ЯК ДАСТА ГУЛ

Рӯзе гурӯҳи шоирадухтарон барои дидорбинии Ҳалима Худойбердиева ба хонааш рафта буданд.

– Баробари пахш кардани занги дарвоза дарҳол даричаи он кушода шуд,– ҳамон лаҳзаро ба хотир оварда мегӯяд яке аз онҳо, – дар рӯ ба рӯйи мо худи апа бо табассум меистод. Дар оғӯшаш як даста гул. Ин ҳолатро дида боз ҳам дасту по хурдем. Моро гӯё интизор буд! «Биёед, – гуфт Ҳалимаапа бо вазнинии ба худ хос,– ман ҳам ҳозир аз Донишкадаи кишоварзӣ, аз вохӯрии адабӣ баргаштам, бинед, якҷоя равем, мешудааст».
Ҳалимаапа моро ба дарун таклиф кард ва аз гулдастааш якдонагӣ ба ҳар яки мо дод. Ба ҳама расид, зиёдатӣ ҳам кард. Ҳамон рӯз аз устод доир ба ҳаёт, ҷамъият, адабиёт, масъулият ва виҷдони эҷодкор суханҳои фаромӯшнопазирро шунидем. 
Вақте талабаи мактаб буд, шеърҳои ӯ дар рӯзномаи вилоятӣ чоп мешуданд, назари Шароф Рашидов ҳангоми яке аз сафарҳояш ба вилояти Сирдарё ба шеърҳои ӯ афтид ва ба роҳбарони вилоят гуфта буд: «Ба ин духтар эътибор диҳед, ӯ бояд хонад, ба волидонаш фаҳмонед». Чунки он рӯзгор духтаронро барои идомаи таҳсил ба шаҳр намефиристоданд.
Ҳалима Худойбердиева  дар баробари эҷодкори боиқтидор будан, як муддат дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият бурда, барои ба роҳи рост раҳнамун сохтани инсонҳо аввало батамкин, хушмуомила, ҳалол ва соҳиби хирад буданро фаромӯш накард. Дар маҳфилҳои адабӣ низ фидокорӣ, ростӣ ва ҷасоратнокии шоираро эътироф мекарданд.
Муносибат ва эътибори роҳбари давлат ба адабиёт ва китоб ба Ҳалима Худойбердиева неруву ғайрати нав бахшид. Чунин ҳаво ва нафаси тоза, ки ба ҳаётамон дохил шуд, ӯро чун шахс ва эҷодкор эътироф намуда ранҷ, алам ва изтиробҳои солҳои тӯлонӣ кашидаашро каме бошад ҳам, ба фаромӯшӣ водор сохт.
Президент Шавкат Мирзиёев 3 августи соли 2017 ҳангоми вохӯрӣ бо эҷодкорону зиёиён доир ба масъалаҳои рушди маданият, адабиёт ва фарҳанг роҳҳои ҳаллу фасли онҳо, вазифаҳои муҳими дар назди шӯроҳои эҷодӣ ва ташкилотҳои давлатӣ истодаро ҳаматарафа муҳокима намуд. Дар ин чорабинӣ Шоираи халқии Ӯзбекистон Ҳалима Худойбердиева ба сухан баромада, доир ба мавқеи адабиёт дар ҷамъият бо ҳаяҷон ҳарф зад. 
Ғояи инсонпарваронаи  Президент «Занон, модаронро розӣ кунем, ҳамаи корҳоямон хуб мешаванд» худи ӯро низ ба ҳаяҷон оварда буд.
Шоира халқи худро самимона дӯст медошт, ба шодиву хурсандӣ ва ғаму андӯҳи он бепарво набуд. Ҳалима ҳаёти мураккабро аз сар гузаронд. Акнун лаҳзаҳои рӯшноии ҳаёташ боз ба изни худ даромада буданд, ки ӯ дунёро тарк кард... Шоира бузургонеро, ки нерӯ ва илҳомбахши эҷодиёташ буданд, бахусус, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро қадр менамуд.
– Ба чунин рӯзҳои нек расидану дидани ӯро фикр кунем, ба оташи ҷудоиҳо об задагӣ барин мешавад,– мегӯянд аъзои оилааш ба сурати бо як даста гул афтидаи шоира дида дӯхта, – охир, ба ин рӯзҳо норасидагон низ ҳастанд...
– Имрӯз Ҳалима дар шеърҳояш ба сифати паёмовари ҳақиқат ва адолат намоён мешавад. Гарчанде дар шеърҳои ӯ фоҷиаи ҳаёт ифода ёфта бошад ҳам, дар онҳо руҳияти мардонагӣ акси худро ёфтааст. Ашъори Ҳалима моро, виҷдони моро ба бедорӣ даъват мекунад, вуҷуди моро аз лоқайдиву бемасъулиятӣ тоза месозад, – гуфта буд Қаҳрамони Ӯзбекистон Озод Шарофиддинов.
Қарори Девони Вазирон «Дар бораи дар шаҳри Гулистон ташкил кардани мактаб-интернати ба амиқ омӯзондани фанҳои забони модарӣ ва адабиёт ихтисосонидашудаи ба номи Ҳалима Худойбердиева» аз 18 майи соли 2019 қабул гардид.
Бинобар қарори мазкур дар шаҳри Гулистон бинои наву муҳташами 3 қабатаи замонавӣ бунёд шуд.
Хотираи шоираи муборизи ҳақиқату адолат дар қалби наздикон ва тамоми халқамон абадӣ боқӣ мемонад. Ӯ чи тавре ки ба пешвози шогирдон бо як даста гул баромада буд, ҳамчун эҷодкори ҳақиқӣ шеър, мероси бебаҳои худро чун гулҳои тару тоза ба халқаш армуғон кардааст. Аз таровату бӯйи ин гулҳо баҳрамандшудагон ба абадияти сухан, адабиёт, бардавомии некӯиву инсонпарварӣ боварӣ доранд.
Вақте офтоб аз паси қуллаҳои баланд баромада, аз осмони софу беғубори зодгоҳ нурпошӣ мекунад, ҳар як зарраи он номи шоирашро васф мекунад, ҳар як қатраи обе, ки аз баландиҳо ба сангу шах пош хӯрда ба поён ҷорӣ мешавад, номи шоирро зикр мекунад.

Шойим БӮТАЕВ,
нависанда.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: