиму тарбия, хусусан, муаллимон ва мураббиҳо, ки барҳақ муҳандисони рӯҳи одамӣ эътироф шудаанд, дар олами рӯҳии худ як дигаргунӣ ҳис мекунанд.

Баробари булбулакони боғи дониш, ки саршавии мактаб, садодиҳии занги аввалро интизорӣ мекашанд, устодон низ таълиму тадрис, дабистонҳои барояшон қадрдон, писару духтаракони чашм ба рӯяшон дӯхтаро пазмон мешаванд.
Боз соли таҳсили нав фаро расид ва фикр мекунам назар ба ҳарсола бо рӯҳбаландии хосса устодон ба иҷрои вазифаи шарафноки дар зимма доштаашон шурӯъ намудаанд. Сабаб, дар арафаи воқеаи барои алоқамандони соҳа фараҳбахш роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои инкишофи низоми таълими халқ, такмили маҳорат, баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи муаллим дар ҷамъият, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар дабистонҳои таълими умумӣ ҷамъомади видеоселекторӣ доир намуд. Дигарбора эътибори алоҳидаи Президенти мамлакат ба масъалаҳои таълим, хусусан, омодасозии кадрҳое, ки ба асосҳои дониш ва малакаҳои таълимӣ мусаллаҳанд, ба зинаҳои боз ҳам баландтар бардоштани  мавқеи омӯзгор баръало ба назар расид, ки ин ба мо, муаллимон, дилгармию рӯҳбаландӣ бахшад. Падар ва бобоёни мо  ба таълиму тарбияи фарзандон аз аввал эътибор нигаронида ва ҳатто мегуфтанд устод аз падар бузургтар аст. Бо ин хотирнишон сохтанием, мо насл ва аламбардори номи аҷдоди бузургворем, ки назар ба моддиёт маънавият ва маърифатро дар мадди аввал мегузошт. Падар писари худро ба мактабдор месупурд ва мегуфт, гӯшташ аз они шумо, устухонаш аз они мо, хононед ва одам кунед. Чунин ба назар мерасид «одам» шудани фарзанд маҳз ба устод дидан, ба таълиму тарбия чӣ тарз фаро гирифта шудани он вобастагӣ дорад. Дигар, волидон розӣ буданд фарзанди онҳо дар ин ҷабҳа бигузор ранҷ кашад. Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар, таъкид сохта буд Саъдии бузургвор.
Хуллас, устод (мактабдор) дар ҷамъият мавқеи ба худ хос дошт. Соҳиби обрӯ ва эътибор буд. Обрӯ ва эътибори шахс, аз бисёр ҷиҳат, ба чӣ гуна таъминии ӯ, ба амвол ва моликияти шахсӣ низ вобаста аст.
Ҳарчанд талх аст, ҳақиқати ин нукта аниқ: ҷуволи холӣ рост намеистад.
Аз ин нуқтаи назар, танҳо бо таъриф ва тавсифҳо баланд бардоштани обрӯи муаллим ва таъсири суханони ӯ имконнопазир аст.
Фақат дар вазъи таъминии  шахс бо моддиёт дар бораи обрӯ ва нуфузи ӯ дар ҷамъият сухан ба миён овардан мумкин.
Вале мо дар шароитҳои бароямон маълум давраҳоеро ба сар бурдем, ки мактаб ва муаллим аз назарҳо дур монд.
Бисёр устодон, бинобар тақозои рӯзгор ва вазнинии бори зиндагӣ мактабро тарк карданд. Мавқеи муассисаҳои таълими олӣ, ки педагогҳои ояндаро омода месозанд, суст ва заиф гашт. Дар вазъе толибилм дабистони таълими умумиро базӯр ба итмом расонд, вақте падару модараш ӯро хонондан мехоҳанд, мегуфтанд: «Ҳеҷ набошад, муаллим шавад». Мисле «ношудтарин» хатмкардагони мактаб ба донишкадаҳои омӯзгорӣ ҳуҷҷат месупурданд. 
Албатта, панҷ панҷа баробар не.  Солҳои  мураккаби давраи гузариш низ ёфт мешуданд педагогҳои ҷавони ташаббускору навовар. Вале меҳнати онҳо сазовор қадр намешуд. Меҳнат, ки қадр нагашт, ходим, хоҳ-нохоҳ, дилхунук мешавад.
Чизи аз ҳама муҳим дар ҷараёни фаъолияти омӯзгорӣ кор бо бача не, кор бо ҳуҷҷат ва ҳуҷҷатпуркуниҳо шуда монд. 
Қисме аз омӯзгорон  соҳиби собиқаи дурударози корӣ буда, ҳанӯз дар давраи собиқ иттиҳод донишкадаро хатм ва дар мактабҳо ба омӯзгорӣ машғул шудаанд. Қисми зиёди онҳо ҳанӯз фидокорона меҳнат ва дар роҳи таълиму тарбия кулли маҳорати педагогӣ ба харҷ медиҳанд. Вале, мутаассифона, дар мактабҳоямон боз кадрҳое ҳастанд дар давраи мураккаби  гузариш институтро хатм ва дар дабистонҳо ҷойгир шудаанд, ки аз малакаи дарсдиҳӣ чандин бобаҳра не. Устоде, ки бо донишҳои замонавӣ ба дараҷаи талабот мусаллаҳ нест, чӣ тавр дарс медиҳад ва шогирди сазовор омода месозад?
Мо дар ҷараёни ислоҳи соҳаи таълим, тавре Президентамон таъкид сохт, баробари идомаи беҳтарин анъанаҳо, арзи эҳтиром ба арзишҳои маънавии ғановатманди хеш аз таҷрибаи таърихии давлатҳои рушдёфта истифода мебарем.
Низоми таълимро такмил надода, ба пешравӣ умед бастан мумкин нест. Пойдевори таълиму тарбия бошад, дар муассисаҳои таълими томактабию мактабӣ гузошта мешавад.
Пештар низ дар ин бобат қарору фармонҳо ба имзо расида ва корҳои муҳим ба сомон расонда мешуданд. Вале маоши омӯзгорон, хусусан, ходимони муассисаҳои таълими томактабӣ то андозае ночиз буд. Ҳоло вазъ куллан дигар – танҳо бо суханҳои баландпарвоз қаноат насохта, чанд баробар боло рафтани музди меҳнати ходимони соҳаро бо қаноатмандӣ таъкид карданамон мумкин. Президентамон дар ҷамъомад гуфт, мо минбаъд низ маблағ ва имконотро барои инкишофи низоми мактаб дареғ намедорем. 
Муаллим вақте дар ҷамъият мавқеи сазовор ишғол намуд, аз нигоҳи моддӣ ҳарҷониба таъмин гашт, бо дили пур ва завқу шавқ аз паи иҷрои вазифа мегардад. Модоме меҳнаташ қадр ёбад, дар саъйи ноил шудан ба ин боварӣ даҳчанд меҳнат мекунад. Шахсоне, ки тасодуфианд, хоҳ-нохоҳ ба кадрҳои муносибе, ки ба мактаб меоянд ё дар дабистон худро ҳарҷониба нишон медиҳанд, ҷой холӣ мекунанд.
Моддиёту маънавиёт ба ҳам тавъаманд.
Танҳо дар вазъи ба ҳар ду як хел эътибор нигаронидан ба мақсадҳои олӣ расидан имконпазир аст.
Мо бояд ҳаёти моддӣ ва маънавиро бо таносуб инкишоф диҳем, гуфт Президентамон аз ин нигоҳ, дар ин кор бояд мактаб ҳалқаи асосӣ гардад.

Муллобой НОРМАТОВ, муаллими фанни  математикаи мактаби таълими ҳамагонии 44-уми ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: