ЯК НАЗАР БА САРҲАДИ ЗАБОН

Тараққӣ кардан ё завол ёфтани забон аз ҷамъият вобаста аст.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст,
То забон дорад ватандор аст ӯ,
То забондор аст бисёр аст ӯ!

Тараққӣ кардан ё завол ёфтани забон аз ҷамъият вобаста аст. Оила, ки як ҷузъи ҷомеа ба ҳисоб меравад, дар камолу равнақи забон нақши муҳим мебозад. Дар оилае, ки волидайн ба забони худ эҳтироми хоса доранд, ба дили фарзандон меҳри забон ҷойгузин мегардад. Мо набояд аз дастовардҳои миллат мағруру ҳавобаланд  шавем, ҳамчунин набояд забони дигарро аз забони худ боло гузорем. Баъзе оилаҳо мансуби миллати тоҷик бошанд ҳам, аҳли онҳо ба дигар забон сухан меронанд, ки ин боиси коста шудани меҳр ба забони модарӣ мегардад. Ин ҳолатро нафақат дар оилаҳо, балки дар ҷамъият ҳам дидан мумкин аст. Гузашта аз ин борҳо мушоҳида кардаем, ки аз калимоту таъбироти ғайр бемавқеъ истифода бурда, ҳам забони худ ва ҳам он забонро хароб мекунанд. Ин одат бештар дар байни ҷавонон ба назар мерасад. Агар мо, ҷавонон ба забони худ чунин беэътиноӣ кунем, пас вой бар ҳоли ояндаи он. Маҳз барои ҳамин шоираи ширингуфтори мо Гулрухсор фармудааст: “Марги миллат аз марги забон сар мезанад, марги забон бошад, аз беномусиву бегонапарварии соҳибзабонон”.
Барои омӯхтану донистани забони модарӣ дар ҷумҳурии мо бояд ҳадди ақалл ба рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна шуд. 

Нозанин АБСАТТОРОВА, 
донишҷӯйи соли дуюми гурӯҳи тоҷикии
 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: