ЯРМАРКАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ «СУҒД–2021» БАРОИ СОҲИБКОРОНИ ВИЛОЯТҲОИ МО СЕРМАҲСУЛ ГАРДИД

Ба қарибӣ дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон Ярмаркаи байналхалқии «Суғд – 2021» баргузор гардид.

Ба қарибӣ дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон Ярмаркаи байналхалқии «Суғд – 2021» баргузор гардид. Дар он зиёда аз 200 намояндагони тиҷорат аз вилоятҳои Твер, Самара, Воронеж ва Томски Русия, вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона ва Намангони Ӯзбекистон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон иштирок карданд.
Рӯзи якум меҳмонони ӯзбекистонӣ аз шаҳри бостонии Хуҷанд дидан карданд. 
– Вилояти Суғд чун водии имкониятҳо шинохта шуда, барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи саноату кишоварзӣ имконияти зиёд фароҳам меоварад. Ярмаркаи байналхалқии «Суғд – 2021» барои мубодилаи иттилоъ намудани миёни тоҷирони кишварҳо, баҳри роҳандозии иқдоми наву самарадор мусоидат мекунад, – гуфт дар оғози чорабинӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода. – Танҳо дар соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд зиёда аз  1,5 млрд. долларро ташкил дод. Имрӯз аз вилоят ба беш аз 15 кишвари ҷаҳон маҳсулоти гуногун содир мешавад.
Дар чорабинӣ аз ҷониби вилояти Тошканд воситаҳои тиббӣ (дору), масолеҳи сохтмон, маснуоти чармӣ, маҳсулоти бофандагию трикотаж, хоҷагии қишлоқ – 84 шартномаи содиротӣ ба миқдори 40 млн. доллари ИМА ба имзо расиданд. 
Дар идома нақшаи чорабиниҳои амалӣ («Харитаи роҳ») аз рӯйи иҷрои созишномаҳое, ки баъди сафари ҳайати Ӯзбекистон, 5-7 июли соли 2021 имзо шудаанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар рафти муҳокимаи «Харитаи роҳ» қайд гардид, ки ҷонибҳо робитаҳои наздикро дастгирӣ мекунанд ва рафти тадбиқи лоиҳаҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Тасмим гирифта шуд, ки аз рӯйи бандҳои боқимондаи «Харитаи роҳ» ҷониби Тоҷикистон ҳайати намояндагиро ташкил дода, рӯзҳои наздик месупорад.    
Давоми рӯз иштирокчиён ва меҳмонони ярмарка инчунин гуфтушунид намуда, доири ду мавзӯъ: «Ҷалб намудани занон ба рушди соҳибкорӣ» ва «Дурнамои рушди технологияҳои рақамӣ» маърӯзаҳо шуниданд. Дар анҷоми кори ярмарка ғолибони озмунҳои «Маҳсулоти беҳтарин», «Гӯшаи ороишии беҳтарин» эълон карда шуданд. 

Асқар ИСМОИЛОВ, сармутахассиси
хидмати ахбори ҳокимияти вилояти Тошканд. 

***
Дар ҳамин ярмарка иқтидори сайёҳӣ ва сармоягузории вилояти Фарғона низ муаррифӣ карда шуд.
— Боиси хушнудист, ки имрӯз на танҳо ҳамсоягии нек инкишоф меёбад, балки ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо: тиҷорату иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва истеҳсолӣ идома доранд. Мақсади ширкати мо дар ин чорабинӣ тарғиби иқтидори минтақаи мо дар соҳаи сайёҳӣ ва сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки тиҷоратӣ мебошад, – гуфт муовини ҳокими вилояти Фарғона Хуршидҷон Аҳмадов.
Дар варзишгоҳи «Қасри варзиш»-и Хуҷанд намоишгоҳҳо ташкил карда шуданд, ки имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳии кишварҳо ва минтақаҳои гуногунро нишон медиҳанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ин чорабинӣ ба меҳмонон барои иштирокашон миннатдорӣ баён карда, рушди муносибатҳои дӯстонаро бо кишварҳои хориҷӣ, хусусан бо Ӯзбекистон қайд кард.
Маҳсулоти вилояти Фарғона ба соҳибону меҳмонони намоишгоҳ писанд омад, дар натиҷаи он созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва сармояҳо ба даст омад. Ҳамин тариқ, қарордодҳои содиротӣ оид ба маблағи қариб 3 миллион доллар барои интиқоли ғалла, масолеҳи сохтмон ва дигар самтҳо баста шуданд. Дар соҳаи сайёҳӣ шахсони масъули вилоятҳои Фарғона ва Суғд низ ба маблағи 1,5 миллион доллар муоҳидаҳо имзо карданд.
Умуман, дар ярмарка соҳибкорони вилояти Фарғона ба маблағи 11,5 миллион доллар шартнома ба имзо расонданд.

М. СУЛАЙМОНОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: