ЯК ГУРӮҲ ЭҶОДКОРОН РАҒБАТНОК ШУДАНД

Дар арафаи 29-солагии истиқлолияти Ватани маҳбуб ҳокимияти вилояти Фарғона як гурӯҳ ғолибонро барои ширкати фаъолонаашон дар озмуни “Ту сарчашмаи нирӯ, даргоҳи бахту саодат ҳастӣ, Ӯзбекистони азиз!” бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои молӣ рағбатнок намуд.

Ба ин муносибат дар “Хонаи матбуот”-и вилоят маросими бошукӯҳ баргузор гардид. Дар он вакилони созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, шоирону нависандагон ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
– Ғолибони озмун аз рӯи нӯҳ номинатсия соҳиби ифтихорномаҳо ва мукофотҳои молӣ шуданд. Ҳамаи маводе, ки онҳо ба унвони доварони озмун фиристоданд, ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шудаанд. Матолиби ин мавод ҷанбаҳои муҳими ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоятро фаро мегирифтанд, – мегӯяд масъули дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят Муҳаммадҷон Обидов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: