«ЯК МИЛЛИОН ДАРАХТ» —ИҚДОМИ ХАЙР

Имрӯзҳо чун дар ҳамаи шаҳру ноҳия ва деҳаҳои кишвар дар вилояти Сирдарё низ иқдоми “Як миллион дарахт” идома дорад.

Имрӯзҳо чун дар ҳамаи шаҳру ноҳия ва деҳаҳои кишвар дар вилояти Сирдарё низ иқдоми “Як миллион дарахт” идома дорад. Боиси хушнудист, ки ин тадбири нек намуди ҳашарро гирифта, ба он пиру барнои вилоят: аҳли ҷамоаҳои меҳнатӣ, заводу фабрикаҳо, муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ якдилона ҳиссагузорӣ мекунанд. 
Ба наздикӣ бо ташаббуси дастпарвари собиқи мактаби рақами 19-уми ноҳияи Сайҳунобод – роҳбари Садорати низоми обёрӣ тавассути насосҳо (УНС)-и вилоят Ҷӯрабой Шарипов дар мактаби номбурда тадбири хайрия баргузор гардид. Ҷӯрабой бо ҳамсинфони худ Бердимурод Бобоев, Абдумуъмин Файзуллоев ва Ҳамробой Мирзоев ба боғи мактаб ниҳолҳои арча ва дигар дарахтони сояафкану мевадеҳро оварда шинонданд.
– Масъалаи таълиму тарбия, эътибор ба ҷавонон, умуман сиёсати оид ба ҷавонон имрӯз зери назорати Президент қарор дорад, ки беҳуда нест, – мегӯяд Ҷӯрабой. – Зеро ояндаи дурахшони ватани маҳбубамонро маҳз ҷавонони имрӯз меофаранд. Зиндагии ҳолоина шиддату суръати дигар дорад ва мо бояд ба ҷавонон чунон таълиму тарбия диҳем, ки онҳо ҳамқадами замон бошанд.
– Ғамхорӣ ба мактаб ва ба маҳалла аз як тараф арзи сипос бошад, аз сӯйи дигар як навъ зуҳуроти ватандӯстӣ аст, – сухани ҳамсабақи худро давом медиҳад Бердимурод Ҷӯраев. – Панҷоҳу чор сол қабл мо ҳамин мактабро тамом карда будем ва аз тайи шебу фарози умри даргузар дарёфтаамон он аст, ки некиву накӯкорӣ мероси беҳтарини инсон будааст.
Чанд ниҳол оварда ба боғи мактаб шинондан воқеаи оламшумуле нест, аммо зоҳир намудани арзи сипос, ё худ эътибор ба мактабу ҷамоаи дирӯзаву кунунии он, албатта, шоёни таҳсин аст. Гузашта аз ин, шубҳае нест, ки чашми ибрати дигар дастпарварони мактаб боз асту онҳо ин иқдомро идома хоҳанд дод. 

Т. БОҚИЕВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: