ЯК ДЕҲАИ ТОҶИКОНИ ДУНЁ...

Инсон метавонад дар ҳамаи гӯшаи канори дунё ба сар барад.

Синтаб, Синтаб, ҷаҳони зебо 
Синтаб,
Як деҳаи тоҷикони дунё 
Синтаб.
Дар рӯйи харита гарчи з-он 
нест нишон,
Дар синаи ҳар зодаи худ ҷо 
Синтаб.

Инсон метавонад дар ҳамаи гӯшаи канори дунё ба сар барад. Вале барои ӯ бештар он пораи Замин азиз аст, ки он ҷо хуни нофаш рехта бошад. Барои инҷониб зодгоҳам – ноҳияи Сайҳунобод, ки канортар аз соҳили дарёи  Сир доман густурдааст, маҳбубият дорад. 
Овони хурдсолӣ мо намедонистем, ки рӯзгоре бобову бибӣ ва падару модарон аз деҳаи Синтаб ва дигар деҳоти тоҷикнишини  қаторкӯҳи Нурато, барои азхуд намудани заминҳои бекорхобида, ба даштҳои Дизаху  Чӯли Мирзо (Мирзочӯл) бино ба  қарори ҳукумат кӯч бастаанд. Бобову бибӣ ва падару модарон як умр бо дилбастагии зиёд сухан аз зодбуми худ – Синтаби биҳиштосо ба миён меоварданд. Мо хурдсолон аз баланди дидгоҳи онҳо ба ватан андар Ватани онҳо – роҳу пайроҳаҳои танги кӯҳӣ, чашмаҳои мусаффо, рӯдҳои  беқарор, сангу харсангҳои азим, чоҳу корез, қуллаҳои сарбаланд, Санги Навишта, Дуоба, Чашмаи Акко, Баланди Шаҳидон, Ҳисору Яйлоқ ... менигаристем  ва орзуи як бор дидани деҳаи афсонавиро дар дил мепарваридем...
Дертар инҷониб саъй бинмудам, ки дар машқҳои худ меҳру муҳаббати бобову бибӣ ва падару модаронро ба ватани кӯчакашон  ифода намоям:
Ватан, — мегуфт бобоям, 
— дигар аст.
Ҳамеша Синтабам пеши 
назар аст.
Ба чашми туст шояд 
тӯдасанге,
Маро ҳар резасанги он гуҳар 
аст.
***
Падар аз Чашмаи Акко 
ҳамегуфт,
Зи Поён гаҳ, гаҳ аз Боло 
ҳамегуфт.
Надонам ман чаро он кӯҳзода,
Сухан як умр аз он ҷо ҳамегуфт.
***
Чу модар Синтабашро ёд 
мекард,
Дилашро аз қафас озод
 мекард.
Зи сангу чашмаҳо дар домани 
Сир,
Ту гӯӣ Синтабе бунёд мекард...
Ҳар бор сафари инҷониб ба Синтаб ба  охири баҳор ё тобистон, вақте сабзаҳо сӯхтаву кӯҳҳо урён ба назар мерасиданд, рост меомад. Ин бор имкон пайдо шуд, ки дар оғози баҳор ба Синтаб, ки бояд он ҷо тантанаҳои наврӯзӣ ва маросими ба деҳа супурдани сертификати «Деҳаи сайёҳӣ» аз ҷониби Вазорати сайёҳӣ ва фарҳанги ҷумҳурӣ  баргузор мешуд, равам. 
Сабукрав дар байни роҳи Форишу Нурато тасмаи роҳро фурӯ бурда пеш мерафт, чашм аз манзараҳои дилфиреби ду тарафи роҳ сер намешуд. Табиат рӯйи талу теппа, дашту даман ва риштакӯҳҳои Нурато гӯӣ қолии сабзи баҳориашро густурда буд.  Сари ҳар қадам дар хами кӯҳу домани пурвусъати он рамаҳо чаридан доштанд, ҷастухези барраҳои ширмаст  ба дилҳо завқ мебахшид. Ҳамсафарам – Машраб, ки ӯ низ аз манзараҳои нотакрори ду канори роҳ чашм намеканд, бо ёдрас намудани чанд сатри навмашқонаам, хомӯширо шикаст:
Дар ин ҷо ҳам баҳорон 
навҳаи меш,
Шикофад синаи кӯҳ аз 
пасу пеш.
Кананд аз барраи навзоди 
ӯ пӯст,
«Палангони ду пой»-и 
мардумандеш.
Дилам ба ҳоли барраҳои навзод сӯхт...
Бале, замину осмон сабз пӯшида буд, вале вақте чашмам ба оинаи мошин афтод, дидам, ки  сабзаҳои мӯйи сарам ранг бохтаанд.  Дар пойи кӯҳе чанд асп чаридан дошт. Овони наврасӣ аз аспсаворӣ хушам меомад. Вақте дар паҳноҳои Сайҳун тозиёна ба саманди падар мезадам,  мисли бод медавид, аз пастхамиҳо гӯӣ парида мегузашт. Аспҳои домани кӯҳ машқи дигарамро ба ёд оварданд:
Баҳор асту баҳори умри мо ку?
Фазои беғубори умри мо ку?
Чаридан дошт дар паҳнои 
сабзе,
Саманди беқарори умри мо ку?
Деҳаҳои тоҷикнишини қаторкӯҳи Нурато – Порашт, ки он ҷо устод Ҷонибек (манзили охираташон обод бод!) ба хоби абадӣ рафтаанд, Ӯхм, Моҷарм, Синтабу Соб, Эҷ, Устук бароям на кам аз Синтаб азизу муқаддасанд. Сириште бо маҳалгароӣ номуросо дорам. Сабаби дар машқҳоям ёд аз Синтабу Сайҳун карданам он аст, ки яке зодгоҳ асту дигаре ватани бобоӣ, яъне андӯхтаҳои зеҳниам аз ин манзилу маконҳост. Вагарна:
На аз Синтаб, на аз Сайҳунам, 
ай дӯст,
Ман аз ин қаряҳо берунам, 
ай дӯст.
Маро аз Ваҳдатободи ҷаҳон 
ҷӯй,
Ки бо ҳар зодааш ҳамхунам, 
ай дӯст.
Баъди фуромадани пардаи торикӣ вориди «Деҳаи сайёҳӣ» гардидем. Сутунҳои барқии чароғакҳояшон фурӯзони замонавӣ, ки гӯё дар тарафи чапи роҳ ба истиқболи меҳмонон саф кашида буданд, моро гӯё истиқбол мегирифтанд. Роҳи ҳамвори асфалтпӯш сабаби хушҳолии ронанда гардид. Бари роҳи  канори рӯди деҳаро роҳсозон ба бар то чор метр васеъ карда, ба дарозии 5 километр асфалт хобондаанд, 20 меҳмонхонаи хусусии қадафрохта, пул ва зинароҳҳои филизии (барои баромадан ба Қӯрғони  қадимӣ) устувор кардашуда ба ҳусни деҳ афзудаанд...
Субҳи рӯзи дигар дар  майдони пурвусъати варзишии мактаби рақами 38-уми деҳа, ки намои идона дошт, тантанаҳои наврӯзӣ оғоз ёфтанд. Ба қавле, замин кафида одам баромада буд. Ҳама якдигарро бо иди Наврӯз табрик мекарданд. Дар раддае хӯрокҳои миллиро ба маъраз гузошта буданд, дар гӯшае деги суманак ҷӯшидан дошт, бодпараки кӯдакон дар фазои нилӣ бол кушода буд,  ҷавонони ҳузарб гӯштин мегирифтанд. Ин ҳамаро сайёҳони хориҷӣ бо завқи дуболо тамошо мекарданд, чанде аз онҳо бо дастгоҳи аккосӣ гирди деги суманак мегашт, сӯзаниҳои хушдӯхтро ба сурат мегирифтанд. Онҳо шаҳрвандони Англия, Фаронса ва Австрия буданд.
Иштироки намояндагони Вазорати фарҳанг ва сайёҳии ҷумҳурӣ, ҳокими ноҳияи Нурато Азамат Файзиев ва сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба чорабинии наврӯзӣ шукӯҳи тоза бахшид.
Он рӯз сокинон аз эътибору ғамхории роҳбари давлат ба деҳа шод буданд.
 – Мо фикр накарда будем, ки роҳбари мамлакат ба як деҳаи дурдаст ин қадар эътибор медиҳад. Тайи ду-се соли охир симои деҳаи мо хеле дигар шуд, меҳмонхонаҳо бунёд гардиданд, ҷавонон бо шуғл фаро гирифта шуданд, зиёратгоҳҳо пасу пеш рӯйи таъмирро мебинанд, — гуфт дар суҳбат бо мо сокини 85-солаи деҳа Абдумаҷид Рӯзимуродов. – Муҳимаш, бари роҳи танги деҳа васеъ ва ба дарозии панҷ километр мумфарш карда шуд. Чандест, ки пойи сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои дуру наздик канда намешавад. Имрӯз Синтаб мақоми «Деҳаи сайёҳӣ»-ро ба даст даровард, ки мояи ифтихори мост. Фикр мекунам, деҳа дар оянда боз ҳам ободтар мешавад, мақбараҳои рамзӣ барои «Даҳ азизон» бунёд мегарданд...
Дар соҳили обанбори хурди деҳа низ, ки оби кабуди шаффоф дорад, метавон барои сайёҳон ва сокинон фароғатгоҳҳо барпо кард, барои сайр дар сатҳи об заврақҳоро дар ихтиёри онҳо гузошт...   

А. СУБҲОНОВ.
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: