«ЯК МАҚСАД, ЯК РОҲ»: ПЕШОМАДИ САЪЮ ҲАРАКАТҲОИ МУШТАРАК

14 май дар Тошканд вобаста ба мавзӯи «Ӯзбекистон ва Чин: пешомади муштаракона татбиқ сохтани «Як мақсад, як роҳ» конфронси байналхалқӣ баргузор шуд.

14 май дар Тошканд вобаста ба мавзӯи «Ӯзбекистон ва Чин: пешомади муштаракона татбиқ сохтани «Як мақсад, як роҳ» конфронси байналхалқӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ, ки якҷо бо Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Фарҳангистони улуми ҷамъиятии Шанхай ва Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон созмон дода шуд, коршиносони марказҳои номдори тадқиқотии Чин, роҳбарони намояндагии дипломатии давлатҳои хориҷӣ дар мамлакати мо, вакилони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои ҷамъиятӣ, олимон иштирок карданд.
Дар конфронс директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В. Норов, котиби кумитаи ҳизбии Академияи улуми ҷамъиятии Шанхай Юй Синхуэ ва дигарон зикр намуданд, ки ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Чин дар тамоми самтҳо мустақимона пеш мераванд, лоиҳаи «Як мақсад, як роҳ» бобати вусъат додани робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ нақши муҳим мебозад.
Ташаббуси мазкур соли 2013-ум аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин пеш гузошта шуда буд. Мақсади асосии он барқарор кардани роҳи Шоҳроҳи қадимаи абрешим, аз тариқи он инкишоф додани ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ, муттаҳид сохтани инфрасохтори нақлиёт, қаробати фарҳангии кишварҳои ҳамҳудуд, мустаҳкам намудани сулҳу амният дар минтақа ба шумор мераванд.
Ӯзбекистон лоиҳаи «Як мақсад, як роҳ», ташаббусҳои вобаста ба соҳаҳои нақлиёт, тиҷорат, сармоя, энергетика ва технологияҳои олиро дастгирӣ мекунад. Кишвари мо дар доираи ҳамкориҳои коркарди барномаҳои оид ба кушодани хатсайрҳои нақлиётиву логистикӣ, ки Осиёи Марказиро бо мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ, Аврупо аз тариқи Чин ва Русия пайванд мекунанд, фаъолона иштирок менамояд.
Дар соли 2016-ум боз гардидани хатти роҳи оҳани Ангрен-Поп қисми муҳими гузаргоҳи байниминтақавии нақлиётӣ ба шумор меравад. Ӯзбекистон корро дар ин самт мунтазам идома медиҳад. Чунончи, роҳҳои бевоситаи ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилгард бо Тоҷикистон барқарор гардонда, пулҳои нави роҳи оҳан ва автомобилгарди Туркменобод – Фароб аз болои рӯди Ому сохта, ба истифода супурда шуданд.
Дар бораи сохтмони роҳи оҳани Ӯзбекистон – Қирғизистон – Чин муоҳида ба имзо расид. Минбаъд идома додани роҳи оҳани Ҳайратон – Мазори Шариф то Ҳирот ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокдорон дар бораи вазифаҳои бартаринок ва ҳамкориҳои пешомадноки ӯзбекистониву чинӣ дар соҳаҳои коммуникатсияҳои нақлиётӣ, савдо, иқтисодиёт, сайёҳӣ, илм ва таълим мубодилаи афкор карданд. Корҳои татбиқ сохтани ташаббусҳо бинобар ҳамкории тарафайни минтақавӣ ва амнияти он, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Анҷумани байналхалқии Пекин «Як мақсад, як роҳ», ки моҳи майи соли 2017-ум баргузор шуда буд, пешниҳод гардидааст, баррасӣ шуданд.
– Шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Чин барои татбиқ сохтани лоиҳаи «Як мақсад, як роҳ», шароити мусоид фароҳам меоварад, – мегӯяд коршиноси Маркази омӯзиши Русия ва кишварҳои Осиёи Марказии Академияи тадқиқоти байналхалқии Шанхай Чжао Лонг. – Ташаббуси «Як мақсад, як роҳ» барқарор кардани Шоҳроҳи абрешимро дар назар дорад, ки дар собиқа фарҳангҳо ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Шарқ ва Ғарбро вобаста мекард. Лоиҳаи мазкур барои минбаъда вусъат додани ҳамкориҳои иқтисодӣ, мусоидати савдо ва сармояҳо, рушди инфрасохтори нақлиёт ва коммуникатсияҳо, мустаҳкам кардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ, таълим ва фарҳанг муҳим мебошад. 
Дар конфронс аз хусуси таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Чин, аз ҷумла дар бораи вазифаҳои мустақимона татбиқ сохтани муоҳидаҳои дар доираи лоиҳаи «Як мақсад, як роҳ» ба имзорасида, ки ба манфиати ҳар ду халқ ҷавобгӯ мебошанд, сухан рафт.
– «Як мақсад, як роҳ» созмон додани роҳҳои нави нақлиётиву тиҷоратии байни зиёда аз 60 кишвари Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро дар назар дорад, — зикр кард роҳбари шуъбаи Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Сотиболдиев. – Кишварҳои мазкур 55 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро истеҳсол мекунанд, дар онҳо 75 фоизи захираҳои энергетикии ҷаҳон мавҷуданд, ки аҳамияти ин лоиҳаро беш аз пеш меафзояд, вай метавонад ҷомеаи байналхалқиро дар атрофи мақсадҳои ягонаи пешрафт муттаҳид кунад.
Лоиҳаи «Як мақсад, як роҳ» ҳамчун модели нави ҳамкории байналхалқӣ низ қабул карда мешавад, зеро он ба равандҳои истифодаи самарабахши имконияти давлатҳои пешқадам ва кӯмак ба кишварҳои иқтисодиёташон дар инкишоф такя менамояд.
– Шоҳроҳи абрешим на фақат барои рушди тиҷорат, балки барои қаробати мадании минтақаҳо низ воситаи муҳим буд, – гуфт Томас Чан, директори пажӯҳишгоҳи тадқиқотии «Як мақсад, як роҳ»-и коллеҷи Чу Хай. – Мо дар доираи лоиҳа ният дорем ҳамкориро бо Ӯзбекистон дар соҳаҳои таълим ва сайёҳӣ мустаҳкам кунем. Дар конфронси ҳолоина бобати коркарди таклифҳои дахлдор ба муоҳида расидем.
Дар конфронс бинобар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, нақлиётиву логистикӣ, маданиву инсонпарварӣ, шарикии муфиди тарафайн дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Як мақсад, як роҳ» тавсияҳои амалӣ андешида шуданд.
Дар конфронс Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ректори Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. Қосимов баромад кард.

Улуғбек ШОНАЗАРОВ, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: