ЁДБУДИ ШОИРИ КИТОБДӮСТ

Бо ташаббуси Иттиҳоди журналистон ва Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар Маркази матбуоти миллӣ чорабинии маърифатӣ бахшида ба муаррифии китоби «Ман андар хобҳо зинда хоҳам монд», ки ба хотираи журналист, публитсист Ҷавоҳир Қудратов бахшида шудааст, баргузор шуд.

Дар маҳфили ёдбуд шоиру нависандагон, олимон, актёрон ва дӯстону шогирдони журналист иштирок намуданд.
– Зиндагиномаи Ҷ. Қудратов барои мо ва насли оянда намунаи ибрат аст. Ӯ инсони ҳақгӯ буд, ҳақиқатро ба мизони умри худ табдил дода буд, – гуфт шоир Р. Ҷумъаниёзов. – Китобдӯстии эшон намунаи ибрат аст. Ӯ ба куҷое, ки сафар накунад бо худ даста-даста китоб меовард.
Дар китоб мақола, ҳикоя, шеърҳои муаллиф ва хотираҳои устодону ҳамкасбон ва дӯсту шогирдони ӯ ҷамъ оварда шудааст.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки Ҷ. Қудратов инсони басо бомаданият буд, дили поку беолоиш дошт. Ӯ дар соҳаи илми адабиётшиносӣ шогирдони зиёдеро тарбия кардааст.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: