ЯК ҚАТРА ОБ

Шавҳари Нигора ба сафари хидматӣ рафта буд.

 Нигора танҳо монд ва қарор дод, ки дар ин муддат ба хонаи модараш, ба деҳа равад. 
Ба поезд баромада ҷомадонашро ҷойгир кард ва яке ба хотираш расид, ки ба гулдон об андохтанро фаромӯш кардааст. Охир, вай гули гулдонро ниҳоят дӯст медошт, ба он зуд-зуд об рехта, аз бӯю бунафшаранг шукуфтаи ғунчаҳояш ҳаловат мебурд. Гулро шавҳараш аз хориҷа оварда буд, ки ба гулҳои маҳаллӣ монандӣ надошт. Нигора ду сол боз онро парвариш мекунад. Фасли баҳор аз гулдон гирифта, ба замини рӯйиҳавлӣ мешинонду тирамоҳ боз дар гулдон гузошта, ба тарафи офтобраси тиреза мегузошт.
Акнун то баргаштани ӯ гулҳо хушк мешаванд. Чӣ бояд кард?
Аз поезд фаромаданӣ шуд. Аммо он ҳаракат кард.
То ба деҳа расидан ҳушу ёди Нигора ба гулҳои гулдон банд буд. Дар назараш гӯё пажмурда шуда, баргҳояш рехта буданд...
Вақте дар кӯчаҳои чанги деҳа қадам мезад, назараш ба гулҳои назди тирезаи ҳамдеҳагон афтид ва боз гулҳои худро ба ёд овард.
Нигора дар деҳа як ҳафта монд. Вақти бозгашт барфи ғафс борид.
Ӯ пӯстинашро ба китф партофта, аз тирезаи вагон дашти зери кӯрпаи барф мондаро тамошо мекард.
Ниҳоят, ба остонаи хонааш қадам монд. Дарро кушоду калидро аз дар нагирифта саросема ба назди тиреза омаданашро надониста монд.
Аҷоиботро бинед, ки гули гулдон ҳамоно сабз буд. Дар канори баргҳои сабзи он ғунчаҳои нав дар арафаи шукуфтан буданд. Нигора хам шуда ғунчаҳоро бӯ кард. Онҳо хушбуй буданд. Ҷавонзан ҳайрон буд, ки тӯли як ҳафта гул беоб монда бошад ҳам, ҳамоно сабзу шукуфон аст. 
Аммо Нигора аз он бехабар буд, ки офтоб қирави тирезаро об карда, ҳар рӯз ба гулдон як қатрагӣ об мечаконд. Қудрати бузург доштани як қатра об ба гӯшаи хаёли Нигора наомада буд...

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи 
С. БЕКНАЗАРОВА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: