ЁДБУДИ ШОҲ ВА САРКАРДАИ БУЗУРГ

Шахсият, мероси бойи маънавӣ, фаъолияти ибратбахш, мавқеъ ва аҳамияти Соҳибқирон Амир Темур нафақат дар мамлакатамон, балки берун аз он низ аз ҷониби олимҳо ва мутахассисон бо таваҷҷӯҳ ва эътибори бузург омӯхта мешавад.

Дар тадбирҳое, ки ба муносибати 683-солагии зодрӯзи арбоби намоёни давлатию ҷамоатӣ, шоҳ ва саркардаи бузург гузаронида мешаванд, ин ҷиҳатҳо дигарбора ифодаи равшани худро меёбанд.
Яке аз хиёбонҳои нотакрор дар пойтахт, ки номи Амир Темурро дорад, 9 апрел – санае, ки Соҳибқирон ба дунё омадааст, аз субҳи бармаҳал назар ба ҳарвақта серодам ва пурфайз ба назар мерасид. Дар ин ҷо аъзои Сенат, депутатҳо, олимон, шоиру нависандагон, намояндагони адабиёт ва санъат, омӯзгорон, тарғибгарони маънавият, ҷавонон-донишҷӯён, ҷомеаи васеъ, вакилони марказҳои мадании миллӣ, ки дар мамлакатамон фаъолият доранд, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва корпусҳои дипломатӣ ҷамъ омаданд. 
Директори Музейи давлатии таърихи Темуриён Хуршед Файзиев, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ӯзбекистон Виолен де Вилмор, мудири шуъбаи тадқиқоти ҳуҷҷатҳои таърихии Институти шарқшиносии ба номи Абӯрайҳон Берунии Академияи улуми Ӯзбекистон Санҷар Ғуломов ва дигарон мавқеи бузурги Амир Темур ва темуриёнро дар тамаддуни ҷаҳон таъкид карданд.
Дар Музейи давлатии таърихи Темуриён аз ҷониби Бунёди байналхалқии Амир Темур, Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи А. Берунӣ, марказҳои зиёди илмӣ-маърифатӣ, даргоҳҳои таълими олӣ ва ташкилотҳои эҷодӣ-ирфонӣ манбаъҳо доири Соҳибқирон ва таърихи Темуриён мукаммал ва пайваста омӯхта мешаванд. Тадқиқотҳое, ки аз ҷониби таърихнигорон, олимони манбаъшинос пеш бурда мешаванд, муттасил нашр карда ва ба халқи мо тақдим дошта мешаванд.
Дар идоракунии давлат ба адолат такянамоии Президенти мамлакатамон, ташаббусҳои ӯ дар таъмини манфиатҳои шаҳрвандон, ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, хусусан, оилаҳои камтаъмин, дар ҷамъият мустаҳкамнамоии ғояҳои кушодадилӣ, тарбия намудани авлоди ҷавон дар рӯҳи муносиб будан ба аҷдод ба тамоилҳое, ки Соҳибқирон дар давоми умри худ амал менамуд, ҳамчунин шиору даъватҳои накӯхоҳонаи ӯ то андозае ҳамоҳанг мебошанд. Имрӯзҳо «Мактаби темурбекҳо» ба ҷавонон аз азму шуҷоат, инсондӯстӣ, дахлдорӣ ба тақдири Ватан сабақ медиҳанд.
Муовини аввали раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо таъкид намуд, имрӯзҳо ғояҳое, ки аз ҷониби Соҳибқирон пеш гузошта шудаанд, бо ислоҳоте, ки дар кишварамон амалӣ мегарданд, ҳамоҳанг мебошанд. 
Хидматчиёни ҳарбии Вазорати дифоъ ва Гвардияи миллӣ авлоди Амир Темур будани худро ба исбот расонда, маҳорат намоиш доданд. Ба зери муҷассамаи Амир Темур гулдастаҳо гузошта шуданд.
Дар тадбир мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Х.Султонов иштирок намуд.
***
Баъд аз он дар Музейи давлатии таърихи Темуриён таҳти мавзӯи «Амир Темур ва аҳамияти дипломатияи халқӣ дар давлати темуриён» суҳбати даврӣ рӯи кор омад.
Дар тадбири мазкур, ки таҳти ҳамкории Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаи дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ, Академияи улуми Ӯзбекистон, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Бунёди байналхалқии Амир Темур, Осорхонаи давлатии таърихи Темуриён рӯи кор омад, олимон – таърихнигор ва адабиётшиносон, роҳбарон ва фаъолони марказҳои фарҳанги миллии ҷумҳурӣ ва пойтахт, роҳбарони ваколатхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон ва намояндагон аз Қазоқистон иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ Р. Қурбонов, профессор Б. Абдуҳалимов, номзади илмҳои таърих Х. Файзиев, раиси ҳамҷамъияти «Дӯстӣ»-и этномаданияти ӯзбекони Қазоқистон И. Ҳошимҷонов ва дигарон қайд карданд, ки тамоюлҳои асосии дипломатияи Амир Темур ба меъёрҳои муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ пурра созгор буда, нафақат дар Ӯзбекистон, балки берун аз он дар ин бобат корҳои тадқиқотӣ пеш бурда мешаванд.  
Дар қисми хотимавии суҳбати даврӣ доири омӯзиши мероси маънавии Амир Темур, дар вазъи истифодаи фаъолона аз механизми «дипломатияи халқӣ» нигоҳ доштани ҳаёти осуда ва фаровон, рушди муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ ва пеш бурдани корҳои маданию фарҳангӣ, боз ҳам хубтар ба роҳ гузоштани муносибатҳои наздик ва  манфиатбахш бо ҳамдиёронамон, ки дар хориҷ истиқомат мекунанд, таклифҳои амалӣ баён карда шуданд. 

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: