«ЯК ГУЛИ МАҚСУД ДАР ИН БӮСТОН...»

Акси садо

Рӯзи дӯстии халқҳо, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар кишварамон таъсис ёфт, дар Ӯзбекистони сермиллат ба таври васеъ, савияи олӣ ва дар рӯҳи баланд бори аввал таҷлил гардид. Ба муносибати санаи мазкур, ки дар ҷумҳурии мо бори аввал қайд карда мешавад, мувофиқи фармони раҳбари давлат як қатор ҳамдиёронамон бо мукофотҳои олии Ватан – ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар байни онҳо самарқандиён низ ҳастанд.
2  июл дар ҳокимияти вилоят мукофотҳои давлатӣ тантанавор ба соҳибонашон супорида шуданд. Дар идомаи тадбир 8 нафар шаҳрванд, ки дар кишвар бобати мустаҳкамсозии муносибатҳои дӯстонаи байни миллат ва халқҳои гуногун саҳми арзанда гузошта, барои пешбурди фаъолияти марказҳои милливу фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои дӯстӣ фидокорона меҳнат кардаанд, бо нишони сарисинагии “Халқлар дӯстлиги” тақдир гардиданд. 
– Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи сарвари кишварамон дар Ӯзбекистон намояндагони миллату халқиятҳои зиёд ҳамчун фарзанди як оила дӯсту салоҳ зиндагӣ ба сар мебаранд, – гуфт ҷонишини раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирон Валерий Тян. – Чанде пеш дар Самарқанд Қасри дӯстӣ кушода шуд, ки камина ширкат намудам. Ҳоло дар хонаҳои васеъ, равшан, хушҳаво 11 маркази милливу маданӣ фаъолият мебаранд. Имрӯз як гурӯҳ раисони марказҳо бо нишони сарисинагии “Халқлар дӯстлиги” мукофотонида шуданд. Ду нафар раиси маҳалла медали “Шуҳрат” гирифт.
– Дар маҳаллаи мо намояндагони беш аз 20 миллат буду бош доранд, – гуфт раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Марҳабо”-и шаҳри Самарқанд Анҷелика Сараҷанова. – Онҳо чун узви як оила аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд. Тӯю маросимҳоямон низ муштарак. Фарзандонамон дар боғча ва мактаб якҷо таълим мегиранд. Дар кишвари биҳиштмонанди мо барои вакилони миллатҳои гуногун шароит фароҳам оварда шудааст. Мо аз ин миннатдорем. Хурсандиовар аст, ки имрӯз бо мукофоти давлатӣ – медали “Шуҳрат” сарфароз гардидам. Ин ба дил сурур ва ба дӯш масъулият мегузорад. Минбаъд низ барои равнақи Ватан таҳтидилона меҳнат мекунем.
Шоири бузург Саъдии Шерозӣ фармудааст: “Як гули мақсуд дар ин бӯстон, Чида нашуд бе мадади дӯстон”, – гуфт раиси Маркази миллию мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят, соҳиби нишони сарисинагии “Халқлар дӯстлиги” Акбар Маҳмудов. – Шахсан ман шукуфоии кишвари маҳбубамонро аз дӯстии халқҳо медонам.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: