ЯРМАРКАИ МЕҲНАТ

Бо ташаббус ва ҳамкории Кумитаи занону духтарони ҳокимияти ноҳияи Фарғона, Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва Маркази башуғлфарогирии ноҳияи Фарғона дар коллеҷи касбу ҳунари технологияҳои компутерӣ, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, ярмаркаи меҳнат гузаронда шуд.

Рӯйихати манзили 51 нафар занони маҳаллаҳои ноҳия, ки дар шароити вазнин истиқомат мекунанд, ташаккул дода, дастури бо шуғлфарогирии онҳо коркард гардид. Алҳол барои ба роҳ мондани кори худ ба 7 нафари онҳо вомҳои бонки тиҷоратӣ супурда шуданд. 12 нафар бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд. Дар тадбир 46 нафар занон оид ба соҳаи худ соҳиби ҷойи корӣ шуданд. Ҳамчунин, рӯйхати занону духтарони маҳаллаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ҳудудҳои наздисарҳадӣ, ки хоҳиши бо соҳибкорӣ машғул шудан доранд, тартиб дода шуд. Ба 5 нафари онҳо барои сохтмони гармхона ва ба 8 нафари дигар барои рушди паррандапарварӣ вомҳои 7 фоиза пешниҳод гардиданд. 
Дар ярмарка ба 35 нафар шаҳрванд аз ҷониби ходимони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ маслиҳати ҳуқуқӣ ва тавсияҳо дода шуданд. 

Муҳаммадҷон МАҲМУДОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: