ЯК ПОРА БИҲИШТ ДАР ДИЛИ ДАШТ

Ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Зевар»-и ноҳияи Бандихони вилояти Сурхондарё аз мавзеъҳоест, ки аҳолиаш тоҷиконанд.

Бандихон замоне шомили ноҳияи Бойсун будааст. Баъдтар масоҳати худро аз ҳисоби заминҳои навоҳии Қумқӯрғону Қизириқ афзуда, ба ноҳияи алоҳидаи пахтакор табдил ёфтааст. Заминҳои он аз канали Ҳазорбоғ шодоб мегарданд. Пасобаи ҳамин канали дар замони ҳукумати шӯравӣ сохта шуда, ба деҳаи Зевару атрофи он мерасад.
Маҳаллаи Зевар дар ноҳияи Бандихон ҷавонтарин ба ҳисоб меравад. Аҳолӣ ба ин ҷо соли 2001 аз деҳаи Зевари Дараи Ниҳони ноҳияи Сариосиё иҷборан кӯчонда шудаанд. Дараи Ниҳони вирди забонҳо аз 9 деҳаи тоҷикнишин иборат буд ва Зевар аз сераҳолитарини онҳо маҳсуб меёфт. Сокинон номи ватани аҷдодии худро ба маҳаллаи навбунёд гузоштанд ва инак 22 сол аст, ки дар ҳамвориҳо зиндагӣ мекунанд.
Зевар аз маркази Бандихон дар масофаи 18 километр ҷой гирифтааст ва ҳарчанд дар ибтидои ташкил шудан роҳи ягонаи онро  мумфарш карда буданд, бо гузашти солҳо ҳоло хароб аст. Ба гуфтаи сокинон дар бунёди роҳ ба меъёри роҳсозӣ риоят нашудааст. Акнун доди мардумро дар ягон ташкилоти давлатӣ намешунаванд ва раҳбарон ҳам фақат ваъда медиҳанд. 
Раиси ҷамоати шаҳрвандон Эшмирзо Ризоев зимни суҳбат гуфт, ки дар ибтидо (соли 2001) деҳа 960 нафар аҳолӣ дошт ва аз 126 хонадон иборат буд. Ҳоло шумори хонадонҳо як баробар афзуда, ба 241 расидааст, ки 323 оиларо ташкил медиҳад. Ҳоло дар Зевар 1389 нафар мард ва 700 нафар зан зиндагӣ мекунанд. Мардум аслан бо кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғул буда, аз замини наздиҳавлии худ соҳиби даромад мешаванд, ки барои таъмини ниёзи оила масраф мегардад. Зевар назар ба дигар деҳоти атроф ободтар буда, дар дили дашти бекарони Бандихон гӯё як пора биҳишт аст. Деҳаро фарзандони меҳнатдӯсташ обод кардаанд. 
Эшмирзо Ризоев мегӯяд, ки Зевар се фермаи хуб дорад. Ба онҳо Ҳамза Нозимов, Ҳафизуллоҳ Холов ва Тӯйчӣ Эшмирзоев раҳбарӣ мекунанд ва дар қитъаҳои замини худ пахтаву ғалладона кишт менамоянд. Як идда ҷавонони деҳа дар ин хоҷагиҳо кор карда, ризқи худ ва оилаашонро пайдо мекунанд. Дар парвариш ва ғунучини пахта занону духтарони хонашини деҳот низ ҷалб мегарданд.
Маҳаллаи Зевар як бунгоҳи оилавии тиббӣ низ дорад ва Раҳматуллоҳ Амиров роҳбари он аст. Дар ин бунгоҳ 22 нафар шифокор машғули кор ҳастанд ва пайваста барои беҳбуди сиҳатии мардум мекӯшанд. Аз хидмати ин бунгоҳ аҳолии деҳаи Хоҷаи Пок низ бархурдор мегарданд.
Ба гуфтаи раиси маҳалла Эшмирзо Ризоев, ҷавонони Зевар кайҳо ба ҳаёти нав дар ҳамвориҳо одат карда, иддае аз онҳо барои чидани ризқи парешон ба Русия ва гӯшаву канори Ӯзбекистон мераванд, онҳое, ки касбу ҳунар доранд, хидмати мардуми атрофро ба ҷо оварда, чархи рӯзгор мегардонанд. Ӯ зикр намуд, ки ду нафар аз занони маҳалла Зубайда Сафарова ва Хонойим Турдиева ба рӯйхати «Дафтари оҳанин» ворид шудаанд ва пайваста аз ғамхориҳои ҳукумат бархурдоранд. Имсол боз 28 нафар зан ба рӯйхати «Дафтари занон» дохил карда шуданд, ки мувофиқи нақшаҳои роҳандозишуда кумакҳоро дарёб хоҳанд кард. Соли 2022-юм 13 зани маҳалла кумаки моддӣ гирифтанд. Ду нафар бо дастгоҳи пазандагӣ (духовка) ва се нафар бо мошини дарздӯзӣ таъмин карда шуданд. Ҳашт нафар модарони ниёзманд муддати як сол ба миқдори 1 миллиону 200 ҳазор сӯм аз буҷаи давлат кумак гирифтанд. Имсол ба 36 нафар бошандаи Зевар аз ҳисоби заминҳои мавҷуда 50 сотихӣ замини иҷора дода шуд, ки муҳлати истифодабарии онҳо 30 сол аст. Назар ба шикояти бошандагон деҳа бештар ба оби ошомиданӣ ва обёрии заминҳо ниёз дорад. Оби тоза ҳафтае як маротиба аз тариқи лӯлаҳо боз мегардад ва аҳолӣ ин неъмати ҳаётбахшро захира мекунанд. Вале барои кишти зироату обёрии заминҳо кифоят намекунад ва мояи нигарониҳо мебошад. Агар ин мушкил ҳаллу фасл шавад, зиндагии мардум боз ҳам обод хоҳад шуд.
Зевариён бо забони модарии худ дар мактаби рақами 29-уми ноҳия таълим мегиранд. Ин дабистон дар ҳудуди деҳа сохта шуда, 673 нафар хонанда дорад. Як қисми ин муҳассилон фарзандони мардуми ӯзбектабор мебошанд, ки ба далели дурии роҳ дар ин таълимгоҳ мехонанд. Директори мактаб Иброҳимҷон Ҳайдаров мегӯяд, ки мардуми атрофи Зевар ба саводи баланди омӯзгорони мактаби рақами 29 арҷ мегузоранд ва хостори он шудаанд, ки фарзандонашон дар ҳамин мактаб таҳсил гиранд. Акнун омӯзгорони тоҷик ба ҷуз синфҳои тоҷикӣ бидуни мушкилие ба хонандагони ӯзбек ҳам дарс медиҳанд. Ин ҷо як фазои хуби дӯстӣ ҳукмрон аст, ки назирашро наметавон дар дигар ҷой пайдо кард. Муҳассилини ӯзбекзабон ба забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва тоҷикон низ ба забони давлатӣ хуб балад ҳастанд. Дар ҳама гуна чорабиниҳои мактаб хонандагон баробар ширкат меварзанд.
Иброҳимҷон Ҳайдаров изҳори қаноатмандӣ намуд, ки соли гузашта 10 нафар шогирдони дабистон ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд. Ин дар байни макотиби ноҳияи Бандихон нишондоди хуб аст. Миралӣ Амонуллоев, Ҷаҳонгир Дӯсалиев, Бахтиёр Ризоев, Абулаббос Азизов, Мирзоалӣ Сафаров ва Азамат Нозимов аз зумраи омӯзгороне ҳастанд, ки бо дониши фароху таҷрибаи хуби худ дар байни ҷамоаи 50 нафараи омӯзгорони дабистон обрӯи хуб доранд. Тибқи нишондоди Президент дар мактаби Зевар ҳам ба сифати таълим эътибори ҷиддӣ дода шуда, мувофиқи талаботи шароити маҳаллӣ ба хонандагон касбҳои дӯзандагӣ ва боғдорӣ омӯзонда мешаванд. Аммо то ҳанӯз набудани толори варзишӣ аз мушкилоти мавҷудаи дабистон мебошад.
Эшмирзо Ризоев дар анҷоми суҳбат гуфт, ки агар муаммои ҷойи сохтмони боғчаи бачагон ҳал гардад, деҳа соҳиби кӯдакистони замонавӣ мешавад. Дар натиҷа боз чандин нафар аз аҳли Зевар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: