ЯКЕ АЗ КӮЧАҲОИ ПОЙТАХТИ БЕЛОРУС БА НОМИ ҚАҲРАМОН АЗ ӮЗБЕКИСТОН ГУЗОШТА ШУД

Ба шарафи иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ сокини Ӯзбекистон Ғулом Ёқубов яке аз кӯчаҳои ноҳияи марказии Минск ба номи ӯ гузошта шуд.

Ба шарафи иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ сокини Ӯзбекистон Ғулом Ёқубов яке аз кӯчаҳои ноҳияи марказии Минск ба номи ӯ гузошта шуд.
Моҳи августи соли равон Ҷамъияти ҳарбиву таърихии Ӯзбекистон ба ҳукумати Белорус бо хоҳиши ба номи ҷанговарони озодихоҳ, қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ, ки ба фронт аз Ӯзбекистон даъват шудаанд ва дар озодкунии сарзамини Белорус  иштирок кардаанд, гузоштани як қатор кӯчаҳо муроҷиат карда буд.
Ғулом Ёқубов 15 майи соли 1915 дар деҳаи Мирзообод таваллуд шуд, соли 1942 ба фронт рафт ва тобистони соли 1944 роҳбари ротаи автоматпаронҳо гардид. 
Бинобар маълумоти Ҷамъияти ҳарбиву таърихии Ӯзбекистон 23 июни соли 1944 амалиёти ҳалкунандаи Белорус оғоз ёфт. Баландии 150,9-ум, ки дар назди деҳаи Лудчитсаи Могилёв воқеъ буд, аҳамияти махсус дошт. Фармондеҳӣ қарор кард, ки барои боздоштани самти зарбаи асосии қӯшун ва техникаи душман ба он ҳуҷум кунад. Шаби 24 июн ротаи автоматпаронҳои капитан Ғулом Ёқубов се хандақи душманро паси сар намуда, баландиро ишғол кард. 
Истилогарони Олмон ҷанговаронро муҳосира карданд. Капитан Ёқубов чун мушоҳида намуд, ки рафиқонаш ба муҳосира афтоданд, мудофиаро ташкил ва ба он роҳбарӣ кард. Ҷанг тақрибан 20 соат идома дошт, қувваҳо баробар набуданд, вале ҷанговарони далер тавонистанд тамоми 40 ҳуҷуми душманро баргардонанд, худи Ёқубов дар ин муҳориба ҳалок шуд. 
Дар ҳамин дам қӯшунҳои Фронти 1-уми Белоруссия дар чанд километр ҷанубтар мудофиаи фашистонро бартараф сохтанд ва гурӯҳи душманонро дар Бобруйск, ки дар иҳота монда буданд,  мушоҳида карданд. 
24 марти соли 1945 ба капитан Ғулом Ёқубов баъд аз фавташ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шуд.
Вай ҳамчунин барои хидматҳои ҳарбиаш бо ордену медалҳо мукофотонида шудааст. 
Нимтанаҳои Ёқубов дар шаҳрҳои Асака ва Андиҷон гузошта, кӯчаҳо дар Асака ва Бихова, ҳамчунин мактаби рақами 25-ум дар Асака ба номи ӯ гузошта шудаанд.

АИ «Дунё»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: