ЯКРӮЯ

Озод аз қабили дӯстони кӯҳнаам.

Бекназар ТӮЙНАЗАР

ЯКРӮЯ
(Ҳикоя)
Озод аз қабили дӯстони кӯҳнаам. Мақоле ҳаст: «Дӯсти кӯҳна беҳ аз дӯсти нав». Муҳимаш, вай нависандаи барҷаста. Услуби асарҳояш, аз нигоҳи банда, ба адиби дигар шабоҳат надорад.
Боре, вақте ки дар ошхонаи нашриёт менишастем, баъди тановул, як оҳи бадард кашида бо лабханд гуфт:
– Ба қарибӣ боз як мактуби беимзо гирифтем. Навиштааст, ки ман ба сари ҳамсарам мушт бардоштам. Хуб шудааст! Бадтар шав! Ҳамсарат фарзандонатро гирифта, ба хонаи падару модараш рафтааст. Бо сари қоқ мондаӣ... Ту дар асарҳоят мудом аз ҳаёти ҳамдеҳагонат навишта, аз болои баъзеҳо механдӣ. Ханд, боз ханд. Акнун гард дар кӯчаҳои шаҳр ба дидори бачаҳоят зор шуда...»
– Ба назарам, ба асари ба қарибӣ навиштаатон, шамма мекунад, муттаҳам! – гуфтам.
– Гап дар ин не, ҷӯра. Айби ман ин, ки мавзӯи навиштаҳоямро аз ҳаёти мардум мегирам. Бо ин васила ягон гапи тоза гуфтанӣ мешавам. Худатон хабар доред. Дар давоми умрам ин гуна мунаққидонро бисёр дидаам. Ин эродгарон ба фарқи фелетон, мақолаи танқидӣ ва асари бадеӣ намераванд. Ман аз ҳамин ҷиҳат ғам мехӯрам.
Хайрият, агар гоҳу бегоҳ ба Сайроб – ба хонаи дӯстон ва ҳамдеҳагонам равам, бо шодмонӣ маро аз будаш бештар ситоиш карда, дуо мекунанд, ки бештар нависам.
Бо ҷӯраҳоям дар кӯчаҳои деҳа гаштугузор кунам, баъзе шиносҳоям, пеши роҳамро гирифта, баъди ҳолпурсӣ маро табрик мекунанд.
– Фалон асаратонро ду-се маротиба хондам. Роҳат мекунад одам. Баъд ботинан хурсандӣ мекунам, даступо хӯрда.
Ман ин гапро барои он мегӯям, ки одамони дилсоф, рӯгӯй назар ба нокасон хеле бисёр.
– «Аноӣ» ном ҳикояатонро якчанд маротиба хондам, – мегӯяд як ҳамдеҳаи дигарам, – қаҳрамонҳои асаратон ба қисмати баъзе одамони нағз ва баъзе нокасони деҳа монанд.
– Ин қубҳ аст ё ҳусн?
– Ҳусн, албатта, – мегӯяд ҳамсуҳбатам сурху сафед шуда. – Рости гап, ман кам китоб мехонам. Лекин китобҳои шуморо камаш ду бор мехонам.
– Ин мукофот, – мегӯям ба Озод рӯ оварда. – Чунки рост мегӯед, бо зарофати ба худ хос ҳарф мезанед...
– Ҷӯра, дар боло аз мактуби беимзо гап кушода будам. Дар бораи оила ва оиладорӣ. Магар зану шавҳаре, ки ягон маротиба ба «тую ман» нарафта бошанд, вуҷуд доранд?! Ҳастанд, албатта. Вале бисёр не. 
Ман ҳам ҳамсар ва ду нафар фарзанд дорам. Чашм нарасад, то ҳол ками дар кам ба «тую ман» рафтаем. Се боҷа дорам. Нағз зиндагӣ мекунанд. Вале соле ду-се бор гапи зану шавҳар мегурезад. Баъд муштзанӣ ҳам мешавад. Занонашон додувой карда, ба хонаи падару модар рӯ меоранд. Бисёраш ду рӯз дар хонадони падарашон меғунҷанду халос. Боз ҳеч чиз нашудагӣ барин ба хонаи шавҳар меоянд, шоду бод. Чунки ба ҷанги зану шавҳар «остонаи дар хандидааст».
Ҳамсари банда аз ҷанҷоли хоҳаронаш бохабар. 
Агар шумо ҳам монанди боҷаҳоятон мушт бардоред, сояамро дар ин хона намебинед, гуфт боре бо шакарханда.
Аз миён солҳо сипарӣ шуданд. Зиндагиамон ҳамвор мегузашт. Вале як рӯзи баҳорон гапамон гурехту аз даҳони ҳамсарам гапи хунуке баромад. Худамро идора карда натавониста, ба рӯяш як тарсакӣ задам. Вақте аз чашмони ҳамсарам ба рухсорааш дона-дона ашк мерехт, ба хонаи корӣ гузашта, бо азобе аз аспи қаҳр фуромадам. Гӯш ба қимор дар диван дароз кашидам. Дарҳақиқат, ҳамсарам либосҳои фарзандонамро пӯшонда, бадар рафт. Акнун чӣ кор мекунам? «Агар мушт бардоред, сояамро дар ин хона намеёбед», гуфта буд. Рафт. Аз миён ду-се рӯз гузашт. Аз зану фарзанд дарак нашуд. Гумон мекардам, ки падарарӯсам ҳамсару фарзандонамро пешандоз карда мебиёрад. Намебиёрад, аз афташ. Лекин аз паяш намеравам, дар дил қарор кардам...
– Шумо ҷиянам Давронро мешиносед. Гоҳ-гоҳ ба дидорбинӣ меояд, рӯзҳои шанбе ё якшанбе, – суханашро бо табассум идома дод Озод. – Даврон аз таги гап хабар ёфта рӯзи шанбе ҳамсару фарзандонамро овард...
Ҷӯра, ин гапро барои чӣ ба забон овардам? – таъкид кард Озод. – Ҳамааш айби худам. Дар як гап, дар як қарор меистам.
– Аслан дар як гап истодан хислати бад не, – дилбардорӣ кардам аз даҳони Озод чашм наканда.
– Шумо ҳамин хел мегӯеду лекин баъзан одам пешпо ҳам мехӯрдааст.. Ба қарибӣ дар як маҷлиси идораи маҷалла ба рӯйи муовини сармуҳаррир Ато Маъруфӣ давидам баъди сухан карданаш. Рости гап, нуқтаи назараш дар боби матолиби маҷалла, ба фикрам, ғалат буд.
– Шумо – Ато Маъруфӣ як одами дурӯя, – гуфтам бо оҳанги таҳқир. – Чизи нағзро бад мегӯеду бадро нағз. Боз шон номзади илм, муҳаққиқ ва адиб будаанд.
Ато Маъруфӣ бо хашм аз ҷо хеста:
– Ту ҳоло ҷавон! – бо шитоб ба рӯям чашм дӯхт ӯ, – ба даҳонат нигоҳ карда гап зан. Агар аз ман узр напурсӣ, синну соламро ҳурмат накунӣ, вазъият дигар   мешавад.
– Якум, ин, ки, – аз ҷо хестам, – ман синну солатонро ҳурмат мекунам. Вале вай гапамро баргашта намегирам.
– Ин хел бошад, аз кор меравам, — гуфт ӯ.
– Намеравед. Ман чӣ гуна одам буданатонро медонам.
– Меравам! – такрор кард ӯ.
– Шумо аз кор равед, ман ҳам мерам. Сад афсӯс, шумо аз кор мерафтагӣ одам не...
Ато Маъруфӣ дар паҳлӯи сармуҳаррир менишаст. Сармуҳаррир баъди ин луқмаам сарашро хам кардаву рӯяшро бо дастонаш пӯшида, паст-паст механдид.
– Шумо Ато Маъруфиро мешиносед. Фасон шуда мегардад. Чунки вай «ҳамакора, вале корҳояш нимкора».
Чанд моҳ пеш модараш аз олам гузашт. Вай ба сармуҳаррир сим зада, илтимос кардааст, ки аз ҳисоби идора ягон мошини боркашро киро кунед. Сармуҳаррир аз ҳисоби худаш ба кассаи нашриёт пул дода, як мошин мегирад.
Аз рӯйи васияти модар, бояд ӯро дар зодгоҳаш ба хок месупурданд. Дар деҳа амакаш ӯро пешвоз мебарояду аҳволи майитро дида, ба сари Ато Маъруфӣ дод мезанад:
– Ту аблаҳ набошӣ, модаратро дар болои брезент мехобонӣ. Охир, одамизод бояд дар таги майит кӯрпа партофт, болояшро бо шолча ё суфи тоза пӯшонад.Ту аслан як махлуқи касофат будӣ. Дигар нашудӣ. Ту одам не, олим шуда бошӣ ҳам. Дар васфи модар як бор шеъри бенамак навиштӣ, хабарам ҳаст. Агар модаратро дӯст медоштӣ, шояд ягон шеъри дар хотир мемондагӣ менавиштӣ. Хуллас, на олими дуруст шудию на шоири дуруст.
– Амак, – гуфт ниҳоят Ато Маъруфӣ, – маро бубахшед. Ҷасади модарамро дар болои брезент хобонам-чию дар болои кӯрпа? Фарқаш-чӣ?! Охир, модарам зинда не-ку?
– Эҳ-а, ту асло дигар нашудаӣ, – бадтар даргирифт амакаш. – Гум шав, мо худамон модаратро ба хок месупорем...
– Бале, ҷӯра, Ато Маъруфӣ ана ҳамин хел махлуқи худобехабар, нодон, хасис ва бодӣ ҳам...
***
– Озодҷӯра, синну соли мо ба ҷое расид, – баъди пурсупоси самимӣ дил кафонд Одил. – Хулқу хӯ, рафтору кирдоратон ба банда хеле монанд.
– Агар ҳамин тавр намебуд, магар ману шумо дӯстони ҷонӣ мешудем? Не, албатта, – хулоса кард Озод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: