ЯК ХОНАВОДА ШАШ КӮДАКРО БА ФАРЗАНДӢ ҚАБУЛ КАРД

Набиҷон ва Зиёдахон Валиевҳо дар ҷамоати шаҳрвандони Чекшӯраи ноҳияи Фарғона умр ба сар мебаранд.

Набиҷон ва Зиёдахон Валиевҳо дар ҷамоати шаҳрвандони Чекшӯраи ноҳияи Фарғона умр ба сар мебаранд. Зану шавҳар соҳиби чаҳор фарзанд– ду духтару ду писар ҳастанд. Шарофат дар синфи нӯҳуми мактаби таълимоти ҳамагонӣ, Нилуфар ва писарони онҳо–Ҳасан ва Ҳусейн дар мактаби ихтисосноки ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғона таҳсил мекунанд.
Набиҷон ва Зиёдахон мегӯянд, ки кайҳо ба фарзандӣ қабул кардани чанд нафарро аз ягон хонаи меҳрубонӣ орзу мекарданд. Ҳатто ҳарду гоҳ-гоҳ ба Хонаи меҳрубонии рақами 1-уми шаҳри Марғелон меомаданд, бо кӯдакон суҳбат мекарданд ва барояшон савғотиҳо меоварданд. 
– Ба наздикӣ ин мақсади худро ба сардори садорати Гвардияи миллии вилоят Шавкат Акбаров баён кардам. Вай аз ин мақсадам хеле хурсанд шуд ва ваъда дод, ки дар расмӣ кардани ҳуҷҷатҳо ҳатман дасти мадад дароз мекунад. Дере нагузашта маълум шуд, ки ин мақсади мо аз орзу ба ҳақиқат табдил ёфт, – мегӯяд бо хушҳолӣ Набиҷон Валиев.
Як ҳайат аз Гвардияи миллии вилоят ҳамроҳи фаъолони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаашон ба ҳавлии онҳо ташриф оварданд ва бо ӯву ҳамсар, фарзандонаш суҳбат карданд, инчунин бо шароити оилавии онҳо аз наздик ошно шуданд. 
– Баъди ин боздид аъзои ҳайати мазкур ба чунин хулоса омаданд, ки мо барои қабули шаш нафар кӯдакони хонаи “Меҳрубонӣ” омода ҳастем. Дар расмӣ намудани ҳуҷҷатҳо шӯъбаи таълими халқи шаҳри Фарғона, ниҳодҳои васигӣ ва ҳомиҳо низ ба мо кӯмак карданд. Инак, шаш нафар кӯдакони хонаи “Меҳрубонӣ”-и рақами 1-уми шаҳри Марғелон дар оилаи мо ба сар мебаранд, – мегӯяд ҳамсари Набиҷон.
Гуфта шуд, ки Шавкат Акбаров ва ноиби ҳокими вилоят Файзулло Қосимов баъди ба ҳавлии Валиевҳо интиқол ёфтани кӯдакони хонаи “Меҳрубонӣ” бо навбат аз ҳоли кӯдакон хабар мегиранд. 
– Дар Хонаи меҳрубонии рақами 1-уми шаҳри Марғелон барои кӯдакон шароити хеле хуб фароҳам оварда шудааст. Аммо аз ҳар гуна шароити хубу гуворои хонаҳои кӯдакон фазое, ки дар оила муҳайё мебошад, афзалтар хоҳад буд. Зеро дар хонаҳои меҳрубонӣ тартиби муайяни кор мавҷуд аст: ошпаз баъди кор ба хонааш меравад, тарбиячиён на ҳамеша ба кӯдаконе, ки баъди хӯроки шом гушна мемонанд, хӯрок омода мекунанд, аммо дар хона кӯдакон вақти дилхоҳ чизи хостаашонро дармеёбанд, истеъмол мекунанд ва ё мавриди навозиш қарор мегиранд, – мегӯяд Файзулло Қосимов.
Маълум шуд, ки баъди ба хонавода интиқол ёфтани кӯдакони хонаҳои меҳрубонӣ имтиёзҳои онҳо ҳифз мегардад. Вақте ки онҳо ба воя мерасанд, давлат онҳоро бо хонаву ҷой таъмин мекунад ва дар мавриди таҳсилоти ояндаашон мусоидат менамояд.
– Ин ҷиҳати масъаларо танҳо баъди ба фарзандӣ қабул намудани кӯдакон ба мо фаҳмониданд, – иброз дошт Набиҷон Валиев.
Ногуфта намонад, ки бо кумаки ходимони Гвардияи миллии вилоят ва ҳомиёни саховатманд хонаҳои хоб ва ҷои дарстайёркунии кӯдакони ба фарзандӣ қабулкардаи оилаи Валиевҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ҳоло кӯдакон дар кати нарм хоб мераванд, дар мизу курсиҳои наву замонавӣ дарс тайёр мекунанду китоб мутолиа менамоянд. Инчунин  дар ҳар як хона телевизорҳои алоҳида гузошта шудааст, то ки кӯдакон вақтҳои фориғ аз дарсу корҳои хона ба тамошои барномаҳои дилхоҳашон машғул шаванд.
– Кӯдакони ба фарзандӣ қабул кардаамон аллакай соҳиби велосипед шуданд. Вақте ки чашмони барқосои кӯдаконро дидем, беихтиёр дар чашмонамон ашк ҳалқа зад. Шодиву сурури  онҳо шодиву сурури хонаводаи моро боз афзун намуд,– мегӯяд Набиҷон. 
Вай соҳибкор аст ва ду гектар замин дорад. Дар ин замин маҳсулоти гуногун парвариш мекунад ва ҳосили аз хонавода зиёдатиашро дар бозор мефурӯшад. 
– То ин замон соҳиби чор фарзанд будем, акнун  теъдоди онҳо ба даҳ нафар расид. Масъулиятамон низ дучанд гардид. Фикр мекунам, ки дар парастории онҳо ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ нахоҳем шуд. Зеро завҷаам дар мактаби таълимоти умумии рақами 4-уми шаҳри Фарғона ҷонишини директор оид ба маънавият ва маърифат аст. Тарзи муошират бо кӯдаконро хеле хуб медонад, – изҳор кард Набиҷон Валиев.
Ёдовар мешавем, ки Президент “Дар бораи чораву тадбирҳои ҷорӣ намудани системаи комилан нави ба тарбия фаро гирифтани кӯдакони бесарпарастор ва маҳрум аз падару модар” ва “Дар бораи ҷорӣ намудани системаи нави ҳимояти давлатӣ аз ятимон ва кӯдакони маҳрум аз парастиши падару модар” қарорҳо қабул намуд. Мувофиқи ин қарорҳо хонаҳои “Меҳрубонӣ” ба Гвардияи миллӣ вобаста карда шуд. 
– Ҳоло барои ба таври мунтазам бурдани назорати кори хонаҳои “Меҳрубонӣ” ва расонидани кумакҳои саривақтӣ ба кӯдакону парасторони онҳо дар Гвардияи миллӣ вазифаи нав– ҷонишини сардори садорат таъсис дода шуд. Вай бевосита барои беҳбуди фаъолияти хонаҳои “Меҳрубонӣ” масъул мебошад, – мегӯяд сардори садорати Гвардияи миллии вилоят.
Вай афзуд, ки бар асоси қарори сарвари давлатамон солона 25 нафар тарбиячиёни хонаҳои “Меҳрубонӣ” дар осоишгоҳҳои таҳти тасарруфи Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ройгон истироҳат ва саломатии худро барқарор хоҳанд кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: