Алоқамандони каломи бадеъ ва хусусан насли миёнсол Саъдулло Кароматовро хуб медонанд.
Ӯ солҳои 50-уми асри гузашта ба соҳаи журналистика ва адабиёт қадам гузошта, дар муддати кӯтоҳ ба мактаби эҷодии худ асос гузошт.
Дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон бахшида ба 90-солагии адиб, тарҷумони моҳир Саъдулло Кароматов чорабинӣ баргузор шуд. Онро раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид ҳусни ифтитоҳ бахшид.
– Баъди хатми донишгоҳ ба рӯзномаи «Тошкент оқшоми» ба кор омадам. Баробари чандин эҷодкорон ман низ таҳти назорати сармуҳаррири он Саъдулло Кароматов ба фаъолияти эҷодӣ шурӯъ кардам. С. Кароматов ҳамчун устоди сахтгир ва шахси инсондӯст дар қалбам ҷой дорад. Ӯ мактаби муҳарририи хоси худро дошт, ба ходимон на фақат асрори журналистикаро меомӯзонд, балки аз зиндагии онҳо низ ҳамеша бохабар буд, то ҳадди имкон дастгириашон мекард.
Саъдулло Кароматов фарзанди Бухорои куҳан аст. Ӯ соли 1928 дар оилаи коргар дида ба дунё кушодааст. Солҳои 40-уми қарни гузашта хонадони Кароматов ба пойтахт кӯч мебандад. С. Кароматов баъди хатми факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (Донишгоҳи миллии ҳозира) дар якчанд даргоҳи маърифат фаъолият нишон дод.
Дар мактаби миёна, кумитаи телерадиои Ӯзбекистон, рӯзномаҳои «Қизил Ӯзбекистон» ва «Ӯзбекистон маданияти» дар вазифаҳои гуногун фаъолият кард.
26 апрели соли 1966 ба сари мардуми пойтахт рӯзи сахт омад. Дар натиҷаи заминҷунбӣ шаҳр ба вайронагоҳ табдил ёфт. Ба одамоне, ки аз хонаву ҷой ва пайвандон ҷудо гашта буданд, баробари кӯмаки моддӣ кӯмаки маънавӣ низ лозим буд.
Бо ташаббуси роҳбари онвақта Шароф Рашидов рӯзномаи «Тошкент оқшоми» баъд аз ду моҳи ин воқеа рӯйи чопро дид. «Тошкент оқшоми» рӯзномаи шаҳрӣ бошад ҳам, бо саъю ҳаракати сармуҳаррир дар вилоятҳои ҷумҳурӣ низ хонандагони худро ёфт.
Дар асоси нақшаи бардавоми С. Кароматов маводҳои шавқовару рӯзмарра рӯйи чопро медиданд. Журналистоне, ки бештар маводи дилангез менавиштанд, рағбатнок карда мешуданд. Ин сабаби боз ҳам бо иштиёқи баланд кор кардани ходимон ва дар байни мардум эътибор пайдо кардани рӯзнома мегашт.
Саъдулло Кароматов фаъолияти эҷодиашро бо навиштани очерк оғоз кард. Дертар асарҳои ӯ «Зебои кӯҳӣ», «Қиссаи ҷудоӣ», «Реги заррин», «Эътиқод», «Як қатра хун», «Охирин хомаи рег» ва ғайраҳо рӯйи чопро диданд.
Таъкид гардид, ки адиб дар соҳаи тарҷумонӣ низ корҳои зиёдро анҷом додааст. Асарҳои адибони машҳури тоҷик Юсуф Акобиров, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, романи «80 000 км дар зери об»-и нависандаи франсуз Жюл Верн, романи «Корвони сиёҳ»-и нависандаи туркман Қилич Қулиев ва маҷмӯаи ҳикояҳои замонавии Эрон, афғон, араб ва итолиёиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.
Саъдулло Кароматов бо рӯзномаи «Овози тоҷик» низ робитаи адабиро ба роҳ монда буд. Очерк, ҳикоя ва порча аз романҳои ӯ дар рӯзнома борҳо чоп шудаанд.
Дар поёни шаби ёдбуд филми ҳуҷҷатии «Ҳаёти ба таърихи Ватан баробар», ки доир ба ҳаёт ва фаъолияти С. Кароматов мебошад, намоиш дода шуд.
Набия НОДИРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».