ЯКЕ АЗ САРОМАДОНИ ШЕЪРИ НАВИ ФОРСӢ

Мо - фарорӯдиён ё мовароуннаҳриён бо эрониён (ориёиён) муштаракот ва қаробати фарҳангию забонӣ ва адабию динӣ дорем.

Як ӯзбекистонӣ дар Эрон ё як эронӣ дар Ӯзбекистон, мисли ин ки дар хонаи худаш бошад, ҳаргиз эҳсоси ғурбат намекунад.
Рӯзгоре мардумони мо ба кишварҳои якдигар равуои бераводид (бевиза) доштанд. Ҳамадонию исфаҳонӣ ва шерозиён ба Самарқанду Бухоро ва Тирмизу Хоразм ё самарқандию бухороӣ ва хоразмиёну тирмизиён ба Шерозу Исфаҳону Табрез ва дигар шаҳру устонҳо чун ба шаҳру устони худ мерафтанд, иқомат ихтиёр мекарданд. Ва аз қазо, вақте миқрози аҷал риштаи умрашон мегусилид, дар қабристонҳои ҳамон шаҳрҳо ба хоби абадӣ мерафтанд. Бигирем, хокҷойи ниёгони бузурги мо — Абуалӣ Синою Камоли Хуҷандӣ воқеъ дар Ҳамадону Табрези  Эрон аст.
Дар навбати худ дар қабристони шаҳрҳои бостонии мо бисёр эрониён дафн шудаанд...
Ин равуо ва дар канори ҳам буданҳо имрӯз низ, бино ба раводид, идома дорад. 
Пас аз истиқлолиятро ба даст даровардани кишвари мо, дар Тошканд сафоратхонаи Эрон ба  фаъолият шурӯъ кард, робитаҳои фарҳангиву иқтисодӣ беш аз пеш густариш ёфтанд. Ҳоло дар Ӯзбекистон бисёр корхонаҳои муштараки ӯзбекистонию эронӣ кору фаъолият доранд...
Номи яке аз чеҳраҳои адабии адабиёти умумифорсӣ, шоир, нависанда ва пажӯҳишгари эронӣ — Ҳушанг Ибтиҳоҷ маъруф бо Соя ба аҳли адаби дунёи форсӣ ошност. Шеърҳояш ба забонҳои дунё, аз ҷумла ӯзбекӣ, тарҷума шудаанд, шоирони форсигӯйи кишвар аз мактаби эҷодии ӯ баҳра мебаранд...
Ҳушанг Ибтиҳоҷ соли 1928 милодӣ дар шаҳристони Рашти Эрон дида ба дунё кушуд ва пас аз таҳсилоти худро дар ин шаҳр ба поён расондан, ҳамроҳи хонаводааш ба Теҳрон омад. Дертар бо тақозои тақдир дар Олмон зиндагӣ ихтиёр намудааст...
Соя аз шоиронест, ки дар қолабҳои суннатии шеъри порсӣ ва ҳам дар сабки нимоӣ ҳадафашро ба курсӣ нишондааст. Бештар ғазал мегуфт, дар гуфтани шеър, хоссатан ғазал, ба Ҳофизи Шерозӣ пайравӣ кардааст. Дертар истиқлоли андешаро ба даст меоварад, зулоли шеъраш гуворотар мегардад ва «ман»-и ӯ ба «ман»-и ҷамъият табдил меёбад... 
Ӯ аз маъдуди шоиронест, ки аз чанд шаҳри Иттиҳоди Шӯравӣ – Ереван, Маскав, Ленинград, Киев, Тошканд, Самарқанд ва Бухоро дидан кардааст.
Аҳли адаб ва алоқамандони каломи бадеъ бо осори ӯ — «Нахустин нағмаҳо», «Сароб», «Сиёҳмашқ», «Шабгир», «Замин», «Чанд барг аз Ялдо», «Сиёҳмашқи 1, 2, 3», «Ойина дар ойина», «Ёдгори сарви хун» ва «Девони ашъор» ошноянд.
Дили шоири бузург чанде қабл аз тапиш монд. Ӯ 94 сол дошт. Хонаи охираташ обод бод.
***
Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,
Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.
Ин дурр ҳамеша дар садафи 
рӯзгор нест,
Мегӯямат, вале ту куҷо гӯш мекунӣ.
Дастам намерасад, ки ба оғӯш гирамат,
Ай моҳ, бо кӣ даст дар оғӯш мекунӣ?
Дар соғари ту чист, ки бо ҷуръаи 
нахуст,
Ҳушёру мастро ҳама мадҳуш мекунӣ.
Май ҷӯш мезанад ба дили хум, биё, 
бубин,
Ёде агар зи хуни Сиёвуш мекунӣ.
Гар гӯш мекунӣ, сухане хуш бигӯямат,
Беҳтар зи гавҳаре, ки ту дар гӯш 
мекунӣ.
Ҷоми ҷаҳон зи хуни дили ошиқон пур аст,
Ҳурмат нигоҳ дор, агар нӯш мекунӣ.
Соя чу шамъ шуъла дарфикандаӣ 
ба ҷамъ,
З-ин достон, ки бо лаби хомӯш мекунӣ.

Бахши адабиёт ва ҳунари 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: