ЯКРАВӢ

Ба сабру бардошти ҳар дуяшон ман қоил!

Юнуси ИМОМНАЗАР

ЯКРАВӢ
(Ҳикоя)

Ба сабру бардошти ҳар дуяшон ман қоил!
Ҳамин ки чилланишинӣ эълон ва дари мактабу корхонаҳо баста гардид, шавҳару духтарам аз хурсандӣ кулоҳ ба осмон партофтанд. “Боракаллоҳ, ана ин кори олиҷаноб шуд! – мегуфт додояш бо рӯҳи болида. – Сари вақт ширкатро таътил карданд, Илоҳо, ҳама баду бало зудтар гузашта равад!”. Духтарам низ шодмониашро дар худ намехӯрд: “Чӣ қадар зебо шуд, ба гуфтаи устодамон, хавфи олуда шудан ба ин вируси балои ҷон паси сар монд. Аз ин пас дар хона нишаста дарс меомӯзем, муаллимон бо телегром вазифа медиҳанд. Аз каналҳои телевизион ҳам дарсҳои онлайн мегузаранд...» 
Оре, ҳар ду хонашин шуданду дили ман дар хона нағунҷид. Намедонам чӣ ҷине маро зад, аз субҳ то шом ба ҳузури шавҳару духтарам дар манзил базӯр тоқат мекардам. “Мардаки беғам, рӯз то бегоҳ пушта ба курсӣ часпонда нишастанат нишастан, – ҳар гоҳе ба шавҳари “бекор” назарам меафтод, гулӯямро ингор ту гӯӣ, мисле ки панҷаи гург хафа мекард, – э, аз китобу газит хондан дили ту беҷо ҳам намешавад-е!”. Сарборӣ ба ин, духтарам низ дар паҳлуяш беғаму бепарво бо қаламу дафтару роёнааш ишқу ҳол мекард: менавишт, мехонд, тасвир мекашид, соатҳо ба мағзи роёнааш даромада мерафт. Ин шуғлу ҳамроҳиашон маро ба марзи дилтангӣ расонд, дар сурате ки қаблан ҳар рӯзи Худо танҳо менишастаму доимо мамнуну сари ҳол будам. 
Гоҳе ҳис мекардам, ки ба инсоф меоям: охир, инҳо ҷигарҳои мананд, чӣ бадӣ дорад агар шабу рӯз бо ҳам бошем? Ба гуфтаи додояш, то гузаштани балоҳои рӯз беҳтар нест ҳама дар хона бимонем? “Эҳ нодон, умр ғанимат, ҳоло ки фурсат дорӣ ту ҳам аз дидору меҳрашон сер шав, – чун барқ фикрҳое дар саҳни хаёл ҷарақа мезад, – ба дилашон роҳ ёб, хушҳолӣ кун, аз хӯроку шириниҳои аҷоибат бипаз, ба қадри азизонат бирас!”. Вале ин ҳиссиёт ҳамон як оташаки лаҳзаина буду халос. Мани хонашине, ки асло ба берун руҷӯъ намекардам, ҳоло зиқ шудам. Аз чиллаи нобаҳангом наздик буд дилам торс кафад, аз пайи наҷот суроғи дугонаҳоямро гирифтам... 
Дунё бо ҳамрозу ҳамдам сафо дорад! Дугонаҳои бовафо бо як ишора дарди бандаро фаҳмиданд. Гаштаки навбатиро Гулсара ба уҳда гирифт. Пас аз даҳ-дувоздаҳ рӯзи дар хона мондану саршор шудани косаи сабр ба димоғам ҳавои тоза расид, барои рафтан ба меҳмонӣ омодагӣ дидам. Оҳ, чӣ қадар лаҳзаҳои рӯҳбахше буд он дам! Хурсандиам дар дил намеғунҷид, охир, он лаҳза аз зиндону маҳбусони дамдардаруни он раҳоӣ меёфтам! Аммо...
– Ҳа, ба куҷо даррав шудӣ? – ғайричашмдошт овоз баланд кард додояш аз ҳамон ҷойи нишасти худ. – Ба меҳмонӣ меравӣ?
“Ҳама гуфтугузорро шунидааст, номард, – шуввӣ дилам рехт, – худро бо китобхонӣ вонамуд карда ҳама ҳарфро гӯш мекардааст!”. Суоли ӯ чун сӯзане буд, ки пуфаки тоқатамро кафонд.
– Чӣ буд, дастамро нигаҳ медорӣ, ба поям ишкел мезанӣ? – бо инод гуфтам ман. – Ҳақ надорам ба меҳмонӣ равам?
Ба наздам омад. Сураташ ба андозае шигифтзада менамуд, ки гумон мекунӣ дар умраш ба ин гуна ҳолат наафтодааст. Чашмони аз мутолиаи зиёд сурхшудааш чун пиёла боз ва лабу даҳонаш ба ду ҷониби фак мисли кеш таранг шуда буданд. Бо азобе ғазабашро ба дарун хӯрда гуфт: 
– Дар берун карантин, ин ҳама сарусадои пулисҳоро намешунавӣ?
– Ба ман чӣ? – якравӣ кардам рост ба чашмонаш нигариста. – Аз куруно гурехта дар хона бимирам?
– Ё тавба, ин гап аз куҷои ҷонат баромад? Магар касе зулм мекунад ба ту?
– Ман дар ин зиндонат девона мешавам! Пеши роҳамро нагир, маро гузор ба назди дугонаҳоям равам, то вақти шом бармегардам.
– Ба ҳеч ҷо намеравӣ! – садо баланд кард ӯ, дар ҳоле ки наметавонист ғазаби худро нигаҳ дорад.
– Меравам! 
Ёзиду аз банди дастам гирифт ва дод зад:
– Ба хона даро!
– Не! – бо зарб дастамро кашида, худро аз дар ба берун задам ва ба пушт нигоҳ накарда бо ҳавлу ҳарос аз зинаҳо ба поин фаромадам.
Вақте ки ба кӯча баромадам, додояш сар аз тиреза нишон дода бо таҳдид гуфт:
– Агар балое ба сарамон биёварӣ, зинда-зинда гӯрат мекунам, ин ҳарфам аз ёдат наравад!
Ман даст афшонда, аз роҳам нагаштам. Бо орзуи дидани ҳамтабақони улфат ҳаммонанди мурғи озоде ба сӯйи мақсад бол задам... 
Бе муҳобо, баҳори зиндагӣ суҳбати дӯстон аст! Аз ин дару аз он дар хонаи гап метафсаду дилат сард намешавад. Касе аз доми ҳангома берун намемонад – на арӯсу модаршӯ, на ҳамсояву ҳамхоба, на фалону на бисмадон. Он рӯз гӯё як пуд ғам аз танам рехт, нисфи гапро ба гаштаки дигар вогузошта, бо хушҳолӣ ва бӯсу канор ҳамдигарро тарк кардем. 
Вақте ки ба хона омадам, аллакай ҳама ҷоро торикӣ фаро гирифта буд. Дарро оҳиста тиқ-тиқ задам. Духтарам кушод. Ба дохил по гузошта чанд муддат сари ҷо мех шуда истодам. Фикр мекардам ҳамин ҳоло шавҳари ошуфта ба пешвозам метозаду ё ҳарфи танбеҳ мезанад ё муште ба сарам. Вале ҳодисае рух надод, фазои ҷиму ором ва зиқизойи манзил дубора маро ба оғӯш гирифт. 
Бори аввал дар хонаи хобам шабро танҳо то саҳар расонидам. Намедонам барои чӣ, ҳамон шаб хеле мехостам додояш ба наздам ояд, мисли айёми ҷавонӣ бо меҳр маро ба оғӯшаш гирад, тану ҷонамро бисояд. Мижа таҳ накарда то хеле вақт ин лаҳзаро мунтазир мондам, аммо мурод ҳосил нашуд. “Аз ман хафа аст, чун ба гапаш гӯш надодам, мехоҳад қаҳрӣ гардад”.
Субҳ аз хоб хеста ба корҳои зиндагӣ андармон шудам. Мисли ҳамеша сабуку сари ҳол набудам, тамоми ҷонам хаста менамуд, гӯё дасту поям дармон надошт. Пас аз сарфи субҳона дубора ба тамизкории хона пардохтам. Кам-кам беҳолиам бештар мешуд, ҳатто чизе пеши гулӯямро гирифта, ҳолати таҳаввуъро ҳис мекардам. Бо ин ҳол то нисфи рӯз расидам. Ҳамроҳи духтарам наҳор дуруст кардем. Пас аз сарфи наҳор пай бурдам, ки дасту поям ҷон надорад. Ба хонаи хоб даромада дароз кашидам. Ногаҳон дар ҷойи хоб дарунам шуррӣ гузашт. Давида ба дастшӯйӣ баромадам. Оре, дарунравӣ доштам, мисли зардоб меомад, исҳоли сахте гирифта будам.
Додояш эътиное надошт, духтарам низ дар олами дарсҳои худ фурӯ рафта, бепарво тамрин мекард. Дарди шикам маро ором нагузошт. Гӯё лӯлае дар дарунам ҳавокашӣ мекард, атрофи шушам месӯхт, ҳалқам хорише дошт, мисли ин ки ба он сихе халида меистод. Дилам сахт беҷо шуду парида сари по хестам, ба дастшӯйӣ гузаштам. Ҳарчанд қай кардан мехостам, аммо чизе аз гулӯ набаромад. Бехаёл ангушт дар ҳалқ андохтам. Аз чашмонам ашки сӯзон баромаду андак зардоби қирмизӣ аз даҳон, қариб нафастанг шудам. Базӯр ҳаво аз гулӯ бароварда, сар бардоштам, ҳалқам хорид, кам-кам сулфидам. Бо мурур нафасгириам мушкил пайдо кард, мекӯшидам аз ин азоб бо сурфаи хушки канда-канда раҳоӣ ёбам... 
Он рӯз ҳам ба поён расиду пардаи тираи шом ба ҷойи равшанӣ нишаст. Сари вазнину тани беҳоламро базӯр бардошта ба ошхона гузаштам. Духтарам ба ёрӣ омад. Ҳанӯз ба омода кардани ғизо напардохта дубора сурфаам хурӯҷ кард. Духтарам ҳайратзада пурсид:
– Чӣ гап, оча, дар чиллаи баҳор сармо хӯрдӣ? 
– Намедонам, тамоми ҷонам дард дорад, – дар ҳоле ки аз нав дар худ таҳаввуъу дилбеҷойиро ҳис мекардам гуфтам ман, – аз димоғам гирифта то шушу ҷигарам месӯзаду мехорад, назорати баданам аз даст рафтааст. 
– Ҳоло ист, ман илоҷашро меёбам, – чашмони духтарам барқ заданд, давида ба балкон гузашту як бандча ҳазориспандро ба рӯ гирифт, – ҳоло дуд мекунем, ҳама микроб мемирад.
Бо ин ҳол кашол-кашол хӯроки шомро пухта ба дасторхон кашидам. Хеле гурусна будам, мехостам як олам ғизо бихӯрам, лекин пушти суфра нишастаму ҳеч коре аз дастам наомад. Танҳо як чумча аз таом хӯрдам, ки на бӯе дошту на маза. Агарчи шикам танбӯр менавохт, иштиҳо ғайб зад. Базӯр ду-се тикка нон фурӯ бурда, як пиёла чой нӯшидам ва хастаю беҳол ба ҷойи хоб гузаштам.
Дунё чӣ имтиҳонҳоеро ба сари одам намеоварад. Гӯё кӯҳи оташи Халилуллоҳ буд, ки маро дар коми худ фурӯ мебурд. Аз ғояти сӯзу гудози беохир парида аз ҷо хестам. Ингор тамоми баданам месӯхт, пешониам рӯяи танӯрро мемонд. Бо шиддати табу ҳарорати баланд тамоми вуҷудам меларзид, хир-хир базӯр нафас мекашидам, дар гӯшҳоям виз-визи муттасил хона мекард. Дар торикии нисфи шаб ба девору дар такякунон, по ёзонида то ҷойи хоби додояш омадам. Ҳамин ки малофаи (болопӯш) болояшро кашида даст ба китфаш бурдам, ҷаста хесту сари ҷо нишаст. Ман дигар ҳоли гапзанӣ надоштам, аз ғояти ларзиш лаб ба лабам намерасид, худамро гум кардам... 
Илоҳо, хушк шавад решаи якравӣ, дар рӯзи равшан корамро кард. Гапнодароӣ бароям гарон омад. Набуда монад он нишасту гапи дугонаҳо, бо пойи худ рафтаму ба оташи бало гирифтор шудам. Аблаҳию кавданиам маро бистарӣ карду беҳуш. Намедонам чӣ қадр дар дунёи тахалхулию рангоранг сабуку берӯҳ мегаштам, яке ба ҳуш омадам, чашмҳоямро кушода худро дар хонаи бузурге дидам. Рӯ ба рӯям аз сақфи хона чандин чароғак милтас мезаданд. Ба суратам дастгоҳи нафаскашиву ба ангуштону сари дилам низ чандин оҳанаку дастгоҳ зада буданд. Дар назди тахтхобам ва дуртар аз он одамҳое саросар сафедпӯш бо дасткашу дамобандҳо давуғеч доштанд. Яке аз онҳо дида боз кардани маро дид магар, ба пешам омад ва пурсид:
– Ба худ омадӣ? Садои маро мешунавӣ?
Ман “оре” гуфтанӣ будам, аммо ҳис накардам, ки забону даҳонам меҷунбад ё не. Парастор ба суханаш афзуд:
– Аз марг баргаштӣ, хоҳар, акнун зиндагӣ мекунӣ. Баданат ба эътидол омад.
Ман ҳарфҳои ӯро мешунидам, аммо худам ёрои гап задан надоштам. Хеле мехостам аз ӯ суол кунам, ки ба ман чӣ шуд, чанд муддат беҳуш хобидаам, касалиам чӣ аст, барои чӣ асири ин ҳама дастгоҳу резинҳо ҳастам. Хушбахтона, парастор фикрҳоямро аз дидаҳои нигаронам хонд магар, сӯзану шишаи доруи қатраии болои сарамро ба мизон оварда, бо нармӣ ба ман шарҳи ҳол кард:
– Туро дар ҳолати буҳронӣ ба дармонгоҳ расониданд. Гармии баданат чилро зер мекард, хишшоки қафаси синаат возеҳ шунида мешуд, аз нафасгирӣ афтода будӣ. Озмоишҳо нишон доданд, ки вируси куруно қисматҳои болоию поёнии роҳҳои нафас ва ҳатто кисаҳои ҳаворо олуда кардааст, роҳҳои ҳавогузар варам дошт. Бо ин ҳол, ба ту сари вақт расидем, ҳоло ба худ омадӣ, вале бадии кор дар ин, ки беморӣ ба наздиконат ҳам сироят кардааст... 
Ин ҷо сухани парастор чун теғе диламро сӯрох кард. Бо талвоса дар ҷойи хоб такон хӯрдам. Парастор китфҳоямро зер карда, бо изтироб гуфт:
– Ором бош, хоҳар, сӯзандоруҳо дармераванд. Пас аз як ҳафта базӯр ба худ омадӣ, ҳама саъю талошамонро ба бод надеҳ. Бубин, духтару шавҳарат низ дар зери дастгоҳанд, ба онҳо низ пайваста дору тазриқ мекунем, ҷойи хавотир нест. 
Гӯиё хун ба майнаам зад, сарам гиҷ шуду чашмонам сиёҳӣ рафт... 
“Ҷиз-з” сӯхтани пӯсти дастамро ҳис кардам. Парастор ба раги борик доруи таскинбахш мефиристод. Дар ҳубобҳои тирафоми хаёл чошу пареш воқеаҳои пешин зинда шуданд. Ба дидаҳои ошуфтаи шавҳарам тоб наоварда, бо ҳисси изову пушаймонӣ чашмонамро пӯшидам. Нидое аз мағзи ҷонам ҷӯш зад: “Худоё, савганд ба иззатат, барои гуноҳонам ҷуз ту омурзандае намеёбам, бо хории тамом ба даргоҳат рӯй меоварам, тавба кардам, бо бузургиат азизонамро аз ин бало наҷот деҳу маро аз насими рӯҳафзои бахшиш ва омурзишат маҳрум нагардон!”.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: