Яке аз кӯҳансолтарин занони дунё вафот кард

Мақоми куҳансолтарин зани Сайёра будани ӯ дар Китоби рекордҳои Гиннесс тасдиқ шудааст.

Зани сокини Филиппин Франсиска Сусано, ки куҳансолтарин сокини дунё дониста мешуд, шоми 22 ноябр дар синни 124-солагӣ вафот кард, хабар дода мешавад дар саҳифаи расмии ҳукумати шаҳри Кабанкалан дар Facebook. Тавре ки РБК хабар медиҳад, зан дар ҳамин шаҳр иқомат дошт.

Дар ҳукумати Кабанкалан итминон додаанд, ки мақоми куҳансолтарин зани Сайёра будани ӯ дар Китоби рекордҳои Гиннесс тасдиқ шудааст. Дар ҳамин ҳол, CNN менависад, вақте ки Сусано ҷашни 124-солагии худро таҷлил мекардааст, намояндагони Китоби рекордҳои Гиннесс то ҳол маълумотро дар бораи рӯзу соли таваллуди ӯ месанҷидаанд.

 

Ҷонатан, абераи Сусано хабар додааст, ки вақти марг дар ӯ аломатҳои беморӣ мушоҳида нашудааст, менависад хабаргузории PNA. Афсари масъули робита бо ҷомеаи Кабанкалан ба CNN Philippinnes гуфтааст, дар фавтида аломатҳои гирифторӣ ба бемории COVID-19 набуд, вале ба ҳар ҳол, табибон дар ин маврид ҷасади ӯро боз ташхис мекунанд.

Ба иттилои мақомоти Филиппин, Франсико Сусано соли 1897 таваллуд шудааст. Ӯ ҳанӯз дар давроне зиндагӣ кардааст, ки кишвар таҳти ҳукмронии Испания қарор дошт. Соли 1898 Испания ҷазираҳоро ба ихтиёри ИМА супурда, соли 1946 ин давлат комилан соҳибистиқлол шуд. Ӯ ҳамчунин дар замоне зиндагӣ доштааст, ки Британияи Кабир зери салтанати малика Виктория буд, ки соли 1901 ба поён расид.

Сусано соҳиби 14 фарзанд буда, духтари калониаш ҳоло 104 сол дорад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: