Истироҳатгоҳи «Чашмаҳои зиё»-и ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё аз нав таъмир гардида, ба истифода супурда шуд, ки ин боиси хурсандии бачаҳо гардид.
Истироҳатгоҳ соли 1953 сохта шуда, тӯли солҳо таъмирталаб буд.
Аз ҷониби Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон барои корҳои сохтмон беш аз 17 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда, инчунин 5 миллиард сӯмина таҷҳизоти замонавии нав оварда шуд.
Истироҳатгоҳ дар мавсими имсола бачаҳоро бо ҳама шароити замонавӣ пешвоз гирифт.
– Ба истироҳатгоҳ бори аввал омадам,– мегӯяд Рухшона Орифҷонова. – Ҳавзи об, маҷмӯаҳои мухталифи варзишӣ барои истироҳаткунандагон муҳайё мебошанд. Бахусус, чорабинии мунтазами китобхонӣ барои ман таассуроти калон гузошта истодааст. Худам бо гимнастикаи бадеӣ машғул мешавам. Дар ин самт чемпиони мамлакат мебошам. Дар ин ҷо дӯстони бисёре пайдо кардам. Дар истироҳатгоҳ вақти ман мароқангез гузашта истодааст.
Табиати нотакрор, ҳавои беғубори кӯҳ, фаввораҳои роҳатбахшанда баҳри ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисмонан обутоб ёфтани бачаҳо хидмат мекунанд. Дар мавсими имсола дар истироҳатгоҳ 1 ҳазору 200 нафар бачаҳо дам мегиранд. Хобгоҳи дорои 300 ҷой, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзи об, китобхона, ошхона дар хидмати бачаҳо мебошанд.
Аз ҳама муҳимаш, дар истироҳатгоҳ барои ба амал баровардани 5 ташаббуси бамиёнгузоштаи роҳбари давлат имкониятҳо мавҷуданд. Дар асоси ҳар як самт маҳфилҳо фаъолият мебаранд.
– Китобхона, толорҳои варзишро дидем, – мегӯяд Гулҷаҳон Умирова. – Шароити хонаҳои истироҳатии фарзандонамон хеле хуб аст. Барои ин аз сарвари давлатамон ниҳоят миннатдорем.
Мусобиқаҳои варзишӣ, озмуни «Китобхон кӣ?», саводнокии компутерӣ, шаби шеър ва дигар чорабиниҳои маданӣ ба бачаҳо таассуроти хуб мегузоранд.
– Имрӯз аз ҷониби Президент барои омӯзгор ва мураббиён имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд, – мегӯяд тарбиячӣ Воҳид Нуримов. – Фарзандони онҳо низ имконияти дар ин маскан истироҳат намуданро доранд. Ҳар сол дар истироҳатгоҳамон беш аз 1 ҳазору 200 нафар фарзандони педагогҳое, ки дар ҳудуди вилоят фаъолият мебаранд, дам мегиранд. Ҳангоми чорабиниҳои маданиву маърифатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ гувоҳи он мегардем, ки дар байни бачаҳо иқтидорнокҳо хеле зиёданд.
Дар мавсими тобистонаи соли ҷорӣ дар 18 оромгоҳи вилояти Қашқадарё солимгардонии 25 ҳазору 90 нафар хонандаи мактаб дар 4 баст пешбинӣ шудааст. Инчунин, боз ба нақша гирифта шудааст, ки аз имкониятҳои иловагӣ истифода бурда, дар мавсими имсола беш аз 5 ҳазор нафар фарзандони оилаҳои камтаъмин ва бепарастор, беш аз 300 нафар тарбиягирандагони хонаҳои меҳрубонӣ дар истироҳатгоҳ дам гиранд.
Ӯ. БАРОТОВ,
мухбири ӮзА.