ЁДБУДИ ШОИРИ МАРДУМӢ

Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон таҳти ҳамкорӣ бо Вазорати маданият, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёдбуди шоир ва тарҷумони шинохтаи ӯзбек Миртемирро бо иштироки намояндагони илм ва адаб, донишҷӯён ва мухлисони эҷоди ин қаламкаши забардаст, фарзандон ва хешовандони ӯ доир намуд.

Тадбирро бо суханони муқаддимавӣ ҷонишини аввали раиси Иттиҳоди нависандагон, шоир Минҳоҷиддин Мирзо кушод ва таъкид намуд, аз шоири  тавоно Миртемир, ки дар рушди адабиёти муосири ӯзбек ҳиссаи муносиб гузоштааст, асарҳои зиёди дар шакл ва навъ гуногун ва номи нек монд. Роҳи ҳаётӣ ва эҷодиаш ибратбахш.
Ӯ дар деҳаи Иқони назди шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ба дунё омад, ҳамон ҷо дар мактаби куҳна таҳсил намуд ва бо амри тақдир ба Тошканд омада, дар хонаи бачаҳо, баъдтар дар омӯзишгоҳи мардона тарбия ва таълим гирифт. Дар Академияи педагогии Самарқанд таҳсили худ такмил дод.
Миртемир дар ибтидои солҳои сиюми асри сипаришуда бо сабабҳои номаълум дучори табъид гашт ва ба сохтмони канали Москва – Волга фиристода шуд. Баъди бозгашт ба Тошканд дар омӯзишгоҳҳои гуногун муаллимӣ, дар нашриётҳо муҳаррирӣ кард, дар Иттиҳоди нависандагон чун мушовир фаъолият бурд. Нахустин шеъраш «Овози танбӯрам» соли 1926 эълон шуда бошад, нахустин маҷмӯааш бо номи «Дар оғӯши шуълаҳо» соли 1928 аз чоп баромад. Ҳанӯз дар солҳои сиюм бо эҷоди «Аждаҳо», «Дилкушо», «Духтари об», «Дар тӯйи Ойсанам» барин достонҳо, дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон бо як қатор шеърҳои ватанпарастона ва қасидаи насрии «Пирӯзӣ», солҳои баъдиҷангӣ бо дафтарҳои шеърии «Дафтари қароқалпоқ», достони «Сурат», ҳамчунин бо фаъолияти самараноки тарҷумонӣ ба адабиёти муосири ӯзбек хидмати босазо кард. Муҳимтарин масъалаҳои давр, тамоили офариниши образҳои баркамоли ҳамзамонон дар ҳамаи зинаҳои эҷодии адиби номвар ҷои муҳимро ишғол намудаанд.
Миртемир шогирдони зиёд тарбият намуд, ки тавфиқ ёфта, дар адабиёт ҷойгоҳ пайдо карданд. Хусусан, ҷавононе, ки солҳои шастум ба арсаи эҷод қадам ниҳодаанд, меҳри устодӣ, зиёда аз ин муҳаббати падаронаи ӯро ҳис намуда, ба камолоти эҷодӣ даст ёфтанд. Миртемир бахшида ба онҳо «Мижгонҳоям» ном шеър навишт. Шоира Гулчеҳра Ҷӯраева дар баромади худ оиди ҷавобан ба меҳрномаи устоди азизашон дастҷамъона «Шайдои гул» ном шеър навиштанашон (бо имзои Азиз Абдураззоқ, Эркин Воҳидов, Гулчеҳра Ҷӯраева, Абдулло Орипов ва Сайёр) нақл намуд ва он шеърро, ки соли 1961 таълиф ёфта буд, хонда дод. Шоир Муҳаммад Алӣ аз хусуси тавозеъ ва саховатмандии Миртемир, одамият ва инсонпарварии ӯ бо ҳарорат ҳарф зад. Академики АУ Ӯзбекистон Наим Каримов таъкид сохт адибони бузурги мо ҳар яке чашма, вале чун чашма ҷӯшзании эҷоди Миртемир ба ташнагони шеъру сухан, ба назар, гувороии дигар мебахшад.
Бисёр шеърҳои Миртемир ба оҳанг дароварда шудаанд. «Дар тобистон соябонат шавам» ном ғазали ӯ дар иҷрои Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Маҳмуд Намозов рӯҳафзо садо дод.
Ёдбуди Шоири мардумии Ӯзбекистон, дорандаи ордени «Буюк хизматлари учун» Миртемир хотирмон сурат гирифт.

Ш. МУҲАММАД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: