Нормурод КАРИМЗОНормурод КАРИМЗОДА Ёдбуди модар Модарам, бо сад умеду орзу зодӣ маро, Аз ҳисоби ҷони худ бар ҷисм ҷон додӣ маро. Не саҳар, не шом хуфтӣ, дида фарёди маро, Аз сарат берун накардӣ фикри имдоди маро. Нақши рӯят ҷилвагар дар хонаи ободи ман, Хандаҳоят чун садои шӯхрӯд дар ёди ман. Номи некат дар забони мардуми озоди ман, Дар фироқат то ба гардун мерасад фарёди ман. Дар хуморат, оҳ модар, ин дилам гум мезанад, Табли оҳу нолаамро моҳу анҷум мезанад. Гар дурӯғе гуфта бошам, нони ДА
Нормурод КАРИМЗОДА
Ёдбуди модар
Модарам, бо сад умеду орзу зодӣ маро,
Аз ҳисоби ҷони худ бар ҷисм ҷон додӣ маро.
Не саҳар, не шом хуфтӣ, дида фарёди маро,
Аз сарат берун накардӣ фикри имдоди маро.
Нақши рӯят ҷилвагар дар хонаи ободи ман,
Хандаҳоят чун садои шӯхрӯд дар ёди ман.
Номи некат дар забони мардуми озоди ман,
Дар фироқат то ба гардун мерасад фарёди ман.
Дар хуморат, оҳ модар, ин дилам гум мезанад,
Табли оҳу нолаамро моҳу анҷум мезанад.
Гар дурӯғе гуфта бошам, нони гандум мезанад,
Ёки бар сар аз қазое санги мардум мезанад.
Дар суроғат мӯйи сарро кардаам ҳоло сафед,
Корвони умр гардид аз назарҳо нопадид.
Медамад дар ҷойгоҳи охират субҳи умед,
Ҳар дам аз сӯят ба кӯям мевазад боди навид.
Хокҷоят худ нишон аз хоксориҳои зан,
Ёд меорад ба мо аз бурдбориҳои зан.
Бо хамӯшон роз гуфтан – ғамбарориҳои зан,
Дар баҳорон абри гирён – ашкбориҳои зан.
Шеър гуфтан баҳри модар кори осон нест, нест,
Ҷуз ду-се абёти ёрон дурри ғалтон нест, нест.
Ҳамчу Лоиқ ҷоннисори шеъри тобон нест, нест,
Ё чу Турсунзода марде фахри даврон нест, нест.
Бузургон дар васфи зан-модар
Зан бонуи пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст.
Иқболи ЛОҲУРӣ
Зан паҳлавонест, ки далертарин мардонро дар сахттарин ҳолати хашм ором мекунад.
ҲЕРОДОТ
Зан кӯдакест, ки бо андак табассум хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад.
ҲЕРВЕД
Зан шарики зиндагӣ ва ёри соатҳои дармондагӣ аст.
ҲУТЕ
Ҳар куҷо агар марде ёфт шуд, ки ба мақомоти баланд расидааст, яқинан зани покдомане ӯро ҳамроҳӣ кардааст.
ШИЛЛЕР
Зан монанди гул аст, он гоҳ мешукуфад, ки обаш диҳӣ.
Зарбулмасали лотинӣ
Бе офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе зан ишқ нест, бе модар шоир нест, қаҳрамон ҳам нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст.
М. ГОРКИЙ
Қалби модар ба андозае густарда ва фарох аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштро дар он ёбед.
***
Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ ёбед.
Хоноре де БАЛЬЗАК
***
Шираи ҳамаи меҳрубониҳоро гирифтаву аз он модар сохтаанд.
Кристофар МАРЛУ
Тифл модарашро аз лабхандаш мешиносад.
ФЕРҶИЛ
Яке аз бузургтарин офаридаҳои Худо қалби модар аст.
Андре ГРЕТРИ