ЯК ҒАЛАТИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

(Ба муносибати 50-солагии нашри китоби академик Б.Ғафуров — «Тоҷикон»)

Мудири шуъбаи Институти шарқшиносии СССР, академики АИ Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Борис Литвинский (1923–2010) аз муаррихони маъруфи шӯравӣ буд, ки ӯро муҳаррири масъули китоби «Тоҷикон» таъин намудаанд, ки ин шоҳасари нодири академик Бобоҷон Ғафуров баъдан соли 1972 аз нашриёти «Наука»-и Маскав бо 10 ҳазор нусха интишор гардид.
Журналисти тоҷикистонӣ Шариф Ҳамдампур бо  Б. Литвинский дар бораи  Ғафуров ва хислату атвори ӯ сӯҳбат ороста буд, ки баъдан ин мусоҳиба дар китоби ӯ «Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст» ба табъ расид, ки онро ихтисоран пешкаши хонандагони «Овози тоҷик» менамоем.
Литвинский Борис Анатолевичро дар хонаи сеҳуҷрагии кӯчаи Старый гайи шаҳри Маскав сари мизи корӣ дарёфтам. Сафедчеҳра, қоматбаланд, нармгуфтор. Дар бораи ӯ аз ҳамкоронаш зиёд шунида будам. Ӯ ҳафтае ду бор шаҳрро миёнбур карда, ба кӯчаи Жданов, 10, Институти шарқшиносии АФ СССР меояд. Ба ин маркази ховаршиносӣ Борис Анатолевич ҳанӯз солҳои шаст бо даъвати Бобоҷон Ғафуров омада буд.
Литвинский соле се моҳ ба Тоҷикистон сафар мекунад, миёни кӯҳнақалъаҳо аз уфқи асрҳо осоре аз тамаддуни мардуми тоҷикро меҷӯяд. “Як умр назди мардуми тоҷик қарздор ҳастам, – мегӯяд Борис Анатолевич ва шарҳ медиҳад, – зеро фарзанди ин миллат Бобоҷон Ғафуров маро бо фарҳанги мардуми Шарқ пайваст”.
Борис Анатолевич пиёлаи чойро сӯям дароз мекунад:
– Чойи кабуди дӯстдоштаи Бобоҷон, «95».
– Борис Анатолевич, шиносоии нахустини Шумо бо Бобоҷон Ғафуров кай сурат гирифта буд?
 Вай андаке ба андеша меравад ва ба сухан меояд:
– Солҳои чил. Замоне, ки Бобоҷон Ғафуров Котиби КМ ПК Тоҷикистон буд. Дар Тошканд аспирант будам. Дар бораи ӯ устодамон А.А.Семёнов ва профессор Массон бо самимият гап мезаданд. “Ғафуров олим аст”, мегуфтанд онҳо. Ҳамон солҳо китоби “Таърихи мухтасари халқи тоҷик”-и ӯ аз чоп баромад. Дар Душанбе соли 1951 бо ташаббуси Б. Ғафуров АФ Тоҷикистон таъсис ёфт. Семёнов барои роҳбарӣ ба Институти таърих, археология ва этнографияи АФ Тоҷикистон даъват гардид. Ҳангоми суҳбат ӯ ба ман нақл кард, ки дар Душанбе барои аҳли илму адаб шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Аз омадани А. А. Семёнов ба Душанбе (Сталинобод) чанде нагузашта, тавассути телефон бо ман гап зад ва изҳор кард, ки мехоҳад ба ман ҳамсӯҳбат шавад. Суҳбати аввалинам бо Б.Ғафуров чандон тӯл накашид. Вале донистам, ки ӯ на танҳо таърих, балки археологияро низ аниқ мефаҳмад. Ӯро марди дилбохтаи илм, худсӯзу худафрӯз, худгузару худшинос дарёфтам.
Тирамоҳи соли 1959 бо ҳамсарам Елена Абрамовна ба Душанбе кӯч бастем. Муддати аввал ҷойи зист надоштем, чанде дар истироҳатгоҳи Б.Ғафуров зиндагӣ кардем.
Рӯзи дуюми ба Душанбе омадан, ба ман хабар доданд, ки Б.Ғафуров мехоҳад ёдгориҳои таърихиро шахсан худаш бароям нишон диҳад. Б.Ғафуров, А.Семёнов, Елена Абрамовна ва ман нахуст аз Шодмонқалъа дидан кардем. Б.Ғафуров сахт мелангид, маълум буд, ки пояш дардманд аст. То чашмаи домани қалъа омаду дигар тавони қадам задан накард. Ба мо дар кадом бахши қалъа чӣ буданашро муфассал шарҳ дод. Вақте ки ба қалъа боло шудем, донистем, ки Б.Ғафуров на як бору ду бор ин ҷо омадааст.
Аз он солҳо ва баъд Тоҷикистон хонаи дуюми ман шуд. Б.Ғафуров бошад, саробони мо, олимон гардид.
Ҳодисае дар хотирам нақш бастааст. Боре ба ман Бобоҷон Ғафуров телефон кард, ки зуд ба Қумсангир равам, тракторчие кадом як ёдгории таърихиро пайдо кардааст. Замоне, ки ба он ҷо расидам, маълум гашт, ки ҳангоми ҷуфти замин хуме берун задааст. Тракторчӣ онро мекушояд. Хум пур аз тангаҳои тилло буд. Дар рӯйи кӯза муҳр ва аср сабт нагашта буд. Ман ба ҳамсарам Елена Абрамовна, ки бостоншинос буд, навиштаи тангаро хондам. Дар он номи Маҳмуди Ғазнавӣ сабт гашта буд.
Бобоҷон Ғафуров ҳама ҷойи таърихиро шахсан зиёрат карда, хоки онҳоро бо кафи даст нарм-нарм мемолид. Ин рафтори ӯ ба атрофиён бетаъсир намемонд. Ҳама кормандони масъул ба осори бостонии мардуми тоҷик мароқ зоҳир мекардагӣ шуданд.
Он солҳо хурдтарин иқдом дар роҳи илму маданият аз таваҷҷуҳи Бобоҷон Ғафуров бархӯрдор мешуд.
– Борис Анатолевич, мардуми тоҷик ҳикмате доранд: агар роҳати яксола хоҳӣ, ғалла кишт кун; роҳати даҳсола хоҳӣ, боғ бунёд кун; агар суди мардум хоҳӣ, ӯро илм биёмӯз. Оё ин ҳикмат ҳам нақше дар рӯзгори Бобоҷон Ғафуров дошт?
– Бахши сеюми масъаларо барҳақ барои ӯ гуфтаанд. Ӯ як чизро хуб дарк карда буд: касе умри абад меёбад, ки такя бар илму адаб кунад. Ӯ роҳбари ҷумҳурӣ, ходими бузурги партиявӣ буд. Лекин тарки фаъолияти илмӣ накард, чаро, ки олим буд. Олим будан одил будан аст. Шояд аз ин хотир маҳбуби мардум шудааст. Ман борҳо шоҳид будам, ки аз ӯ мепурсиданд, оё бароятон мушкил нест, ки ҳамзамон бо корҳои партиявию давлатӣ илмро низ пеш баред? Посухи ӯ яке буд: аввалан, худро бе фаъолияти илмӣ тасаввур карда наметавонам, дуюм, ман фарзанди сарзамине ҳастам, ки замоне маркази тамаддуни дунё буд. Мехоҳам, мо – тоҷикон, бо он на танҳо фахр кунем, балки бори дигар ба оламиён собит созем, ки фарзандони шоистаи ин миллат ҳастем.
– Солҳои 50-ум авҷи ҳаракати озодихоҳии миллӣ дар Осиё ва Африқо буд. Дар Институти Осиё ва Африқо (ҳоло Институти шарқшиносӣ) шахсе лозим буд, ки ҳам олими баркамол бошаду ҳам рӯҳи замонро хуб дарк кунад. Партия Б. Ғафуровро соли 1956 директори институт таъин кард. Дар ин давра робитаи Шумо бо ӯ чӣ тавр сурат гирифт?
– То соли 1965 ман дар Душанбе будам. Робитаи мо илмӣ ва дӯстона буд. Бо даъвати Бобоҷон Ғафуров ба Маскав омадам, дар Институти шарқшиносӣ мудири сектор таъин шудам. Он вақт пайваста бо ӯ дар робита будам. Ҳарчанд вусъати назар ба Ғафуров имкон медод ҳама гуна масъаларо худаш ҳал кунад, лекин аз машварати мутахассисон бархӯрдор мешуд. Ёдам ҳаст, боре маро назди худ хонд, атрофи масъалаҳои илмӣ суҳбат орост, дар анҷоми сухан изҳор намуд, ки аз нашриёт дархост расидааст, барои нашри чоруми “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” ризоият диҳам. “Назари Шумо чист?” – пурсид ӯ.
Ман гуфтам, ки ба бознашр зарурат ҳаст. Аз суҳбати он рӯз фаҳмидам, ки Бобоҷон Ғафуров дар пайи навиштани китоби “Тоҷикон” аст.
– Дар пешгуфтори “Тоҷикон” ӯ махсус ба Шумо изҳори ташаккур мекунад...
– Бале, ӯ маро муҳаррири масъули “Тоҷикон” таъин карда буд.
– Миёни муаллиф ва муҳаррири масъули китоб баҳс вуҷуд дошт?
– Бале. Сари ном ва теъдоди китоб. Зери мафҳуми «тоҷик» ман танҳо этнографияро мефаҳмидам. Ва хостам номи китобро тағйир диҳам. Аммо Б. Ғафуров ба ман исбот кард, ки ин тавр нест ва бо далелҳо маро қонеъ гардонид. Дар масъалаи дуюм ҳақ бар ҷониби ман буд. Ман теъдоди китобро 50 ҳазор нусха муқаррар кардам. Б. Ғафуров исрор мекард, ки аз 10 ҳазор зиёд нашавад. “Зеро, – гуфт ӯ – агар аз ин теъдод зиёд чоп шавад, дар дӯконҳои китобфурӯшӣ зери ғубор мехобад, беҳтар, ки кам чоп шаваду даст ба даст гардад”. Ҳақ будани ману хатои Ғафуров нахустрӯзи ба фурӯш расидани китоб исбот шуд. “Тоҷикон”-ро дар ягон мағоза пайдо кардан имкон надошт. Ҳазорон муштоқони ин китоб ҳам аз мардуми советию ҳам аз хориҷӣ, бо ташриф, занги телефон ва мактубҳои худ Бобоҷон Ғафурову маро ором намегузоштанд. Онҳо мехостанд “Тоҷикон”-ро дастрас кунанд, аммо ғайриимкон буд.
– Оё “Тоҷикон” дар хориҷа ҳам ҳаводорон пайдо кард?
– Оре. Муддате аз нашраш нагузашта, дар бисёр мамлакатҳо тақризу китобиёт чоп шуданд. Муҳаққиқе дар “Америкен христорикэл ревью” дар мақолае таҳти унвони “Академик Б. Ғафуров ва “Тоҷикон” ба китоб чунин баҳо дода буд: «Беназирии академик Б.Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои илмии марбут ба Осиё на танҳо дар он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст. Ӯ директори Институти шарқшиносии АФ СССР – бузургтарин маркази ховаршиносие низ мебошад, ки он таҳти роҳбариаш дар кӯтоҳтарин муддат муваффақиятҳои гӯшношунидро ноил гашт. Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари русии оиди мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он “Тоҷикон” аст”.
Хусусан, Ғафуровро хабарнигорон ором намегузоштанд. Боре як хабарнигори япон пас аз суҳбати дурудароз бо Бобоҷон Ғафуров ҳамсӯҳбати ман шуд. Ӯ нақл кард, ки ҳангоми дар коргоҳи Б.Ғафуров буданаш се телефон пайи ҳам занг мезад, равуои кордорон назди ӯ канда набуд. Баъд пурсид, ки Б. Ғафуров аз ҳисоби кадом вақт тавонист шоҳасаре чун “Тоҷикон” нависад?
“Тоҷикон” маҳсули шабҳои бехобист», – ҷавоб додам ман. Воқеан, ӯ хоб, истироҳат, умуман ҳастии худро фидои мардумаш карда буд.
– Аз ҷумлаи хислатҳои Б.Ғафуров кадоме ба Шумо ва ҳамкасбон писанд буд?
– Қариб ҳамаи хислатҳояш, алалхусус ғамхорӣ ва дилсӯзиаш. Боре Ғафуров аз ман пурсид, ки дар Осиёи Миёна чанд халқият зиндагӣ мекунад? Ман гуфтам, ки дар шуъбаи этнография Людмила Чуряга ҳаст, ӯ аниқ медонад. Бобоҷон Ғафуров ӯро даъват кард. Ман пай набурдаам, вале аз назари Бобоҷон Ғафуров чашмони сурхгаштаи он зан пинҳон намонд.
– Ба Шумо чӣ шуд? – пурсид аз ӯ.
– Кӯдакам касал. Доруи таъиншударо аз ягон дорухона пайдо карда натавонистам.
Б.Ғафуров дорухатро аз дасти ӯ гирифт ва гуфт: “Кӯшиш мекунам...”
Баъд аз ду соат дору дар рӯйи мизи ӯ буд.
Ба поси хотири Б.Ғафуров Л.Чуряга китобе бо номи “Зеварҳои тоҷикӣ”-ро навишт. Ғафуров аз кумак ба мардуми боистеъдод лаззат мебурд.
– Аз чӣ нафраташ меомад?
–  Аз худхоҳӣ, кӯрназарӣ, нотавонбинӣ ва аз мардуми бефазилати дастдароз...

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: