Донишгоҳи давлатии Самарқанд гузаштаи ғановатманд ва пурифтихоре дорад.
Донишгоҳи давлатии Самарқанд гузаштаи ғановатманд ва пурифтихоре дорад. Дар ин ҷо олимону профессорони машҳуру маъруф ва моҳиру пуртаҷриба кор кардаанд. Ҳангоме ки мувофиқи талаботи донишгоҳ кафедраи забонҳо ва адабиёти Шарқи хориҷӣ ташкил шуд, ба он аввалин шуда шарқшинос, хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Санкт-Петербург, профессор Ю. Авалиани мудир таъин гардид. Таҳти роҳбарии вай ва ҳамфикрони ӯ кафедра аз ҷумлаи асосгузорони анҷуманҳои байналхалқӣ доир ба масъалаҳои фразеологияи забонҳои Шарқ шуд. Бо сарпарастӣ ва роҳбарии ӯ кафедра чандин маротиба оид ба масъалаҳои умдаи фразеологияи забонҳои Шарқ анҷуманҳои байналхалқиро баргузор кард.
Ба кафедра омӯзгорону профессорони соҳа ҷалб гардиданд. Номзадҳои улуми филологӣ, дотсентон Ҳодӣ Ҳусайн Далилӣ, Н. Беҳбудӣ, Р.Эгамбердиев, мутахассисони забон ва адабиёти форс Ҷ.Мирсаидов, Т.Нуриддинов, забони арабӣ Саидҷамол Мирҷаъфаров, ки то имрӯз фаъолият дорад, аз ҷумлаи онҳо буданд. Соли 1975 мудири кафедра Ю.Авалиани дар Донишгоҳи Тбилиси рисолаи доктории худро дар мавзӯи “ Тадқиқот оид ба фразеология ва феълҳои мураккаби забони курдӣ” дифоъ намуд. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ мақолаҳои илмии аъзои кафедра пай дар пай дар маҷмӯаи анҷуманҳои илмии шаҳрҳои Маскав, Волгоград, Тула, Боку ва ғайра интишор ёфтанд. Дар солҳои пасин, баъд аз вафоти Ю.Авалиани профессор Ҷ.Мирсаидов чун мудири кафедра адои вазифа кард. Дар ин муддат узви кафедра, номзади илми филология С.Саъдиев рисолаи доктории худро бомуваффақият ҳимоя намуд. Дар ин солҳо муаллифи чандин китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ аз забони форсӣ, дотсент Ҳ.Аҳроров, муаллимон Т.Искандарӣ, С.Абдуқодирова низ дар ин ҷо фаъолият доштанд. Авохири солҳои 1980 вазифаи мудирӣ ба зиммаи олими шинохта Н.Беҳбудӣ афтод. Дар ин муддат як гурӯҳ олимони ҷавон ба кафедра ҷалб карда шуданд. Инҳо хатмкунандагони факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон В.Назаров, Ф.Облоқулов, хатмкунандаи факултаи шарқшиносии Тошканд Т.Воҳидов ва муаллимаи пуртаҷриба Д.Обидова мебошанд. Баъдан ба кафедра доктори илми филология, профессор Ш.Шукуров мудир таъин гардид. Муддати тӯлонӣ пайваста бо корҳои илмӣ корҳои тадрисӣ низ хеле пеш рафт. Донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забони арабӣ ва форсӣ иштирок намуда, ғолиб омаданд ва ҳоло яке аз ин ғолибон З. Нуруллоева дар кафедра ҳамчун устод фаъолият дорад. Баъдан хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Аҳмадҷон Юлдошев мудир таъин гардид. Мутаассифона, соли 2010 бо сабаби кӯтоҳ гардидани ҳаҷми соатҳо кафедра бо кафедраи забон ва адабиёти тоҷик муттаҳид карда шуд ва тӯли чанд сол ҳамчун тобеи кафедраҳои мухталиф адои вазифа намуд. Хушбахтона, сентябри соли 2019 кафедра бо дастгирии ректори донишгоҳ, профессор Рустам Холмуродов аз нав ташкил ёфт ва ба он дотсент А.Воҳидов мудир таъин шуд. Ҳоло кафедра фаъолияти худро дар асоси фармонҳои Президент ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ аз нав ба роҳ мондааст.
Имрӯз низ профессорони кафедра Садрӣ Саъдиев ва Афтондил Эркинов, номзади илм Зулфия Юнусзода, доктори фалсафа Сабоҳат Маҷидова, муаллими калон Саидҷамол Мирҷаъфаров, дотсент Абдуваҳҳоб Воҳидов, омӯзгорон Мавлуда Давронова, Фозилҷон Шукуров, Заррина Нуруллоева ва Ҳафиза Шукурова дар чандин равияҳои таълим аз фанҳои забони хориҷӣ (арабӣ ва форсӣ), забонҳои Шарқ ва алифбои арабӣ ба шогирдон дарс мегӯянд. Дар доираи факултет маҳфили илмии “Шарқшинос” амал мекунад ва донишҷӯён дар он фаъолона иштирок доранд. Баробари ин, фаъолияти илмии аъзои кафедра низ қобили таваҷҷӯҳ буда, мақолаҳои илмии онҳо дар маҷаллаву конфронсҳои салоҳиятноки байналхалқӣ чоп мегарданд. Имрӯз вазифаи роҳбарии илмии профессорон С. Саъдиев ва А.Эркинов ба докторант Д.Аҳмедова, мухаққиқон Ф.Шукуров Р.Ҷабборов, С.Ҳалимов ва А. Қурбонов вогузошта шудааст ва боиси хурсандист, ки рисолаҳои чанде аз онҳо дар арафаи дифоъ аст. Аз ҷумлаи нашрҳои илмие, ки солҳои охир аз ҷониби ходимони кафедра чоп шуд, метавон асарҳои С.Саъдиев “Сайидои Насафӣ ва муҳити адабии Мовароуннаҳри нимаи дуюми асри XVII” (Душанбе, 2019), “Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих” (бо хати форсӣ, Эрон, 2020), А.Эркинов, Р. Ҷабборов “Алишер Навоий. Оққуюнли мухлислар девони” “Тошкент: Шарқ, 2020), А. Воҳидов, Ф. Шукуров дастуруламали “Сабақҳои хати арабӣ-форсӣ” (Самарқанд – 2020) ва ғайраро ном бурд.
Аъзои кафедраи забонҳои Шарқи хориҷӣ саъю кӯшиш доранд, ки соҳаҳои гуногуни мамлакатамонро бо мутахассисони забонҳои хориҷӣ таъмин намоянд ва дар ин ҷода салоҳияти донишгоҳро боз ҳам баланд бардоранд.
А.ВОҲИДОВ,
мудири кафедраи забонҳои Шарқи хориҷии ДДС,
М. ДАВРОНОВА,
омӯзгори кафедраи забонҳои Шарқи хориҷӣ.