«ЯК МАКОН, ЯК РОҲ»: ИСТИҚБОЛИ ТАРАҚҚИЁТИ МУШТАРАК

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баъд аз маросими расмии кушодани анҷумани байналхалқии «Як макон, як роҳ» вохӯриҳои дуҷониба гузаронд.

ПЕКИН, 26 апрел. Хабарнигори махсуси ӮзА Матназар ЭЛМУРОДОВ хабар медиҳад.
Дар кори анҷуман роҳбарони беш аз 40 давлати хориҷӣ, ҳукуматҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ иштирок менамоянд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Сӣ Сзинпин анҷуманро кушода, ба роҳбарони тамоми ҳайатҳои хориҷӣ, вакилони доираҳои коршиносӣ ва таҳлилии зиёди иштирокдори он арзи миннатдорӣ намуд.
Раиси Чин таъкид намуд, ки лоиҳаи муштараки «Як макон, як роҳ», ки якҷоя бо СММ, СҲШ, Иттиҳоди Аврупо, Иттифоқи иқтисодии Евроосиё барин ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ба амал татбиқ мегардад, ба тараққиёти иқтисодиёт роҳи васеъ кушода, аз ин ҷиҳат он ба стратегияи тараққиёти миллии мамлакатҳои гуногун мос меояд. Қайд гардид, ки якҷоя ба амал татбиқ намудани лоиҳа дар афзоиши суръати иқтисодиёт дар тамоми ҷаҳон нақши муҳим хоҳад дошт.
Анҷумани байналхалқии «Як макон, як роҳ», ки соли 2017 бори аввал баргузор гардида буд, чун лоиҳаи мустаҳкамсозии механизмҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, ҷустуҷӯи модели нави тараққиёт, ташаккулдиҳанда ва батаҳриковаранда шинохта шуд.
Ташаббуси мазкурро, ки Чин ба пеш гузоштааст, барои роҳҳои заминӣ ва обиро ривоҷ додан ва аз тариқи ба ҳам пайваст кардан мустаҳкам намудани  механизмҳои ҳамкории байнидавлатӣ нигаронда шудааст. Ҳоло он 65 мамлакатро аз Осиё, Аврупо ва Африқо фаро мегирад. Минбаъд дар натиҷаи ба он пайвастани дигар давлатҳо ба макони ҷаҳонии иқтисодӣ табдил хоҳад ёфт.
Яке аз мақсадҳои асосии лоиҳаи «Як макон, як роҳ» дастгирии ҷаҳонии тартиби савдои озод, васеъ намудани ҳамгароии байни мамлакатҳои Осиё, Аврупо ва Африқо нигаронда шудааст. Бино бар ҳисоб, ҳаҷми умумии тахминии лоиҳа 21 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
То имрӯз беш аз 100 давлат хоҳиши дар лоиҳа иштирок карданро изҳор намудааст, беш аз 40 мамлакат барои бо Чин ҳамкорӣ намудан қарордод имзо намудааст. Дар натиҷа аз соли 2013 то соли 2017 табодули савдои Чин ва мамлакатҳои ба лоиҳаи «Як макон, як роҳ» пайваста, ба 4,8 триллион доллари ИМА расид, афзоиши солона аз 4 фоиз зиёд гардид.
Чин дар доираи лоиҳа «механизмҳои мосгардонӣ»-ро дастгирӣ менамояд, ки ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар назар дорад. Лоиҳаҳои Чин дар соҳаи транзиту логистика барои ба бозори ҷаҳон баромадани мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, бо дигар давлатҳо мустаҳкам намудани кооператсияи саноатӣ роҳи васеъ мекушояд.
Ӯзбекистон дар қатори аввалинҳо ташаббуси «Як макон, як роҳ»-ро дастгирӣ намуд ва ба яке аз аъзо-таъсисгарони он табдил ёфт. Барои мамлакатамон баромадан ба бандарҳои обӣ хеле муҳим аст. Аз ин боис дар лоиҳаҳои даҳлезҳои байналхалқии нақлиёт, ки имкони ба бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Наздик ва Африқо баромаданро медиҳад, фаъол иштирок менамояд.
Аз ҷумла, соли 2016 роҳи оҳани электриконидашудаи «Ангрен – Поп», ки водии Фарғонаро бо дигар ҳудудҳои Ӯзбекистон мепайвандад, барпо гардид. Ин хат имкон дод, ки масофаро то Чин ба 270 километр кӯтоҳ созад. Ғайр аз ин сохта шудани роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон барои мамлакатҳоямон имконоти калони иқтисодиро мекушояд. Дар натиҷа аз мамлакатамон бевосита барои ба Чин ва Шарқи Миёна баромадан имконият ба вуҷуд омада, вақти боркашонӣ то ба 5-6 шабонарӯз кӯтоҳ мегардад. Роҳҳои нави автомобилӣ, аз он ҷумла кушодани хати «Андиҷон – Уш –Иркиштом – Қашқар» алоқаҳои манфиатбахши байни давлатҳои минтақаро васеъ намуда, ба тараққиёти иқтисодии онҳо суръати иловагӣ мебахшад.
Соли 2018 дар бобати кашондани бори савдои хориҷии Ӯзбекистон аз Чин ва ба ин мамлакат аз тариқи роҳи оҳан овардан, нисбат ба соли 2017  18,2 фоиз афзуд. Дар бобати кашондани моли воридшаванда ба афзоиши 25,8 фоиз ноил гардид.
Дар маросими кушодани анҷуман дар бобати мустаҳкам намудани савдои байналхалқӣ ва алоқаҳои сармоягузорӣ, такомули таҷрибаи идораи иқтисодии мамлакатҳо, ба амал ҷорӣ намудани лоиҳаҳои рағбатноксозии барпо кардани даҳлезҳои нави нақлиётӣ ва логистика сухан ба миён омад. Таъкид гардид, ки афзудани миқдори мамлакатҳои иштирокдори ин лоиҳа онро ифода менамояд, ки дар миқёси ҷаҳон кӯшиш барои тараққиёти барқарор пурзӯр мегардад.
Рӯзи якуми анҷумани байналхалқӣ бо консерти калон, ки дар Кохи шӯрои намояндагони халқ барои иштирокдорони анҷуман ташкил гардид, ба поён расид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамин рӯз дар Пекин бо раиси Кумитаи доимии Ҷамъомади умумичинии намояндагони халқ Ли Чжаншу вохӯрд.
Сарвари давлатамон алоҳида таъкид кард, ки дар Пекин гузаронда шудани Форуми дувуми байналхалқии «Як макон, як роҳ» ва татбиқ намудани ташаббусҳои дар доираи он пешниҳодшудаи Раиси ҶМЧ Си Сзинпин ба рушди ҳамкории байналхалқӣ ва минтақавӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақаи фарохамон хидмат мекунад.
Қайд гардид, ки дар вохӯрӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин пешомадҳои нави ҳамкорӣ муайян шуданд, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии байни ду давлат хидмат мекунанд.
Ли Чжаншу дараҷаи баланди дар муносибатҳои дуҷонибаи мамлакатҳоямон ба дастомадаро бо қаноатмандии амиқ қайд намуд. Алоҳида таъкид гардид, ки дар тӯли солҳои охир дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молиявӣ, маданиву гуманитарӣ ва ғайраҳо алоқаҳо ба дараҷаи назаррас фаъол гардиданд.
Байни мақомоти қонунгузории Ӯзбекистон ва Чин таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ ғун шудааст. Мубодилаи ҳайатҳои парлумонӣ хусусияти мунтазамӣ касб намуда, шарикӣ пайваста ривоҷ меёбад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои пурзӯр гардондани назорати парлумонӣ барои иҷрои созишномаҳо дар дараҷаи олӣ баррасӣ гардиданд. Ба ғайр аз ин, қайд гардид, ки мулоқоти байнипарлумонӣ ҳамчун омили муҳими бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардондани ҳамкории дуҷониба, пеш бурдани барномаву лоиҳаҳои нав хидмат мекунад.
Раиси Кумитаи доимии Ҷамъомади умумичинии намояндагони халқ омодагиашро бобати ҳиссаи амалӣ гузоштан ба татбиқи созишномаҳои байни мамлакатҳоямон қабулшуда ва рушди минбаъдаи шарикии васеъмиқёс изҳор намуд.
Ли Чжаншу ба ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар мамлакатамон дар зинаи нав татбиқ мегарданд, натиҷаҳои воқеӣ ва самарабахшии он баҳои баланд дод. Бино бар ақидаи ӯ Президент Шавкат Мирзиёевро аз нуқтаи назари сиёсат ва миқёси ислоҳот ва мақсадҳояш бо асоси пурра бо ислоҳотгари бузурги Чин Дэн Сяопин муқоиса намудан мумкин.
Бино бар ҷамъбасти вохӯрӣ дар бораи фаъол гардондани алоқаҳои парлумонӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ба мақсади амиқ омӯхтани таҷриба дар пеш бурдани ислоҳоти самарабахш ва дигаргунсозиҳо аҳду паймон шуд.
Президент дар қароргоҳи барояш ҷудошуда  бо Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш вохӯрд.
Сарвари давлатамон Котиби генералиро гарму ҷӯшон истиқбол намуда, таъкид кард, ки суҳбати пурмазмунро бо ӯ дар Самарқанд ва Ню-Йорк, ки имкони мустаҳкам намудани шарикии Ӯзбекистонро бо институт ва созмонҳои СММ фароҳам овард, бо самимияти хосса ба ёд меорад. Шавкат Мирзиёев ба Антониу Гутерриш барои дастгирии шахсиаш ба конфронс оид ба Осиёи Марказӣ дар Самарқанд ва оид ба Афғонистон дар Тошканд, Форуми Осиё оид ба ҳуқуқи инсон дар Самарқанд ва чорабиниҳои дигар миннатдорӣ изҳор намуд.
Президентамон қайд намуд, ки ташаббус ва саъю кӯшиши Котиби генералиро бино бар ислоҳсозии СММ, таъмин кардани бехатарии байналхалқӣ ва устуворӣ, рушди устувор пурра дастгирӣ менамояд. Таъкид гардид, ки дигаргуниҳои мазкур ба пеш бурдани ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистон дар доираи иҷрои Стратегияи рушди мамлакат фаъол мусоидат менамояд.
Саркотиби СММ қайд намуд, ки аз бори дигар вохӯрдан бо Президенти мамлакатамон мамнун мебошад, ташаббусҳои Ӯзбекистон дар мустаҳкам намудани амнияти байналхалқӣ ва минтақавӣ, рушди минбаъдаи таълим, маънавият, экология, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо нақши муҳим дорад.
Ӯзбекистон ба мустаҳкам намудани муносибатҳои эътимод ва некҳамсоягӣ, васеъ гардондани ҳамкории ба ҳамдигар муфид бо мамлакатҳои ҳамҷавор саъю кӯшиши қатъӣ дорад. Роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои таъсирбахш ёфт шуданд ва алоқаҳо бо тамоми ҳамсояҳо ба дараҷаи сифатан нав бароварда шуданд. Дар тӯли ду соли охир муомилоти мол бо давлатҳои ҳамсоя қариб ду баробар афзуд.
Аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ қабул намудани резолютсияи таърихӣ бино бар Осиёи Марказӣ ва оид ба маърифат ва кушодадилии динӣ эътирофи байналхалқии саъю кӯшиши Ӯзбекистон гардид. Мамлакатамон оид ба тайёр намудан ва қабул кардани Конвенсияи  байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқи ҷавонон ташаббуси муҳимро пешниҳод менамояд.
Ба туфайли кӯмаки Котиби генералӣ Антониу Гутерриш фаъолияти Фонди трастии бисёршарикӣ барои ҳавзаи Наздиарал таҳти шафоати СММ ташкил шуд. Дар ин минтақа ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар лоиҳаҳо татбиқ мегарданд.
Антониу Гутерриш ба чорабиниҳое, ки дар Ӯзбекистон оид ба баланд бардоштани дараҷа ва сифати ҳаёти аҳолии Наздиарал, дар минтақа бунёд намудани манзилҳои замонавӣ, объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ ва саноатӣ, инчунин умуман коҳиш додани оқибатҳои ногувори фоҷиаи Арал андешида мешаванд, баҳои баланд дод. Дар беш аз 500 ҳазор гектар қаъри хушкшудаи Арал ҷангалзорҳои ҳимоя барпо карда шуда, дар 1,1 миллион гектар низоми гирифтани пеши роҳи рег офарида шуд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки бино бар ҷамъбасти конфронси байналхалқӣ оид ба рушди инноватсияҳои экологӣ ва технологияҳо дар назди Арал, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар Нуқус баргузор мегардад, Ӯзбекистон ният дорад бо ташаббуси қабул намудани резолютсияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ оиди «Минтақаи инноватсияҳои экологӣ ва технологияҳо» эълон намудани ин минтақа барояд.
Ба ғайр аз ин, таъкид гардид, ки дар соли 2020 дар Тошканд бино бар масъалаҳои татбиқи Протоколи монреалӣ оид ба воситаҳое, ки қишри азониро барбод мекунад, конфронси байналхалқӣ баргузор мегардад.
Қайд гардид, ки ҳарчи зудтар бо роҳи сулҳу осоиш ба танзим овардани вазъият дар Афғонистон омили асосии таъмини устуворӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад. Ӯзбекистон Афғонистонро ба ҳамкории минтақавии иқтисодӣ фаъол ҷалб намуда, лоиҳаҳои муштараки тиҷоратӣ, инфрасохторӣ ва иҷтимоиро пеш мебарад.
Антониу Гутерриш бори дигар  таъкид намуд, ки  ба рушди минбаъдаи ҳамкории васеъмиқёс бо Ӯзбекистон кӯмаки зарурӣ мерасонад.
Шавкат Мирзиёев бинои нави сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Чинро аз назар гузаронд.
Дар солҳои охир муносибатҳои Ӯзбекистону Чин бинобар тамоми самтҳо, аз он ҷумла, тиҷорату иқтисодиёт, сармоя, энергетика, технология, равобити маданиву гуманитарӣ фаъол ривоҷ меёбанд.
Бинои нави сеошёнаи ваколатхонаи дипломатии мамлакатамон бо иштироки устоёни фарғонагӣ дар асоси анъанаҳои миллии бинокорӣ, комёбиҳои меъмории замонавӣ бунёд ёфтааст. Сафоратхона дар яке аз мавзеи корчаллонии Чаоянги шаҳри Пекин дар паҳлӯи намояндагиҳои дипломатии ИМА,  Ҷопон,  Малайзия, Сингапур ҷойгир шудааст.
Дар ошёнаи якум толорҳои «Самарқанд», «Бухоро», «Хива» ва «Қӯқанд», ки барои баргузор намудани музокирот, чорабиниҳои корӣ ва маданӣ пешбинӣ шудаанд, воқеъ гардидааст. Айвони даромадгоҳи сафоратхона анъанаҳои миллӣ ва маданияти бойи халқамонро инъикос намудааст.
Сарвари давлатамон бо шароитҳои  ин ҷо шинос шуда, аз бо услуби миллӣ ороиш дода шудани даргоҳи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки иншооти нав таҷассуми эътибори баланди ҷониби Чин ба ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон мебошад.
Бинои мазкур марказе мегардад, ки халқҳоямонро қарин мегардонад, ҳамкории ба ҳамдигар муфидро дар соҳаҳои мухталиф вусъат медиҳад, алоқаҳои байнимаданиро ғанӣ мегардонад. Он ба коркарди ғояву ташаббусҳои нав, ки ба мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Чин нигаронда шудааст, мусоидат менамояд.
Ташрифи амалии Президентамон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: