ЯКЕ АЗ МАОРИФПАРВАРОНИ ТОШКАНДӢ

Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар шаҳрҳои бузурги имрӯзаи Ӯзбекистон чопи сангӣ ба роҳ монда шуда буд, ки дар таърихи китобати мо давраи навро ба вуҷуд овард.

Барои бо теъдоди зиёд чоп кардани дастнависҳо имконият ба вуҷуд омад, ки ин ба беш аз пеш фаъол гардидани зиёиёни давр ва рушди матншиносии ӯзбек мусоидат намуд.
Иштирокдорони фаъоли ҷараёни адабии ҳамон давр яке аз қишрҳои зиёӣ – ноширон ба шумор мерафтанд. Онҳоро метавон тафтишгар, муҳаррири матн, таснифгар, тартибдиҳанда ва тарғиботчии мероси ниёгон номид. Онҳо рӯйи матнҳо кор карда, дастнависҳои мукаммали ба диду талаби халқ мосро нашр кардаанд, ки аз хеле ҷиддӣ будани кору вазифаи онҳо далолат медиҳад. 
Яке аз чунин тарғибгарони фидоии маърифат, ношири аввалини адабиёти ӯзбек, ки достонҳои Навоӣ ва дигар асарҳои классикиро дар шакли наср баён намуда, ҳам нирӯ ва ҳам маблағ сарф кардааст, тоҷири китоб Мир Махдум ибни Шоҳюнуси Тошкандӣ мебошад. Доир ба зиндагинома  ва баромади иҷтимоии Мир Махдум ибни Шоҳюнус маълумоти пурра надорем. Дар китобҳои чопи сангӣ, ки дар захираи дастнависҳои ҷумҳурӣ нигоҳ дошта мешаванд, оиди ноширӣ, ҳомигӣ ва фаъолияти Мир Махдум маълумот гирифтан мумкин аст.
Аз ҷумла, дар дохили муҳри нусхаи соли 1906 нашршудаи «Шоҳномаи туркӣ» чунин маълумот дарҷ гардидааст: «Бо саъю ҳаракати Мир Махдум Шоҳюнус – сокини маҳаллаи Табибкӯчаи мавзеи Себзор дар Тошканд ба эҳтимом расид».
Аз ин маълумот аён мегардад, ки Мир Махдум дар маҳаллаи Табибкӯчаи даҳаи Себзори Тошканд истиқомат кардааст.
Таҳти ҳомигӣ ва ноширии Мир Махдум соли 1909 дар матбааи Орифҷонов китоби «Куллиёти маснавии Хароботӣ» чоп мегардад, ки дар хотимаи китоб хаттот Мулло Маҳмуд Сайидхон бахшида ба ношир шеър бофтааст ва ӯро инсони саховатпеша, ҳоҷатбарор, сахӣ хондааст. Хаттот бо Мир Махдум аз наздик ошноӣ дошт ва дар нашр намудани чанд китоб ҳамкорӣ кардааст.
Албатта, ношир ба маънои пуррааш эҷодкор нест. Вале саъю ҳаракат ва хидмати онҳо оиди оммавӣ гардондани мероси ниёгон шоистаи таҳсин аст.
Дар зер ба фаъолияти эҷодкори «Насри хамсаи бебаҳо» – Мир Махдум назар меафканем.
Соли 1905 бо саъю ҳаракати Мир Махдум бори аввал нашри пурраи «Мубаййин» дар типолитографияи Портсев рӯйи чопро дидааст. 
Баҳри ҷалб намудани диққати хонанда варақҳои унвонии асарро бо ҳадис ифтитоҳ бахшида, китобро «Мубаййин-ул-ислом» (Қоидаҳои дини ислом) ном гузоштааст. Дертар дар матбааҳои чопи сангӣ низ бо номи «Мубаййин-ул-ислом» чоп шудааст. Ноширони баъдӣ ва тоҷирони китоб аз нусхаи ба чоп ҳозиркардаи Мир Махдум истифода бурдаанд.
Соли 1322/1904 ношир дар матбааи Портсев асари «Ҳазор саволи маликаи донишманд» ва «Саволи мутафарриқа»-ро нашр менамояд (ҳар ду дар як ҷилд, хаттот Мулло Маҳмуд Сайидхон). Асарҳои мазкур дар замони худ хеле машҳур будаанд ва мувофиқи талабу дархости китобхонон дар давоми солҳои 1905-06, 1908-09, 1913-14 аз ҷониби ноширони гуногун нашр шудаанд.
«Калила ва Димна» низ соли 1907 дар матбааи Орифҷонов бо ташаббуси Мир Махдум  рӯйи чопро мебинад. Китоб аз 572 саҳифа иборат аст. «Калила ва Димна» дар матбааҳои чопи сангӣ пештар ҳам нашр шудааст. Ношир дар ҳошияҳои китоб ҷумлаҳои мураккабро эзоҳ медиҳад, ки ин гуна маълумотҳо ба фаъолият ва ҳаёти шахсии Мир Махдум равшанӣ меандозанд. Дар пеши назари мо ӯ ҳамчун адабиётшинос, ношири бомаҳорат, ҳомии саховатпеша намоён мегардад.
Мир Махдум ҳамчун ношир муҳити адабии Тошкандро хуб дарк намуда, бино ба талабу эҳтиёҷи китобхон кор бурдааст. Услуб, шакл ва ороиши китобҳо ба корҳои баъдина намуна гардидаанд.
Асарҳои нодири Масъуд ибни Юсуф Самарқандӣ, ки дар асри XV зиндагӣ кардааст, «Салоти Масъудӣ» ном дошта, оиди илми фиқҳанд, аз ҷониби адиби қӯқандӣ Муҳаййир ва Алихӯҷа Эшони тошкандӣ ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуда, бо саъю ҳаракати Мир Махдум соли 1911 дар матбааи Орифҷонов нашр шудааст.
Маҷмӯаи «Девони Қорӣ»-и Мир Шамсиддини Хӯқандӣ низ соли 1330/1912 аз ҷониби Мир Махдум  дар матбааи Ғуломия чоп шудааст. Дар он шеър ва мухаммасҳои ба ғазали Ҳофизи Шерозӣ, Навоӣ, Фузулӣ, Машраб, Амирӣ, Ҳоҷӣ Муъин, Мансур, Азимхӯҷа Эшон бастаи Қорӣ ҷамъ оварда шудаанд.
«Девони Машраб»-и Машраб низ соли 1335/1916 аз ҷониби ношир чоп карда шудааст. Ҳамчунин, ӯ ба китоби «Баёзи Мухаллӣ»(1335) ҳомигӣ кардааст. (Хаттот Сироҷиддин Махдум). Матни китоб аз 144 саҳифа иборат аст. 
Баёни насрии «Шоҳнома» дар тарҷумаи Хомӯшӣ бо номи «Шоҳномаи туркӣ»нашр шудааст. Дар захираи дастнависҳо се намуди нусхаи насрии дар тӯли солҳои 1905-1908 чопшуда мавҷуд аст. Нашри нахустини онро низ хаттот Мир Махдум тайёр кардааст.
Нашри нахустини «Шоҳномаи туркӣ» 27 августи соли 1905 дар матбааи Портсев чоп шудааст. Ҳомӣ ва ношири достонҳои «Хамса» низ Мир Махдум ибни Шоҳюнус аст, хаттот ва мусаввири он Раҳматуллоҳ ибни Абдушукур мебошад.
Аз ҷониби Мир Махдум ҳамчунин «Рашаҳот», «Қаҳрамони қотил», «Рисолаи марғуб» ном асарҳо рӯи чопро дидаанд.
Оре, ношир ва тоҷирони китобҳо, ки баҳри рушди адабиёту фарҳанг заҳмат кашидаанд, зиёиёни ҳамон давр маҳсуб меёбанд.

Озода ТОҶИБОЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: