Ярмаркаи савдо дар Хуҷанд

Ба ярмаркаи савдои байналхалқӣ, ки бори шашум рӯи кор омад, маркази маъмурии вилояти Суғди Тоҷикистон – Хуҷанд мизбонӣ намуд.

Дар растаҳои «Хуҷанд – 2019» аз 10 мамлакат бештар аз 100 корхона ва фирмаи истеҳсолӣ маҳсулоти худро ҷойгир намуданд, ки марбут ба сайёҳӣ, нақлиёт, логистика, технологияҳои коммуникатсионии иттилоотӣ, озуқаворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунармандӣ мебошанд. Онҳое, ки дар маросими ифтитоҳӣ ба сухан баромаданд, таъкид сохтанд ярмаркаи байналхалқии навбатӣ дар равнақи муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба хориҷ, хусусан, кишварҳои минтақа нақши муҳим хоҳад бозид.
Имрӯзҳо муносибатҳои ҳамаҷониба байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар равуо ва ҳамкориҳои самарабахш, ки доир мегарданд, равшан ба чашм мерасанд. Дар ярмаркаи савдои байналхалқии «Хуҷанд – 2019» низ қисми муайяни иштирокдорон намояндагон аз Ӯзбекистон буданд. Бештар аз 150 нафар коршинос ва соҳибкорони мо маҳсулотеро, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол шудааст, намоиш доданд.
Вилоятҳои Суғд ва Самарқанд ҳамҳудуданд ва чандест хуҷандиҳову самарқандиён ҳамкориҳои тиҷоратиро ривоҷ мебахшанд. Соли гузашта, ба таъкиди соҳибкорон аз Самарқанд, ҳаҷми содирот 10 миллиону 200 ҳазор доллар, воридот 1 миллиону 205 ҳазор доллар, мубодилаи амвол бештар аз 11 миллион долларро ташкил карда бошад, соли ҷорӣ ҳамкорон чунин нишондиҳандаро 1,5 баробар боло бардоштанианд.
– Ба асбобу анҷомҳои мобилӣ, соатҳои ақлнок барои бачагон, ки соҳибкорони мо аз вилояти Навоӣ дар павилонҳо гузоштанд, иштирокдорон бештар таваҷҷӯҳ намуданд, – гуфт соҳибкор Анвар Ҷумъаев. – Дар Хуҷанд бештар аз ним аср инҷониб комбинати абрешим фаъолият дорад. Хуҷандиҳо чун мардуми водӣ, хусусан, марғилониён атласу адрасро матои миллӣ меҳисобанд. Маҳсулоти абрешими соҳибкорони мо, аз ин рӯ, эътибори хуҷандиёнро ба худ кашид.

Ш. МУҲАММАД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: