То ба ин сана расидан, ки он ба 27 июни соли 1997 мувофиқ меояд, Тоҷикистони ҳамсоя ҳаёти пур аз таҳлукаву даҳшат ва давраи хуношоми ҷанги дохилиро аз сар гузарондааст.
То ба ин сана расидан, ки он ба 27 июни соли 1997 мувофиқ меояд, Тоҷикистони ҳамсоя ҳаёти пур аз таҳлукаву даҳшат ва давраи хуношоми ҷанги дохилиро аз сар гузарондааст. Аз ин боис иди Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ чун азизтарин ва бақадртарин сана ба шумор меравад, ки ба мамлакати тоза ба истиқлол расида сулҳу субот ва ягонагии миллӣ овард.
Низоъҳои дохилии сиёсӣ ва майдонкашии қувваҳои мухталифи мазҳабӣ ва иҷтимоӣ ҳанӯз то ба истиқлол расидан – дар интиҳои даврони сохти шӯравӣ оғоз ёфта буд ва ба иллати ноустувории ҳукумати шӯравӣ дар ҷумҳуриҳои бародарӣ, ки оташи низоъҳои милливу мазҳабӣ ва сиёсиву ҷамъиятӣ ангехта шуда буданд, авҷ мегирифт, ки мутаассифона Тоҷикистон низ аз он эмин ва собит намонд. Ин таҳаввулот дар ҷумҳурии ҷавон ҳарчи доман паҳн мекард, қувваҳои зиёди дохиливу хориҷӣ дар ин нақши боризтар пайдо мекарданд.
Бо афзоиши талафоти ҷониву моддӣ, зиёд гардидани гурезагон, тороҷи дастовардҳои моддиву маънавӣ дар ҷонибҳои даргир ниёз ба сулҳу субот ва якпорчагӣ бештар эҳсос мегардид. Мамлакати ҷавони ҳанӯз бар пой наистода дар остонаи парокандагӣ ва нопадидӣ қарор дошт.
То ба сари як мизи мулоқот нишастани ҷонибҳои мухолиф фурсати зиёде аз даст рафта буд ва пас аз чанд марҳалаи гуфтушунидҳо дар Маскаву Теҳрону шаҳру пойтахтҳои дигар, қарор гардид, ки барои нигоҳдории якпорчагии ҷумҳурӣ ва ба сулҳу ҳаёти осуда расондани ҷамъият роҳи ягона оштӣ аст. Ва ин муоҳидаи оштӣ охири моҳи июн ба даст омад, ки пас аз он ҷамъият ба ҳаёти осуда баргашта, барои ободу барқарор намудани саноату иқтисодиёт, кишти замину сохтмони зиндагии ором пардохт.
Ба сулҳу ваҳдат расидани мардум худ як падидаи сиёсии нодир дар арсаи сиёсӣ буд, ки назар ба фикри таҳлилгарон он дар зоти худ нодир будааст. Дар ин бобат гуфтаҳои бунёдгузори Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷолиби диққат аст: «Таҷрибаи сулҳофаринӣ ва Ваҳдати миллии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ падидаи нодир аст».
Президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар даврони пуртаҳлукатарини ҷумҳурӣ ба сари қудрат омада, тамоми марҳалаҳои доғу сарди ҷангу гуфтушунидҳои ҷонибҳои даргирро чун роҳбари ҷумҳурӣ аз сар гузарондааст, бештар ва беҳтар аз дигарон дарк менамояд, ки мамлакати ҷангзадаро роҳбарӣ кардан чӣ кори тоқатфарсо ва пурмашаққат аст.
Маҳз зери роҳбарии ӯ алҳол ҷумҳурӣ дар ҳар ҷанбаи зиндагӣ – иқтисодиёту сиёсат ва масъалаҳои иҷтимоиву гуманитарӣ қадамҳои боварибахш гузошта, дар минтақаву ҷаҳон ҷойгоҳи худро ишғол менамояд.
Пас аз чоряк асри рукуд дар муносибот байни мо бо Тоҷикистон ҳоло пас аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев робитаҳо дар ҳар риштаи дилхоҳ ончунон доман густурданд, ки ҳатто хушбинтарин касон онро ба ин андозаи беҳад чашмдор набуданд. Аз 70 млн. доллари чанд сол пеш қарори то як млрд. доллар расондани табодули амвол байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз он далолат менамояд, ки заминаву захираҳо барои он мавҷуд мебошанд.
Тоҷибой ИКРОМОВ,
шореҳи сиёсии «Овози тоҷик».