ЯК НОН ФАЙЗИ ДАСТУРХОН НАМЕШАВАД...

Ҳақ бар ҷониби шоир аст.

То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун...
Ҳақ бар ҷониби шоир аст. Дӯст воқеъан беҳтарин ва наздиктарин кас аст. Дӯст он аст, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад маслиҳатгари қарин бошад. 
Дӯст он бошад, ки айби ёрашро
Ҳамчу оина рӯ ба рӯ гӯяд.
На ин ки чун шона ба сад забон,
Аз қафо рафта, мӯ ба мӯ гӯяд.
Ҳамин дӯстист, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъ ва хонаободанд. Дӯстонанд, ки беморон дардро, ғамдорон ғамро ва хушбахтон дилхуширо бо ҳам дида аз дардҳову хушбахтиҳои ҳамдигар огоҳ мегарданд. Кас наметавонад камбудиву афзалияти хешро хубу бомаврид эҳсос кунад. Инсон дар кору фаъолияти худ ба касе, ба тарбияе ниёз дорад, хоссатан ба дӯст. Зеро як дон хирман намегардад, як нон файзи дастурхон намешавад, муғчае бе ҷамоли офтобу боди субҳ намешукуфад. Инсон низ бе дӯсти наздик мисоли моҳиест, ки аз об бурун афтодааст.
То абад бо дӯстон осудагист,
Марг ҳам бе дӯстон осон нашуд,
 – гуфтаанд. 
Дар урфият мегӯянд: Дӯстон се навъанд: забониву нониву ҷонӣ.
Дӯстони ҷонӣ – онҳое ҳастанд, ки дар ҳама маврид шарики ғаму шодистанд:
Дӯст машмор он,
 ки дар неъмат занад,
Лофи ёриву бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад 
дасти дӯст,
Дар парешонҳолию 
дармондагӣ.
Нақле ҳаст: «Дар зиндагӣ бародар хуб аст ё дӯст? Бародар, агар дӯст бошад!», гуфта мешавад дар он.
Ҳатто дар оилае, ки дӯстиву рафоқат вуҷуд надорад, ягонагиву якдигарфаҳмӣ буда наметавонад, бинобар ҳамин фарзандон низ, бояд тифоқу дӯсти якдигар бошанд.
Мардуми тоҷик мардуми меҳмоннавозу дӯстпарваранд ва дӯстонро бо тамоми вуҷуд, ҷону дили худ дӯст медоранду мепарваранд. Ҳақиқат аст, ки саодату камолоти ҳар миллату давлат ва бахту иқболи онҳо аз робитаи дӯстӣ пойдор мегардад. Дӯсти ҳақиқӣ ҳамеша мекӯшад, ки ба шодии дӯсти худ шодӣ зам намояд, хотири болидаашро болидатар гардонад.
Ҳамон дӯстӣ бо касе кун
 баланд,
Ки бошад ба сахтӣ туро 
ёрманд.
Пас, биёед, ҳамватанону пайвандони дилу дида, пайи афзудани дӯстони ҷонӣ, ки  ҳар каломашон равшангари имону ҷонамон бошанд, саъй созем. Ба таъбири Ҳофизи ширинсухан:
Дарахти дӯстӣ биншон, 
ки коми дил ба бор орад, 
Ниҳоли душманӣ баркан, 
ки ранҷи бешумор орад, 
амал кунем.

Дилафрӯз АЛУЛЛОЕВА, 
омӯзгори мактаби таълими умумиии рақами 9-уми ноҳияи Сариосиё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: