ЯК РӮЗИ ПУРМАЗМУНИ ҶАВОНОН

Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватанпарварӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо дар саросари кишвар вохӯриҳо ва чорабиниҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ гузаронида мешаванд.

Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватанпарварӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо дар саросари кишвар вохӯриҳо ва чорабиниҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ гузаронида мешаванд.
Қисми ҳарбии воқеъ дар гарнизони Каттақӯрғон ҳамеша донишандӯзони ҷавонро ба оғӯш мегирад. Ин боздидҳо албатта беҳуда нестанд. Зеро дар дили ҳар як насли ҷавоне, ки ба ин макон меоянд, эҳсосоти муҳаббат ва садоқат ба Ватан бори дигар бедор мегардад.
Дар қисми ҳарбӣ таҳти шиори «Ҳар кӣ ба Ватан содиқ бошад, ман ҳамон ҳастам!» барои мактаббачагони шаҳр рӯзи дарҳои кушод ташкил карда шуд.
Аввал дар майдон таҳти ҳамовозии садои мадҳияи давлатамон парчамҳои кишвари мо ва Вазорати дифоъ барафрошта шуданд. Пас аз он, намояндагони қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар бораи аҳамияти чунин чорабиниҳо дар тарбияи ҷавонон ва таблиғи ҳарбӣ-ватандӯстӣ сухан гуфтанд.
Ҷавонон дар нуқтаҳои таълимӣ шуданд, инчунин намоишгоҳи техникаи ҳарбӣ ва аслиҳае, ки барои сарбозони оддии баталиони захиравии сафарбаркунӣ ташкил карда шудааст, ба онҳо таассуроти хуб бахшид. Дар он ҷавонон касби пуршараф, машаққат ва масъулияти муҳофизони Ватанро эҳсос намуданд.
Зоҳиран, дар намоишгоҳҳое, ки дар саросари кишвар дар доираи Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардиданд, якрангиро мушоҳида кардан мумкин аст. Аммо аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа, ҳамаи онҳо комилан фарқ мекунанд. Масалан, дар ин намоиши силоҳ хидматчиёни ҳарбӣ ба ҷавонон тартиби ба кор бурдани онҳоро соддаву оддӣ фаҳмондаанд. Хонандаи  мактаби касбу ҳунари Каттақӯрғон Бобурҷон Нарзуллоев мегӯяд, ки:
— Мо дар филмҳо мебинем: вақте ки ҳариф ба тарафи дигар силоҳ рост мекунад, рақиби муҳофиз таппончаи дар дасти ӯ бударо моҳирона ба даст меорад. Он вақт ман фикр мекардам, ки ин хел шуданаш ғайриимкон аст. Аммо имрӯз бародарони низомии мо нишон доданд, ки ин имконпазир будааст. Вақташ ояд, ҳатто «бел» -и оддӣ ба силоҳи марговар табдил хоҳад ёфт. Олӣ!
Талабагон, инчунин дар Осорхонаи таърихии бригадаи артиллерия шуда, экспонатҳои онро тамошо карданд. Китобхонаи қисми низомӣ, ки фонди калони китоб дорад, ба ҷавонон манзур шуд. Хусусан меҳмонон аз шароити дар хобгоҳҳо муҳайёшуда таассуроти хуб гирифтанд. Хулоса, он рӯз барои ҷавонон пурмазмун гузашт

Исломҷон ҚӮЧҚОРОВ,
лейтенант. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: