Мо рӯзномахонони «Овози тоҷик»-ро бо ҳаёту фаъолияти яке аз равшанфикрони Бухорои асри ХХ, диншинос, хаттот, саҳҳоф, иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон Ҳоҷӣ Нарзуллоҷон Нуриддинов (1913-1981) шинос карда будем. («Овози тоҷик», 30.12.2023, №104).
Дар хонадони фарзанди нахустини Қорӣ Нарзуллоҷон – Самия Нуриддинова маросими хотираи ӯ ба амал омад. Дар он раиси шӯрои вилоятии Бунёди «Нуронӣ» Самоиддин Ҳусенов, имом-хатиби масҷиди маҷмӯи «Баҳоуддин Нақшбанд» Ҳоҷӣ Ғафурҷон Раззоқов, наберааш, корманди калони илмии Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон, доктори илмҳои таърих Комилҷон Раҳимов, наздикон ва хешу ақрабои Ҳоҷӣ Нарзуллоҷон аз ҳаёту фаъолияти вай нақл карданд.
Суҳбати ҳозирон дар бораи фазилатҳои ба худ хоси Ҳоҷӣ Нарзуллоҷон, ҷараёнҳои ободгардонии зиёратгоҳҳои пиру авлиё, камбудиҳои дар ин бора ҷойдошта давом кард. Хотираҳои бобоён Фозил Идиев ва Салоҳиддин Латифов, ки бо Қорӣ хеле наздик буданд, барои иштироккунандагони давра шавқовар буд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.