ЯКЕ АЗ АХТАРОНИ ОСМОНИ АДАБ

Ба дунболи дарс будам, ки Масрурҷон занг заду гуфт: «Баҳманёр ҳам рафт...»

Ба дунболи дарс будам, ки Масрурҷон занг заду гуфт: «Баҳманёр ҳам рафт...» Нависандае даргузашт, ки аз даврони донишҷӯӣ ҳар навишторашро мисли ташнае, ки ҷӯёи об аст, меҷустему меёфтему мехондем...
Адибе, ки ҳазор-ҳазор хонанда, маҳбубияти хосса миёни ошиқони каломи бадеъ дошт... Нависандаи тозагӯву тозаназар, бо тасвирҳои рамзиву шартиаш зиндагиро аз равзанае ба мо менамуд, ки қаблан ба он равзана дастрасӣ надоштем. Кайҳонеро дар деҳаи хурде таҷассум мекард... Ҳунари волои устурасозӣ дошт... Гарчи турбати покаш дар пантеони миллӣ раҳ наёфт, дар қалби мардум ёду хотироти некаш сахт ҷо гирифта... Мазораш дар синаҳои мардум хоҳад буд... Бузурге гуфта, ки зиндагӣ чун саҳнаи театр аст, чӣ қадар намоиш давом мекунад, аҳамияте надорад, муҳим ин аст, ки ҳунарпеша чӣ нақши хотирмоне меофарад. Баҳманёр ҳам дар театри зиндагӣ нақше офариду рафт, аммо чӣ нақши зебое...
Солҳои дар телевизион кор карданам барномаҳои адабӣ омода мекардам ва баъди хондани романи «Ғавғо ва ғазаб» ва ду маҷмӯаи адиби маъруфи амрикоӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соли 1949 – Вилям Фолкнер хостам роҷеъ ба ин нависандаи воқеан ҳунарманд, барномае созам. Қабл аз ин, суҳбати ҷолибе бо Абдуқодири Рустам оид ба эҷодиёти адиби машҳури ҷопонӣ Акутагава доштам ва одамони зиёде занг зада, таассуроти неки хешро баён намуданд. Аз таассуроти бисёр касони мафтуни адабиёти асил хулоса кардам, ки маҳз осори адибони навгарову навҷӯ таваҷҷӯҳи ононро ба худ мекашад.
Бо устод Баҳманёр дар ин мавзӯъ суҳбат кардем. Тақрибан якуним соат. Пурсукови банда қабл аз ин суҳбат ва баъди он дар ҳайратам гузошт: Баҳманёр анқариб тамоми осори ин нависандаро, ки аз якчанд маҷмӯа иборат аст, хонда будаанд... 19 роман танҳо аз як адиб! Қабл аз ин ҳам огоҳ будам, ки Баҳманёр хеле сермутолиа буда, аз осори нависандагони зиёди равияҳои нав огоҳ аст...
Аз суҳбати нахуст дарёфтам, ки чун ҳама эҷодкорони асил як навъ «якравӣ»  дорад: бастани галстукро рад кард... «Бе ин ҳам дасти зиндагӣ дар гулӯям аст, боз ин чӣ лозим...» Дубора хоҳиш кардам, посух қатъӣ буд: ё ман ё галстук... (Намедонам, ҳоло чӣ вазъе бошад, вале он солҳо бастани галстук дар телевизион ҳатмӣ буд...) Ҳамин тавр гузаштем аз баҳри галстук ва нишастем рӯ ба рӯ... 
Қадри зар заргар бидонад, гуфтаанд. Аз он суҳбат ва гуфтугӯҳои баъдӣ дарёфтам, ки Баҳманёр ба осори нависандагоне таваҷҷӯҳ дорад, ки воқеан кашшофи розҳои одамианд ва ҳаётро ба гунае дигар тасвир мекунанд. Ҳамон тавре ки Ҷон Олдриҷ дар ҳаққи Фолкнер гуфтааст: «Ӯ танҳо буду дар танҳоӣ эҷод мекард, мисли як боғбон. Ончунон бо муҳаббат эҷод мекард, ки осораш тахайюли миллионҳо одамони соҳибандешаро то кунун таҳрик мебахшад...»
Баҳманёр ҳам чунин эҷодкор буд. Фикр намекунам, ки эҷодиёташ куҳнагӣ пайдо кунад... На, замону макони бадеии Баҳманёр садҳо сол ҳам ҳамон гунае хоҳад буд, ки имрӯз ҳаст. Нақшҳои ҳунариаш мондагоранд. Гарчи таърих хислати софкорӣ дорад, кам адибоне аз як қарн ба қарни дигар мегузаранд... Асри XI чаҳорсад шоири соҳибдевонро медонад, вале имрӯз, ба ҷуз се-чор нафар дигаронро танҳо мутахассисони нақд ба ёд меоранду бас... 
Баҳманёр дар радифи нависандагони дорои сабки хос (фаразан, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама, Сайф Раҳимзод, Абдуқодири Рустам, Аброри Зоҳир ва дигарон) қарор дорад, ки эҷодашон ҳам аз сарчашмаи мусаффои адаби классикӣ ва ҳам равияву ҷараёнҳои тозаи адаби ҷаҳонӣ маншаъ гирифтааст. Образнок гӯем, инҳо ҳар яке барои худ як воҳаи сабзу хуррамеро дар сарзамини насри бадеии тоҷикӣ ба вуҷуд овардаанд ва рангорангии насри муосири мо, қаробати маънавӣ ва ҳунарӣ пайдо кардани ин наср ба насри классикии форсии тоҷикӣ аз шарофати тозаҷӯиҳои онҳост.
Солҳои навҷавонии мо, нимаи дувуми солҳои 80-ум, устодони сухан ӯро ҳамчун «қаламкаше, ки умедбахш аст ва адабиёти тоҷик аз ӯ чизҳои зиёдеро интизор аст» муаррифӣ мекарданд. Ҳамин гуна шиносоӣ солҳои сол дар нақди адабӣ маъмул буда, ба як навъ қолаби андеша табдил ёфта буд. Ӯ нафақат умедҳои адабиётро пиёда кард, балки ба сари он тоҷи шуҳрат ҳам ниҳод. Солҳои донишҷӯйӣ ҳар ҳикояти навчопашро бо шавқ мехондем ва бо ҳамон маърифати андакамон ҳис мекардем, ки ӯ «дигаргуна» менависад, на фақат тарзи баён, балки нигоҳаш ба олами ашё, ҳаводиси зиндагӣ, гирудори ботини инсон дигар аст...
Паргори андешаи адиб асосан гирдогирди деҳа ва одамони наҷиби он тоб мехӯрад, мисли Василий Шукшин. Дар нақди шӯравӣ ин гуна адибонро «насри деҳа» (деревенская проза) мегуфтанд, аммо насри Баҳманёр аз чаҳорчӯби ин истилоҳи маъмули адабӣ берун меравад, фазои бозтаре дорад. Ӯ аз ибтидои фаъолияти адабӣ бо сабки хосе ба саҳнаи адабиёт омад ва то охир ба ҳамон рӯҳияву мавқеъ содиқ монд. Ин сабк мунҳасир ба фардияти ӯст, агар зери мафҳуми сабк василаи худбаёнгарии адиб, мутобиқати комили муаллиф ва ноқил, ифодаи рӯшани «ман»-и адибро ба эътибор дошта бошем...
Ду ҷиҳати муҳими ҳунари нависандагии ӯро, агар каме аз осораш огаҳ бошем, нек дармеёбем: аввалан, ошноии комил доштан бо забон ва ҳама василаву абзори таъсири ҳиссиву шавқии он ва баъдан – тарзи хоссаи образофаринӣ.
Ҷиҳати севум – бисёрмаъноӣ дар нутқи муаллиф ва тавассути сухан офариниши нақшҳои ҳунарие, ки дар пасманзари рафтору гуфтор ва пиндорашон маъниҳои ҷолибе ба мазраи тафаккур сар мезананд. Баҳманёр, бидуни муболиға, устоди навъи аз ҳама мушкилэҷоди насри бадеӣ, яъне ҳикоят аст.
Дар воқеияти адабии мо, мутаассифона, ин навъи ҳунарро ҳамчун зинаи аввали нависандагӣ мешуморанд, чун камоли нависандагиро танҳо дар эҷоди навъҳои бузургтаре, мисли қиссаву роман эътироф мекунанд. Ҳол он ки, ба қавли Чингиз Айтматов, ҳикоянависӣ шабеҳи кандакорӣ дар чӯб аст. Ҷузъиёти мавриди тасвир бояд дақиқ бошад ва адиб дар истифодаи воситаҳои тасвир хеле сарфакор. Агар бисёр на, ҳамин ҳикоёти «Пешрави дор», «Ғӯли кӯҳистон», «Чашмаи ният», «Соли малах»-ро ба эътибор бигирем, ҳамон ду хислати асосии ҳикоятнависии дар боло номбаршуда ва дар маҷмӯъ – кандакори дақиқназар будани Баҳманёрро хоҳем дарёфт.
Дигар омили дар ин навъи наср дасти қавӣ ва табъи дурусту саҳеҳ доштани Баҳманёр дар он аст, ки дар ҳар лавҳаи зиндагӣ аслу моҳияташро мебинад ва аксаран хонандаашро такон медиҳад, ки ба андеша равад: дар набарди инсону зиндагӣ, инсону ҳаводиси рӯзгор гӯё имконоти маънавияти одамро ба санҷиш мегирад, инсонро аз нигоҳи ахлоқу сиришту хӯ дар гирдоби воқеаҳо имтиҳон мекунад...
Хеле аз нависандагони маъруфи дунё, аз қабили Ги де Мопассон, Антон Чехов, Юрий Нагибин, Карел Чапек, Амброз Бирс, Танидзаки, Нодар Думбадзе ва даҳҳо дигар ҳикоятнависон бо ҳамин роҳу равиш эҷод кардаанд, яъне аз тасвири ҷузъитарин ҳаводис мазмунҳои баланди фалсафӣ ҳосил намудаанд.
Дигар вижагии насри Баҳманёр истифодаи барои сабкаш хоси санъати саҷъ аст, ки ба рӯҳия ё тавре ки расман мегӯянд, пафоси ҳикоёташ мувофиқат мекунад. Ва истифодаи ин ҳунар танҳо бо ҳикоёташ маҳдуд намешавад. Дар оғози романи «Шоҳаншоҳ», ки ба қавли муаллиф «ба сирату ба сурат фарқкунанда аз дигар романҳост», намунаи зебои ин ҷузъи ҳунарро мебинем:
«Духтар пешопеши ман мерафт. Баландболо бо пойи расову гесувони сиё, либосҳои фарангии фофо, аз онҳоест, ки аз пушти сарашон мебиниву мегӯӣ, чеҳрааш ҳам ба яқин ҳаст зебо. Ман чашм ба мӯйи ӯ дӯхта, по ба муми роҳ кӯфта, дунбол мегирам ӯро...»
Шабеҳ донистани ин ё он адиби забардаст ба ситорае пурдурахш ташбеҳи нав нест: воқеан, дар осмони пурситора ҳар яке ҷилои ба худ хос дорад. Яке аз ҳамин ахтарони осмони адаб Баҳманёр аст, ки дурахши ҷовидона хоҳад дошт.

Ҳафиз РАҲМОН,

адабиётшинос.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: