ЯК ҚИСМИ ПОЙТАХТРО БО НЕРУИ БАРҚИ ҲАРОРАТӢ ТАЪМИН МЕКУНЕМ,

— мегӯяд директори генералӣ Рустам Шамсиев

Сафари матбуотии як гурӯҳ журналистон аз боздиди иншооти наве шурӯъ шуд, ки дар Маркази барқи ҳароратии Тошканд (МБҲ) сохта мешавад. Ин иншоот тавассути маблағи буҷавӣ ва сармоягузорони туркӣ арзи вуҷуд хоҳад кард ва ба бинои маъмурии он табдил хоҳад ёфт. Инчунин ташрифи мо, журналистон ба рӯзи ифтитоҳи ошхонаи наву замонавие рост омад, ки дар ҳудуди ин марказ барои коргарон сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор медоданд.
Ҳадафи асосӣ аз ин сафари матбуотӣ мушоҳидаи бевоситаи таъмини иҷрои як қатор супоришҳои Президент оид ба густариши истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия, аз ҷумла, пурра таъмин намудани неруи барқӣ барои эҳтиёҷи зарурии аҳолӣ мебошад. 
Дарҳақиқат, аз натиҷаи боздид ва суҳбату мулоқотҳо бо роҳбарону мутахассисони Маркази барқи ҳароратӣ метавон хулоса намуд, ки дар ин росто корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Зеро таъмин кардани аҳолӣ бо неруи барқи муқобил талаби замон аст. Аз ҷумла, дар давоми 11 моҳи соли 2022 барои таъмини бино ва иншооти дигари корхонаи мазкур ба таври алоҳида 17 дастгоҳи гармидиҳии офтобӣ бо иқтидори умумии гармкунии 3 ҳазору 400 литр об, 160 лампаи офтобӣ, 70 дона сенсори муҳаррик ва ду дастгоҳи мубаддали фриконс барои ҷилавгирӣ аз масрафи истеъмоли зиёдатии неруи барқ насб карда шудаанд, ки харҷи неруи барқро коҳиш медиҳанд.
Рустам Шамсиев, директори умумии Ҷамъияти саҳҳомии Маркази барқи ҳароратии Тошканд, зимни баёни маълумот изҳор кард, ки дар ин рӯзҳо дар корхона неругоҳи барқи офтобӣ ба иктидори 25 кВт/соат ба истифода дода шуд. 
Ба таъкиди директор нуктаи муҳими дигар ин аст, ки корхона ҷиҳати таъмини аҳолӣ, объектҳои бахши иҷтимоӣ ва муҳими иқтисодиёти кишвар бо неруи барқ лоиҳаи сармоягузориро бо арзиши умумии 109 миллиону 243 ҳазор доллар амалӣ менамояд. Шамсиев иброз намуд, ки бар асоси он то соли 2024 ду агрегати газтурбинии иқтидори ҳар кадоми он 32 МВт сохта ба истифода дода мешавад.
– Дар мавриди ҷилавгирӣ аз ифлосшавии муҳити атроф чӣ метавон гуфт, зеро ин неругоҳ дар як қисмати сераҳолии шаҳр воқеъ гаштааст? – пурсидем аз директори генералӣ.
– Мо ба он такя мекунем, ки бештар технологияи замонавӣ, дастгоҳу таҷҳизоте мавриди истифода сурат гирад, ки метавонад ба коҳиши бештар аз 200 тонна моддаҳои заҳролуд оварда расонад ва муҳити атрофро аз ифлосшавӣ то ҳадди ақалл таъмин намояд.  Ин лоиҳа бар асоси Фармони Сарвари давлат  аз 28 январи соли 2022  “Дар бораи рушду ривоҷи стратегии Ӯзбекистон дар солҳои 2022-2026” амалӣ мегардад, – тазаккур дод Шамсиев. 
Ҳоло дар маркази идоракунии МБҲ-и Тошканд вазифаи ҳафт нафарро се нафар  иҷро мекунад. Онҳо тамоми корҳои идоракуниро тавассути компутер ба ҷо меоварданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: