ЯКЕ ОН КИ КОРАД, ҲАМОН БИДРАВАД

Маълум аст, ки ободу шукуфоии Ватан ва фаровонии рӯзгор аз сарсабзу хуррам будани гузару маҳаллаҳо низ вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, бо ташаббуси сарвари дурандеши давлати мо чанд сол боз Барномаи давлатии «Маҳаллаи обод» татбиқ мегардад. Мо хостем дар бораи фаъолияти яке аз чунин инсонҳо, ки дар пешрафту рушди гузару маҳаллаҳо саҳим ҳастанд, амини маҳаллаи Чақари шаҳри Самарқанд, марди бебоку адолатпарвар Баҳодур Ҳайдарӣ ба таъбири «муште аз хирвор» нақл кунем.
Ҷойи мардон – дар майдон

На ба мансаб бувад 
баландии мард, 
Балки мансаб шавад 
ба мард баланд. 
(Абдураҳмонӣ ҶОМӢ.)
Пинҳонӣ ва ғайричашмдошти мардуми маҳалла майдончаи бозӣ ва дилхушии бачагони он аз ҳар тараф «қайчӣ» шуд. Болои сӯхта намакоб –  замин ба ҳисоби «тадбиркор»-е гузашт, ки ба маҳаллаву гузар ҳеҷ алоқамандӣ надошт. Акнун ҷавонони варзишдӯсти маҳалла наметавонистанд дар он озод ва бофароғат бозӣ кунанд, ё ки бо тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.
Мардуми маҳалла ба амин шикоят карданд, вале бенатиҷа. Баъди мазза аз қайла гузаштан фаҳмиданд, ки зери коса нимкоса ҳаст. Аз ҳамин сабаб, таъҷилан маҷлиси умумии гузар баргузор гардид ва бо талабу дархости ҳозирон марди раиятпарвар, фарзанди бедордилу кордони маҳалла Баҳодур Ҳайдарӣ, ки бо корҳои нек ба эҳтироми ҳаммаҳаллаҳо сазовор гардида буд, амин интихоб шуд.
 
Мероси падар

Намак дар комҳо ширинтар 
аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад, то як 
писар мисли падар гардад.
Дар тинати Баҳодур Ҳайдарӣ накӯкорӣ, хоксорӣ ва адлу росткорӣ барин хислатҳои хуби инсониро падари бузургвораш Шариф Ҳайдаров ва модари ғамгусораш Баҳора Камолова сириштаанд. Онҳо нӯҳ фарзандро нек тарбия карданд, то дар зиндагӣ ба шиори «барака аз инсоф» амал кунанд, бештар китоб хонанд, накӯкор бошанд, аз мардумозорӣ, худписандӣ, мунофиқӣ барин хислатҳои бад дур бошанд.
Баҳодур ҳангоми таҳсил дар мактаби таълими умумии рақами 8-уми шаҳри Самарқанд пайваста мекӯшид, ки падару модарро бо баҳоҳои аъло ва амалҳои неки худ хурсанд кунад. Натиҷаи меҳнати пайваста буд, ки соли 1980 мактабро бо медали тилло хатм кард ва шомили Донишкадаи давлатии савдо ва иқтисодиёти шаҳр шуд. Рӯзона дар анборхона кор мекарду шабона дар факултаи иқтисодиёт таҳсил мегирифт. Дар ин мобайн ду сол дар шаҳри Брянск (Русия) хидмати ҳарбиро адо карда, баъд дар соҳаҳои гуногуни савдо фаъолияти меҳнатиро идома дод. Ба нафақа баромада, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ҳайдариён»-ро ташкил намуд. Алҳол амини маҳаллаи Чақар аст.

Кӯш, то халқро ба кор оӣ

Мебош ба ҷидду ҷаҳд дар кор, 
Домони талаб зи даст магзор! 
(Ҳусайн Воизи КОШИФӢ.)
Чақар аз маҳаллаҳои сераҳолии шаҳр буда, 442 хонадон ва 2859 нафар аҳолӣ дорад. Солҳои охир таҳти роҳбарии бевоситаи амини он ба мақсади обод кардани гӯшаву канори маҳалла, таъмин сохтани фаровонҳолии рӯзгори мардум, дастгирӣ намудани оилаҳои ниёзманд корҳои шоёни таҳсин амалӣ гардиданд.
– Сарвари давлат дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон дуруст таъкид кардааст, ки «замина ва оинаи тамоми ислоҳоти мо маҳалла мебошад». 
Маҳалла пойдевори сулҳу осоиштагӣ, аҳлӣ ва ҳамҷиҳатӣ, маърифат ва маъвои тарбия аст, – мегӯяд Баҳодур Ҳайдарӣ. – Хушбахтона, барои он, ки маҳалла таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ муаммо ва мушкилоти худро мустақилона ҳал намояд, низоми «Буҷаи маҳалла» ҷорӣ карда шуд. Барои ин аз соли равон як қисми андози амвол ва замин дар худи маҳалла мемонад. Пӯшида нест, ки чанд сол пеш дар хазинаи маҳаллаҳо, аз ҷумла маҳаллаи мо маблағи кофӣ набуд, аз ин рӯ барои ҳаллу фасли бисёр кору масъалаҳои мубрам ба саховатмандони гузар, тадбиркорони он такя мекардем. Ҳоло доираи имконоти маҳаллаҳо васеъ гардид. Соли гузашта ба чандин оилаҳои муҳтоҷ дасти ёрӣ дароз кардем. Барои пардохти маблағи шартномаи донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ аз маҳаллаамон Шаҳзод Собиров ва Зарина Қодирова кӯмак расондем. Ба бонувон Малика Бурҳонова ва Зарбона Зиёева мошинаи дӯзандагӣ, ба 11 нафар ҷавонон 31 миллион сӯмина ёрдампулӣ додем. Ба 15 оилае, ки дар «Дафтари оҳанин» сабти ном шудаанд, маводи озуқа ва дигар кумакҳои моддӣ расонида шуданд.
Дар назди маҳалла Шӯрои собиқадорон амал мекунад, ки ба он шахсони донишманд, рӯзгордида, соҳибтаҷрибаву соҳибэҳтиром шомил мебошанд. Мо дар маҳаллаамон бо ёрдамчии ҳоким Меҳриддин Мӯъминов, фаъоли зан ва духтарон Азиза Узоқова, сардори ҷавонон Тозадил Худойбердиева, нозири профилактика, полковник Фирдавс Ӯроқов аз як гиребон сар бароварда, кор мекунем. 
– Ҳар як инсон ғайр аз фаъолияти кори асосӣ машғулоти дӯстдошта дорад...
– Фаҳмидам. Ман аз овони бачагӣ бо адабиёт ҳамнафасам. Аз падар китобхонаи бебаҳо мерос мондааст, мутолиаи китобҳои ин махзан машғулоти дӯстдоштаи камина аст. Зеро тавре ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон 
ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре 
нест. 
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз 
озоре нест.

Мукофоти амал

Мукофотҳо чанд гуна бувад, 
Яке он ки корад, ҳамон 
бидравад. 
(Абушакури БАЛХӢ.)
Марди кушодачеҳра, дасткушоду саховатманд, дилёбу дарёдил  Ҳоҷӣ Зоҳир Ҳайдар, ки солҳо ин ҷониб аз наздик мешиносам, мужда дод, ки додараш – Баҳодур зодрӯз дорад. Мо ба мақоли «Аз дӯст як ишорат, аз мо ба сар давидан» амал карда, ба ҳоли қудрат доир ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ чанд сухан гуфтем, то дар рӯзномаамон чоп карда дастовези ҷашнаш намоем.
Дар омади гап бояд гуфт, ки Баҳодур Ҳайдарӣ, ки шастумин баҳори умрро истиқбол мегирад, на танҳо амини кордону тадбиркори соҳибтаҷриба, инчунин роҳбари моҳир, падари сахтгир, бобои дуогӯй, насиҳатгари насли наврас ҳам ҳаст. Вай бо ҳамсари меҳрубонаш, соҳиби маълумоти олӣ, меъмор Роҳила Юнусова се фарзандро таълиму тарбия дод. Рухшона дар хориҷа бо тадбиркорӣ машғул буда, Муҳаббат ҳамшираи шафқат мебошад, ягона писараш Некбахт касби қиблагоҳашро идома медиҳад. Мо соҳибҷашнро бо синни камолот табрик гуфта, ба ӯ тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: