Нисфи шаб буд.
Нисфи шаб буд. Ман он шаб дар худ намегунҷидам. Тамоми вуҷудамро эҳсоси аҷибе фаро гирифта буд. Зеро ман шеър навишта будам. Бале, шеър. Мехостам аз шодӣ ба рақс дароям. Аммо хоби ширини се нафар шариконамро дида худдорӣ кардам. Ба худ бовар намекардам, ки ман шеър навиштаам. Пораи шеърамро такрор аз назар мегузарондам. Аз зуҳури ин чакида ашк дар чашмонам ҳалқа мезад. Ашки шодӣ. Ин ишқу ошиқӣ буд, ки ман ба шеърнависӣ пардохтам. Ман ӯро хеле дӯст медоштам. Сафедаки дӯстрӯяки ҷингиламӯйро. Шеъри худро низ ба ҳамон ҷингиламӯй бахшида будам.
Бесаброна интизор будам, ки кай рӯз мешаваду ман ин навиштаи худро ба ӯ мехонам. Дар бораи дар куҷо ва чӣ гуна хондани шеъри худ фикр мекардам...
Пораи шеър ба даст дар роҳи пурпечутоб тез-тез қадам мемондам. Бо сад хаёли ширин ба дари донишгоҳ расидам ва қарор кардам, ки аз дарс баромадани маъшуқаи худро дар ҳамонҷо интизор шавам. Ногоҳ овози ҷарангосии зангула садо доду тамоми баданам аз ҳаяҷон ба ларза омад. Яқинан медонистам, ки ӯ бо сад нозу дилрабоӣ аз дари донишгоҳ мебарояд.
Селаи донишҷӯён, ки аз дари донишгоҳ мебаромаданд, кам намешуд. Ман бошам аз дари донишгоҳ чашм намекандам. Дар сояи дарахти сафедор, ки бо шоху баргҳои худ ҷисми чун дар обу оташ афтодаи манро аз сӯзиши офтоби тафсон наҷот медод, рост меистодам.
Ниҳоят духтараки ҷингиламӯй, бо нозу назокат қадамзанон, дар иҳотаи дугонаҳояш берун омад. Мӯйҳои маллааш дар зери нурҳои офтоб чун тилло медурахшиданд. Аз чеҳраи гулгуну хандони ӯ маълум буд, ки табъаш болида аст.
Ӯро бо дугонаҳояш дида ба наздаш рафтанро барои худ фурсати номуносиб донистам. Дар пушти дарахт пинҳон шудам ва шеъри аввалини худро охирин бор аз назар гузарондам. «Ба ӯ хонам ё нахонам?» аз дил мегузарондам.
Аз овози баланди онҳо маълум буд, ки хеле наздик омадаанд ва ман бе ҳеҷ монеа гапҳои онҳоро мешунидам.
Яке аз онҳо гуфт :
– Шунидед? Дӯстдори Фарида барои ӯ дар зодрӯзаш шеър туҳфа кардааст. Як варақ шеър.
Ҳамагӣ қаҳ-қаҳ зада хандиданд ва истоданд. Гӯё кадом як дугонаи ақибмондаи худро интизор мешуданд.
– Наход шеър туҳфа карда бошад? Магар ҳозир замони шеър туҳфа мекардагист?– гуфт яке аз онҳо.
Ногоҳ овози шиносе ба гӯшам расид, ки гапҳои онҳоро об медод :
– Кадом одами аз замон ақиб монда будаст-дия. Соат ё дастпонаи тилло тӯҳфа кун буд. Як даста гул мешуд ҳам майлаш буд. Аз шеъри вай чӣ фоида?
Бале ин овози ҳамон духтаре буд, ки ман ҳаёти худро ба ивази овози маҳин, суханҳои ширин ва ҳусну латофати ӯ бохта будам. Ӯро бо тамоми ҳастиям дӯст доштам. Аз шунидани садои ӯ лаззат мебурдам.
Дар як лаҳза фикрам батамом дигар шуд.
Акнун садои дилнавози ӯ пардаҳои гӯшамро мехарошид. Пеши чашмонам торик гаштаву дар як ҷо рост меистодам. Дигар маҷоли роҳ гаштан надоштам. Моту мабҳут будам...
Ҳусейн СОДИҚОВ,
донишҷӯйи ДДС.