ЯРМАРКАИ МИНТАҚАВИИ САНОАТӢ БАРГУЗОР ШУД

Дар маҷмааи намоишгоҳҳои «SOF EXPO SAMARKAND»-и ноҳияи Ҷомбой «Ярмаркаи минтақавии байнисоҳавии саноатӣ» ва Форуми саноатӣ гузаронида шуд.

Дар маросими кушодашавӣ, ки бо мақсади густариши кооператсияи истеҳсолии байнисоҳавии калонтарин ташкилотҳои саноатии кишвар ва корхонаҳои маҳаллӣ ташкил гардид, ҷонишини мушовири Президент Г.Саидова, ҷонишини аввали раиси Кумитаи гумрук И.Мухторов иштирок карданд. 
Дар намоишгоҳ 2500 корхонаи саноатӣ зиёда аз 240 номгӯйи маҳсулотро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, 240 корхона бо зиёда аз 7500 намуди маҳсулоти ивазкунандаи воридот ширкат намуданд. 
Корхонаҳо беш аз 80 намуди маҳсулоти рақобатпазирро, чун радиатору конвекторҳои барқӣ, таҷҳизоти электрикӣ, трансформаторҳои намуди нави ТМГ, воситаҳои химиявии муҳофизати растаниҳо, коғаз барои гипсокартон, қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо ва монанди инро пешкаш намуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: