Яке аз кӯчаҳо дар Исроил ба шарафи ходими намоёни санъат аз Бухоро Левӣ Бобохонов гузошта шуд

Яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Петах-Тикваи Исроил ба шарафи ҳамватани мо Левӣ Бобохонов, устоди машҳури санъати мусиқии Бухоро, ки дар рушди Шашмақом саҳми сазовор дорад, гузошта шуд.

Яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Петах-Тикваи Исроил ба шарафи ҳамватани мо Левӣ Бобохонов, устоди машҳури санъати мусиқии Бухоро, ки дар рушди Шашмақом саҳми сазовор дорад, гузошта шуд.
Дар чорабинии адабиву маърифатие, ки ба муносибати ба номи ҳамватани мо гузошта шудани кӯчае дар шаҳри Петах-Тиква баргузор шуд, мэри шаҳр Рами Гринберг, аъзои Конгресси умумиҷаҳонии яҳудиёни Бухоро, намояндагони ҷомеаи яҳудиёни Бухоро, ҳамчунин Сафири Ӯзбекистон дар Исроил Ферӯз Маҳмудов ширкат ҷустанд.
Иштирокдорон абадияти сурудҳои оҳангбастаи ҳамватани машҳурамон Левӣ Бобохонов, саҳми ӯро дар рушди мусиқии миллии ӯзбек, аз ҷумла Шашмақом ва ҳифзи ин мероси мусиқиву фарҳангиро барои наслҳои оянда қайд намуданд. Махсус таъкид гардид, ки асарҳои машҳури ин устоди бузург хазинаи бебаҳои нафақат санъати милливу мусиқии ӯзбек, балки маданияти мусиқии ҷаҳонӣ ба шумор мераванд.
Абадӣ гардонидани номи устод – иҷрогари Шашмақом ва донандаи хуби сурудҳои халқӣ Левӣ Бобохонов ба таҳкими робитаҳои байни халқҳои ӯзбек ва яҳудӣ, ҳамчунин ташаккул ёфтани эҳсоси ифтихори ҷавонони мо аз мероси гузаштагони шуҳратёрамон мусоидат мекунад.
Левӣ Бобохонов, ки соли 1873 дар Бухоро таваллуд шудааст, дар кори ҳифз ва сабти Шашмақом саҳми назаррас гузоштааст. Вай ҳамчун навозанда, ҳофиз ва оҳангсоз дар Бухоро, дар яке аз бузургтарин марказҳои фарҳангии Осиёи Марказии оғози садаи XX машҳур гардид. Эҷодиёти ӯ бевосита ба Шашмақоми Бухоро ва самтҳои дигари мақом пайванд мебошад. То ба имрӯз дар иҷрои ӯ 30 оҳанги  мусиқии Шашмақом расидаанд. Алҳол дар мактабҳои санъат ва муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мероси мусиқии Левӣ Бобохонов амиқ омӯзонида мешаванд. 
Ба мақсади абадӣ гардондани номи ҳофизи машҳури Ӯзбекистон яке аз кӯчаҳои марказии Бухоро ба номи Левӣ Бобохонов гузошта шудааст.

АИ «Дунё»,
Тел-Авив.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: