Сокини деҳаи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд, модари ду фарзанд Меҳрубон Тоҳироваи 32-сола дафъатан чоргоник таваллуд кард, аммо аз ҳокимияти маҳаллӣ ҳанӯз мададе нест.
Маннонбобо ба набераҳо – ду писару ду духтар Муҳаммадумар, Муҳаммадусмон ва Муслимаву Солеҳа ном гузошт.
Ин навид зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, боиси табрикоти самимонаи мардуми зиёд гардид. Ҳатто ба таваллудхона раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева барои муборакбодӣ омад.
– Ҳамааш хуб, – мегӯяд модари кӯдакон Меҳрубон. – Аввало аз табибону ҳамшираҳои шафқат, ки дар атрофи ман парвона гаштанд, сипосгузорам. Лекин сад афсӯс, бинобар он ки дар ҳавлии мо гази табиӣ несту электр ҳам «бозӣ» мекунад, маҷбур шудем бо кӯдакони ба нигоҳубини доимӣ мӯҳтоҷ аз падараш дур – дар хонаи волидайн зиндагӣ кунем. Бояд гуфт, ки дар ҳавлии модари «қаҳрамон» се оила якҷо зиндагӣ мекунанд.
Мутаассифона, то имрӯз нафаре аз ҳокимияти ноҳияи Самарқанд барои табрик ва ё пайи кӯмаки моддӣ наомадааст.
Воқеан бояд таъкид намуд, ки дар Тошканд низ зане чоргоник таваллуд кард ва ба ӯ аз ҷониби ҳукумат хонаи алоҳида дода шуд. Пас, чаро чунин кори хайру савобро дар Самарқанд кардан мумкин нест?!
Боз як муаммо таъминот бо шири сунъӣ мебошад.
Агар барои ҳар як тифли навзод дар як моҳ 1 миллион сӯм сарф гардад, пас дар як сол ин рақам чӣ қадар шуданашро ҳисобу китоб кардан душвор нест.
Чанде пеш дар матбуот қарори сарвари давлат оид ба кӯмаки моддӣ ба оилаҳои камбизоат ва мӯҳтоҷ эълон шуд.
Умед дорем, ки ҳокимияти ноҳияи Самарқанд, ки тифлакон дар қаламрави он зиндагӣ мекунанд, ба ин оила дасти кӯмак дароз мекунад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.